Ба Бобоҷон Ширинов, ки моҳи июни соли равон бо гуноҳи куштори бераҳмонаи ҳамсараш айбдор дониста шуда, ба ҳабс гирифта шуд, таъини ҷазои 20 соли зиндон таҳдид мекунад, зеро айбдоркунандаи давлатӣ ҳамин ҷазоро аз суд дархост кардааст.

29-уим октябр адвокати айбдоршаванда ва суханронии худи Бобоҷон Ширинов, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов – собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия далелу ваҷҳҳои худро доир ба ин ҳодиса пешниҳод хоҳанд кард.

Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) нимаи моҳи сентябр дар Суди шаҳри Душанбе оғоз гардида буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуда буд.

Шоми рӯзи 6-уми июн дар як даъвои оилавӣ ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба задааст. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарон тақсими амвол ва кӯдакон гуфта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here