Ҳафтаи гузашта вазъи саломатиям каме нохуб шуду маҷбур шудам ба табибони «Ёрии таъҷилӣ» муроҷиат намоям. Қаблан сару садоҳо дар хусуси ба макони ҳодиса ва ё хонаи бемор дер омадани табибонро шунида будам. Табибон ҳам дар навбати худ сабаби дер расиданашонро тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе унвон мекарданд. Бинобар ин, чун ин ҳолат бо худи ман рух дод, хостам мутмаин шавам, ки то кадом андоза ин овозаҳо ҳақиқат доранд. Пас аз муроҷиат ба масъули «03» ба соат нигаристам: 08:42 дақиқа.
Соати 08:58 дақиқа занги телефонам садо дод ва аз он тараф аз омадани мошини «Ёрии таъҷилӣ» хабар шуд. Табибон дар назди бинои истиқоматиям қарор доштанд ва хоҳиш намуданд, то нафаре эшонро ба хона роҳнамоӣ кунад. Воқеан, фаврӣ. Дар муддати чанд дақиқае аз як кунҷи шаҳр ба дигараш расидан боварнокарданист. Фаврияти табибони «Ёрии таъҷилӣ» агар аз як тараф ба касбияти эшон вобаста бошад, аз ҷониби дигар, аз беҳтар гаштани вазъи роҳҳои шаҳри Душанбе ва кам гардидани ҳолати тамбашавӣ дар онҳо шаҳодат медиҳад.
Баъдан фаҳмидам, ки табиби «Ёрии таъҷилӣ» аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Муродова Фирӯза ва ҳамшираи шафқат Надирова Моҳира ба кӯмаки банда шитофтаанд. Фирӯза Муродова ҳамчун як табиби ҳозиқи реаниматолог ва анистезолог дар «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» фаъолият дорад ва ҳамзамон ҳамчун донандаи хуби забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ихтисоси педиатрия ба донишҷӯёни хориҷӣ дарс мегӯяд.
Бояд гуфт, Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ҷои истиқоматам, маҳаллаи Испечак-2-и ноҳияи Сино дар масофаи хеле дур, тақрибан16-17 км воқеъ аст ва дар муддати 17-18 дақиқа расидани мошини «Ёрии таъҷилӣ»-и ин дармонгоҳ аз масъулияти баланди табибон ва касбияти ронанда шаҳодат медиҳад.
Пас аз муоина ва гузаронидани дору барои барқарор намудани саломатиям табибон зарур донистанд, то дар бемористон бистарӣ шавам.
Ҳамин тавр, тӯли панҷ рӯз дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, зери табобати табиби ҳозиқ, мудири шуъбаи рақами 1-и бемориҳои рӯдаю меъда Шарипов Мирзораҳим Ҷалолович, ки собиқаи 24-сола дар соҳаи сироятшиносӣ дорад ва донандаи хуби касби хеш аст, фаро гирифта шудам.
Дар урфият, ҳамчунин мегӯянд, «Сухани нек ва муомилаи хуби табиб ними табобат аст», ки ҳақ асту рост. Рафтору муомилаи меҳрубононаи ҳамшираҳои шафқати ин шуъба Хайригул Ғуломалиева, Гавҳар Маҳмадалиева бо собиқаи даҳ ва ҳаждаҳсолаи корӣ ва бародари шафқат Қурбон Ҳалимов, ки пайваста ба беморон «акаҷон», «апаҷон», «холаҷон» ва «додарҷон»- гӯён муроҷиат мекунанд, касро дар ҳайрат мемонад.
Шояд хонандаи ин сутур бо истеҳзо мегӯяд, ки рӯзноманигор буданамро донистаанд, аз ин рӯ, маблағ барои табобатро талаб накардаанд. Не! Маҳз дар ин бемористон ва махсусан дар ин шуъба навиштаҷоти «Хизматрасонии тиббӣ дар шуъба ройгон аст!»-ро, ки дар долон бо ҳуруфи калон дидан мумкин аст. Ҳамчунин, дар варақаи дигар рақамҳои мобилии сардухтури беморхона Ҳабибов Хуршед Ҳасанович ва муовинаш Каримова Мунира Бобохоновна насб шудааст, ки аз беморон хоҳиш карда мешавад, дар сурати тамаъҷӯии кормандони тиб онҳоро дар ҷараён гузоранд. Бовар кунед, чунинашро дигар дар ягон макон дидан номумкин аст. Дар мавриди тозагии ин шуъба бошад, ҷои гап ҳам нест. Гулҳои зебои ҳархела, ки дар гулдонҳои калон шинонида шудаанд, натанҳо роҳрави шуъбаро зеб медиҳанд, балки руҳу равони беморонро оромиш мебахшанд.
Хулоса, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи давлатии бемориҳои клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо сарварии сартабиби беморхона Ҳабибов Хуршед Ҳасанович барои табобат ва истироҳати беморон тамоми чораҳо андешида шудааст, то эшон сари вақт ва дар муддати кутоҳ шифо ёбанд.
Бо истифода аз фурсат банда ба табибони мазкур барои заҳматҳо ва талошҳояшон барои солимии шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос менамоям.
Воқеан, тавре ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи тандурустӣ иброз менамоянд :«Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд». Худо кунад, ки дар ояндаи наздик ин шиори тамоми табибони кишвар ва дар ҳақиқат «Солимии миллат-солимии давлат» гардад.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»