Варзишкорони Тоҷикистон дар Чемпионати каратэ WKF дар Осиёи Марказӣ 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин чемпионат миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа медалҳои тиллоро Муҳаммадхӯҷа Азаматов (-52кг), Парвиз Азизиён (-70кг) миёни наврасони 14-15-сола ва Умед Сафаров (-76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола сазовор шуданд. Медали чоруми тиллоро варзишгарони мо дар равияи кумитэи даставӣ дар ҳайати Фаррух Раҳимов, Маҳмаёри Ҳикматулло, Исмоил Раҷабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Муҳаммад Тешаев, Абдуваҳоб Шарапов, Умед Сафаров миёни ҷавонони то 18-сола ба даст оварданд.

Муҳаммад Тешаев (-55кг), Бекзод Маҳмудов (+76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола, Абдуваҳоб Шарапов (-67кг) миёни ҷавонони то 18-сола медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60кг) ва Фаррух Раҳимов (+87кг) миёни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Чемпионати мазкур 17-18 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки варзишгарон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор шуд. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар ҳайати 16 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар ба ин мусобиқа сафарбар гардида буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here