Дард эҳсосест азиятбахшу андуҳбор. Он касро афсурда мекунаду ба риққат меоварад. Одами бемор озурдахотир асту дилшикаста. Хайрият, ки табибони ҳозиқ ва мушфиқ ҳастанду ба муқобили дард дасту остин бармезананд, талош меварзанд, то дардро аз тани дардмандон дур ва зиндагиро барояшон аз нав равшан бикунанд. Ҳабиби одамонанд табибон, азоби дардро медонанд. Медонанд, он ба дараҷаест, ки ҷаҳонро дар назар тор, танро абгор мекунад. Дард гоҳо ба дараҷаест, ки бемор хитоб мекунад: «Ба гудоз омадам аз дард, намехоҳам зар!». Бузургон гуфтаанд, ки бузургтарин, шафқатбортарин кор танеро аз қабзаи дард берун кашидан аст. Шарафманданд табибон, ки ба амале чунин пурсавоб машғуланд. Аз ҷумлаи ин гуна шарафмандонанд табибони чобуку варзида ва донишвари Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ.

Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки саломатии мардум боигарии давлат аст. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и ноҳияи Восеъ доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия доимо таъмин бошад.

Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 40 маркази саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, дар маҷмуъ 65 муассиса фаъолият доранд. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 77 духтури маълумоти олидор, 765 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 103 нафар кормандони хурди тиббӣ ва ғайраҳо 32 нафар, ҷамъ 977 нафар ба 236 299 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд.

«Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад»,- омада буд дар Паёми охирони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар КАТС-и ноҳияи Восеъ низ аз 981 нафар шумораи умумии кормандон 706 нафарашонро занону духтарон ташкил мекунанд ва ин омор сол ба сол рӯ ба афзудан дорад. Ин маънои онро дорад, ки мақоми зан ба дараҷаи олӣ дар ин соҳа нақши асосӣ дорад. Аз шумораи умумии кормандони Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ 60 фоизашонро ҷавонон ташкил мекунанд, ки дар ҳақиқат ҷавонон ояндаи миллатанд. Инро маъмурияти муассиса медонад ва барои ҷавонон шароит муҳайё карда, имкониятҳоро бештар ба онҳо медиҳад. Беҳуда Пешвои миллат ишора накарда буданд, ки «ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши
арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

Кормандони муассисаҳои КАТС дар нуҳ моҳи соли 2019 ба аҳолии ноҳия 1275 594 маротиба хизмати тиббӣ расонидаанд. Аз инҳо 422 919 маротиба дар муассиса, 852675 маротиба дар хона хизмати тиббӣ расонида шудааст. Аз ҷумла, шумораи ташрифҳо дар сатҳи табибон 89164 маротиба ва шумораи ташрифҳо дар сатҳи кормандони миёнаи тиббӣ 1186 430 маротибаро ташкил медиҳад.

Таваллуд дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 4483 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор таваллуд дар тавалудхона 4380 (97,7%) нафар ва таваллуди хонагӣ 103 (2,3%) нафарро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон дар ин давра ба 545 (0,8%) нафар расидааст. Аз ин миқдор фавти перинаталӣ 32 (0,7%), мурдатаваллуд 21 (0,4%), кӯдакони то синни 18-сола 106 (1,2%) нафар ва фавти кӯдакони то 1-сола 75 (16,7%) нафарро ташкил медиҳад. Шумораи занҳои қобили зоиш 58545 — нафар.

Дараҷанокии касбӣ

Иброҳимзода Сарахон — роҳбари Муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Восеъ мегӯяд, зиндагӣ майдони азму талош ва пайкору ҷидду ҷаҳди инсонҳост. Ба қавли маъруф, «зиндагӣ боре муяссар мешавад». Ва аз ин рӯ, ҳар инсони бедордилу ҳушёрро мебояд, ки зиндагии шоиста ва самарманд дошта бошад, барои муваффақияту ғалаба дар роҳи зиндагӣ бикӯшад. Хушбахт инсонест, ки дар паҳнои беҳудуди зиндагӣ ва дар моварои ҳаводиси мухталифи он ҷойгоҳи муносиби худро дарёбад, роҳу равиши худро баргузинад, фаъолияташро густариш бубахшад ва ба қадри имкону тавон корҳои шоиставу мондагорро ба сомон расонад. Ба ин маънӣ, зиндагӣ майдонест, ки дар он ҳар фард бояд барои номи некӯ гузоштан, нақши некӯ мондан аз хеш талош биварзад, чун умр дар гузар асту ҳеҷ кас эмин аз фано нест. Танҳо «Зи хуршеду обу зи боду зи хок».

— Табибон ва кормандони миёнаи тиббии муассисаи мо баҳри густариш бахшидани фаъолияташон ҳамеша талош мекунанд. Дараҷанокии олии табибон 24 нафар, дараҷанокии олии кормандони миёнаи тиббӣ 185 нафар, дараҷанокии 1-уми табибон 25 нафар, дараҷанокии 1-уми кормандони миёнаи тиббӣ 175 нафар, дараҷанокии 2-юми табибон 16 нафар, дараҷанокии 2-юми кормандони миёнаи тиббӣ 125 нафар аст,- мегӯяд ӯ.

Дар нуҳмоҳаи соли 2019-ум 17 нафар духтур ва 40 нафар корманди миёнаи тиббӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд. Инчунин 2 нафар табибон ва 10 корманди миёнаи тибб айни ҳол аз курси такмили ихтисос гузашта истодаанд.

Дар маркази саломатии ноҳия ҳуҷраи хатна бо тамоми лавозимоти тиббӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар 14 маркази саломатии деҳотӣ ҳуҷраи хатна кушода ба истифода дода шудааст. Ташкил намудани ҳуҷраҳои хатна дар дигар муассисаҳои КАТС, ки аз маркази ноҳия дур мебошанд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 528 нафар кӯдакон хатнасур карда шуда, тибқи нақшаи корӣ ин иқдом бомаром идома дорад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба 1050 нафар ба маблағи 68939 сомонӣ хизмати тиббии ройгон расонида шудааст. Инчунин, ба 17 нафар оилаҳои ниёзманд ба маблағи 1222 сомонӣ маводи доруворӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 1675 издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд, ки аз ин шумора 911 нафарашон зан ва 764 нафарашон мардонанд.

Дар ноҳия 3972 нафар маъюбон, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, дар қайд қарор доранд. Маъюбоне, ки нафақаи якумра (бемуҳлат) мегиранд, 2132 нафар буда, маъюбоне, ки ҳар сол аз комиссияи тиббӣ мегузаранд (яксола), 1016 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла маъюбони синнашон аз 18-сола боло 3148 нафар ва маъюбони синнашон то 18-сола бошад, 824 нафарро ташкил медиҳанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019-ум 52 нафар маъюбон солим гардонида шудаанд.

Оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагиро дар муассисаҳо ҷоннок менамоянд. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, фаъолият аз рӯи нақшаи мазкур ба роҳ монда шудааст.

Дастовардҳо

Бунгоҳи тиббии Гулдара аз ҷамоати М. Маҳмадалиев, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ сохтумони бунгоҳ дар арафаи анҷомёбист. Дар деҳаи Заркамари ҷамоати ба номи М. Маҳмадалиев сохтмони бинои маркази саломатӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ ба итмом расида, бо тамоми лавозимоташ (УЗИ, ЭКГ, 4 адад кондитсионер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ) ба истифода дода шуд.

Аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ дар маркази саломатии ноҳия ҳоҷатхона сохта ба истифода дода шуд. Боми маркази саломатии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 5 дару 16 тирезаи бинои марказ иваз карда шуд. Инчунин, бинои маркази саломатӣ таъмири косметикӣ карда шуд.

Бунгоҳи тиббии Гулафшон, ки дар хонаи шахсӣ фаъолият мекард, аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ бо бинои нави замонавӣ таъмин гардида, айни ҳол мавриди истифода қарор дорад.

Айни замон дар Муассисаҳои КАТС-и ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Қурбоналӣ Абдураҳмонов — табиби ЛОР (гулӯ, бинӣ ва гӯш), Бахтиёр Ҷалилов — ҷарроҳи кӯдакона, Фарида Шарипова — эндокринолог, Шаҳноза Аъзамова — акушер-гинеколог, Абдуҷаббор Гулахмедов — табиби чашм, Синои Раҷаб — дандонпизишк, Сайфулло Розиқов — табиб, мудири МСД деҳаи Заркамар, Худойбердӣ Малаев — табиб, мудири МСД, Туманбӣ Шарипова — акушер-гинеколог, мудири МСД деҳаи Меҳробод устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Восеъ сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд.

Гарчанде шароити кор ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ аз ҷониби кормандони соҳа беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, Маркази тибби оилавӣ, ки дар бинои маркази саломатии ноҳия ҷойгир аст, аз ҳисоби норасоии ҳуҷраҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва табибони тибби оилавӣ танқисӣ мекашад. Норасоии мутахассисони руҳшинос, сироятшинос ва табибони оилавӣ кори мизоҷонро мушкил месозад. Таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили рентген, гастроскопия, ултрасадо ва дигар таҷҳизоти ташхисии зарурӣ мавҷуд нест.

— Табиб ва муаллим ҳеҷ вақт ҳақи хато кардан надоранд, зеро табиб агар хато кард, ҳаёти инсонро дар хатар гузошта, ба ҷойи ӯро наҷот додан, баръакс ба марг тела медиҳад. Омӯзгор агар хато кард, дар тарбия ва роҳбаладии шахс дар ҳаёт ӯро ба ҷойи ба роҳи рост ҳидоят кардан ва тарбияи дуруст додан, баръакс аз роҳи бад гардонида натавониста, сабабгори ба роҳи бад рафтанаш мешавад. Беҳуда Саидои бузург нафармудааст:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,

Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист.

Ба ҳамаи камбудию мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда сатҳу сифати хизматарсонии аввалияи тиббиро баҳри пешгирии бемориҳо ва солимии ҷомеа беҳтар хоҳем кард,- мегӯяд роҳбари Муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Восеъ Иброҳимзода С. Ҷ.

 

С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here