Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми сентябри соли 2006, №415 Маркази ҷумҳуриявии клиникии саратоншиносӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

Муассисаи мазкур соли 2009 ва 2019 аз аккредитатсияи давлатӣ ҳамчун муасиссаи илмӣ (№28, шаҳодатномаи силсилаи АК-1 №0000123) гузашта, дар самти ташхис ва табобат фаъолияти худро мебарад.

Зафар Ҳусейнзода, доктори илмҳои тиб, табиби дараҷаи олӣ, аълочии тандурустӣ, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба таври бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар идомаи суҳбат номбурда аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бо суръати баланд рушд намуда истодааст.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода иброз дошт, ки кормандони муассисаи мазкур давоми 6 моҳи аввали соли равон дар асоси ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, дар солимгардонии аҳолии мамлакат саҳми намоёни хешро гузоштанд.

Муассиси мазкур аз соли 2009 аъзои гуруҳи Аврупои шарқӣ (Восточно Европейская группа изучения сарком) оиди омӯзиши саркомаҳо буда, бо якҷоягии мутахассисони соҳаи саратоншиносии кишварҳои Русия, Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳамкорӣ менамояд. Инчунин, директори муассиса азъои таҳририяи маҷаллаҳои саратоншиносии Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон мебошад.

Ҳамзамон, сармутахассиси соҳаи саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода раиси ассотсиатсияи саратоншиносони Тоҷикистон буда, ҳамзамон аъзои ассотсиатсияи саратоншиносон ва радиологиони ИДМ ва Авруосиё дар шаҳри Масква мебошад. Номбурда ҳамчунин аз моҳи августи соли 2019 ҳамчун намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азъои Академияи саратоншиносони Аврупои марказию шарқӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия интихоб шуда, дар он намояндагӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Марказ 7 нафар доктори илмҳои тиб ва 11 нафар номзади илмҳои тиб фаъолият намуда, дар самти ташхис ва табобати беморони гирифтори саратон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Айни замон дар соҳаи саратоншиносӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ҳамаги 9  нафар докторони илмҳои тиб ва 17 номзадони илмҳои тиб кор мекунанд. Дар маҷмӯъ, аз 85 нафар кормандони марказ 51 нафарашон корманди илмӣ мебошанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар базаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 кафедра — кафедраи саратоншиносӣ ва рентгенологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кафедраи саратоншиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ” фаъолият менамояд.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” дорои 235 кат буда, дар он ҳашт шуъба, аз қабили шуъбаи бемориҳои репродуктивӣ, шуъбаи онкопроктоурологӣ, шуъбаи кӯдакона, шуъбаи кимиёдармонӣ ва ёрии полиативӣ, шуъбаи тороко-абдоминалӣ, шуъбаи умумӣ, шуъбаи нурдармонӣ ва шуъбаи маммалогӣ ва ҷарроҳии реконструктивию барқарорсозӣ дар фаъолият менамояд.

Дар Марказ дармонгоҳи машваратӣ амал мекунад, ки дар як рӯз қобилияти қабул намудани зиёда аз 280 беморро дорад. Инчунин, дар дармонгоҳи машваратӣ беморон метавонанд ба табиби сару гардан, табиби бемориҳои занона, ҷарроҳони кӯдакон ва калонсолон муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки дар марказ дар аввали соли 2000 лабараторияи морфологӣ ва моҳи ноябри соли 2008 ташхисгоҳи имунно-гистохимиявӣ ба кор оғоз намуданд, ки ин боиси хеле осон шудани ташхисгузаронии морфологӣ гардид.

Бемороне, ки ба назорати диспансерӣ гирифта шудаанд, мувофиқи нақша аз ноҳияҳои дурдаст ба диспансерҳои вилоятӣ ва ҳуҷраҳои саратони дармонгоҳи ноҳия даъват шуда, такроран муоина мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар муоина ва муайян намудани ташхиси беморони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ саҳми шуъбаи рентгенология ва ултрасадо мавқеъи муҳим дорад. Дар ин шуъба мутахассисони  соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд. Шуъбаи мазкур бо дастгоҳҳои рентгенӣ ва дигар лавозимоти даркорӣ барои кори пурраи он таҷҳизонида шудааст.Дар шуъбаи мазкур дастгоҳи Мамограф фаъолият дорад, ки он барои дарёфти бармаҳали бемории саратони ғадуди ширӣ дар занон бениҳоят муҳим мебошад.

Ҳамзамон, дар шуъбаи ташхиси дарунӣ муоинаи ултрасадои узвҳо ва ташхиси эндоскопи гузаронида мешавад. Шуъба бо 5 адад таҷҳизоти ултрасадо, гастроскоп, брохоскоп таҷҳизонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки давоми 6 моҳи соли равон дар маркази мазкур беш аз 10 вебинари дохиливу байналмилалӣ бо иштироки мутахасисони варзидаи зиёда аз 30 Марказҳои илмии хориҷи кишвар баргузор гардид, ки дар онҳо кормандони марказ бо маърузаҳои худ иштирок намуда, бо мутахассисони кишварҳои хориҷ табодули таҷриба намуданд.

Иҷроиши Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2010-2020

Бояд гуфт, ки мақсади асосии «Стратегияи миллии солмии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2010-2020» мустаҳкам намудани солимии аҳолӣ мебошад. Яке аз самтҳои асосии стратегияи мазкур паст намудани бемориҳои ғайрисироятӣ, ки ба онҳо омосҳои бадсифат низ дохил мешаванд, мебошад.

Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, пурзӯр намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои махсусгардонидашуда Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилоот, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пажуҳишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва солимгардонӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ ҳамоҳанг сохтааст.

Барои ташхиси саривақтии омосҳои бадсифат базаи моддӣ-техникии марказҳои вилоятии саратоншиносӣ бо таҷҳизоти эндоскопӣ, рентгенологӣ ва фаросадо ҷиҳозонида шудаанд.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба воситаи аспирантура, докторантура ва инчунин унвонҷӯӣ амалӣ  карда мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки ки 23-юми апрели соли 2020 Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар Анҷуман роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои саратоншиносии кишварҳои ИДМ иштирок ва ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи соҳа, инчунин, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон табодули афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ аввалин маротиба соли 1996 дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия  ва ҳамзамон соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ Анҷумани мазкур дар шаҳри Қазон доир мегардид. Аммо, бо назардошти вазъи сирояти коронавирус тасмим гирифта шуд, ки он тариқи онлайн доир гардад.

Мутахассисони тоҷик бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар ин анҷуман ба тариқи онлайн баромад намуда, масъалаҳои муҳими соҳаи саратоншиносӣ ва радиологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зафар Ҳусейнзода, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тамоми кормандони марказ кӯшиш ва талоши хешро бар он равона сохтаанд, ки ба шаҳрвандони мамлакат дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Тавре дар урфият мегуянд: “Сухани хуб ними табобат аст”. Бо ин мақсад директори муассисаи мазкур Зафар Ҳусейнзода мегуяд, дар маҷлисҳои марказ пайваста аз кормандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми  табобат бо беморон муоширати хуб дошта бошанд.

Зафар Ҳусейнзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охир изҳор намуд, ки мо кормандони соҳаи тандурустии кишвар дар асоси ҳидоятҳои Пешвои хирадманду ғамхори миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу малака ва ҷаҳду талоши хешро барои солимии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз истифода хоҳем бурд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here