Беҳбуди халқ андешаи ӯст

Зи осонӣ наёяд шодкомӣ,

Зи беранҷӣ наёяд некномӣ.

Дар воқеъ қадру қиммат ва манзалати ҳар як шахс дар ҷомеа аз рафтору гуфтор ва муносибати ӯ вобаста аст, зеро шахсият ва қадршиносиашро атрофиён баҳо дода, ӯро эътироф мекунанд ва меписанданд. Нафарони соҳибхираду дарёдил дар ин ҷода мекӯшанд, ки бо донишу хирад муваффақ бошанд.

Устод Чилазода Бобохон Чила аз зумраи чунин шахсиятҳои фарҳангӣ буда, умри азизи хешро сарфи илм ва тарбияи насли навини тоҷик, ҳақталошӣ, адлу баробарӣ намуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои воло ноил гардидааст. Инсонҳои бомаърифат ва соҳибназар воқеан ҳам, ба мисли чароғҳои ҷовидонӣ ҳастанд, ки дунёи дили дигаронро нуру зиё, сидқу сафо мебахшанд. Устод Чилазода Бобохон директори муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”,  номзади илми тиб, ҷарроҳ, собиқ устоди Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино аз зумраи ашхоси дарёдил, роҳбари асил, инсони масъулиятшинос, пуркору дурандеш ва равшанфикр мебошанд.

Директори муассиса дар рушду нумуъ ва зебоии коллеҷ ва дар умум бо обод намудани як гӯшаи диёр пайваста нақшу саҳми худро мегузоранд. Ҳамеша ба Тоҷикистон — ватани азизу маҳбуб, мулки биҳиштосо ва фарзандони он хизмат мекунанд. Роҳбарияти муассиса барои ободу зебо намудани таълимгоҳ ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсилу таълим барои ҳайати бисёрҳазорнафараи донишҷӯёни коллеҷ саҳми худро гузошта истодааст. Боварӣ дорем, ки дар оғози ин баҳори зебо дар ҳамешабаҳор сохтани намои муассиса талоши худро дареғ намедоранд. Дар охир андешаи хадро ба байти зерини шайх Саъдӣ хотима мебахшам, ки гуфтааст:

Шуд аз он омӯзгорӣ пешаам,

Беҳбуди халқ аст андешаам.

Барои амали оқилонаро аз ҷаҳони вуҳуш фарқ кардан одамиро илму дониш мебояд. Судмандтарин кор аз худ кардани илму дониш аст. Ин аст, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи донишандӯзии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тамоми шароитро ҷиҳати пешрафти ҷавонон дар ҷодаи илму маърифат фароҳам овардаанд. Ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат, ки колбади ақли онҳо аз идроки солим ғанӣ гаштааст, дигар қобили қабули ҳеҷ як фикру ақидаи манфиро надоранд.

Таваҷҷуҳ ва меҳру ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон ҳамарӯза эҳсос мешавад. Пешвои миллат ҷавонони соҳибкасбу ихтисосмандро давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии давлату ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат мешуморанд. Пас, мо ҷавонон бо дониши қавӣ, зиракии сиёсӣ ва иродаи мустаҳками худ метавонем пойдории ин давлату миллати соҳибистиқлолро ҳифз намоем.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” дар камолёбиву таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва бо муаррифӣ намудани илми тиб дар саросари ҷумҳурӣ шуҳрат дорад. Кормандону омӯзгорони муассиса дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, барои дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, дар дарсҳо мунтазам баҳри амалисозии ин мақсади наҷиб корҳои назаррас анҷом дода истодаанд. Тасмим гирифтаанд, минбаъд низ мувофиқ ба талаботҳои рӯз корҳои маърифатию тарбиявиро ба роҳ монда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои амалиро идома бахшшанд.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” бо шумули тамоми биноҳои таълимиву пажуҳишӣ бештар аз як бинои 4 ошёнаро дар бар мегирад. Бинои дигар дар ҳолати ибтидоии сохтмонӣ қарор дорад. Намои берунии ҳамаи ин биноҳо ороставу бо ҳунари тамом рангу бор шудааст, ки бешак ба дили бинанда шодиву сурур мебахшад ва муҳассилинро ба донишандӯзӣ шавқманд месозад. Даруни биноҳо дар зебоию озодагӣ аз намои берунии он дида беҳтару хубтар ба назар мерасад, ки ин ҳама аз заҳмату талоши шабонарӯзии роҳбари оқилу кордон ва соҳибтаҷрибаи ин боргоҳи маърифат Чиллазода Бобохон шаҳодат медиҳад.

Толорҳо ва марказҳои имтиҳонии замонавӣ

Ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштани коллеҷ зарурати таъсис додани марказҳои тестии замонавиро ба майдон овард. Дар як муддати кӯтоҳе, дар паси бинои таълимӣ маркази тестӣ кушода шуд, ки қабули имтиҳонҳо пурра тариқи технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯ тавассути компютерҳои шабакавӣ дар назди монитор имтиҳон супурда, аз натиҷаҳои санҷиш саривақт огоҳ мешавад. Дар таъсису таъмир ва ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор доштани толору марказҳои замонавии имтиҳонӣ саҳми роҳбар ба хубӣ эҳсос мешавад. Гузашта аз ин, бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии факултетҳои тиббӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, Маркази миллии ташхисиву табобатии “Шифобахш”, мавсум ба беморхонаи Қарияи боло, Маркази ташхис шартномаҳои тарафайн ба тасвиб расонида шуд, ки имрӯз барои баланд бардоштани дониши тиббии донишҷӯён нақши муҳим мебозад ва ҳамчун асбобҳои аёнӣ кӯмак менамояд.

Айни ҳол роҳбари муассиса дар партави сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат ва дастгирии ҳукумати шаҳри Ваҳдат, ҷиҳти харидории таҷҳизотҳои замонавӣ, сохтани бинои нави таълимӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои баландихтисосро яке аз ҳадафҳои асосии таълимгоҳ қарор додаанд. Дар китобхонаи муассиса номгӯи китобҳои илмиву бадеӣ ва соҳавии зиёде мавҷуданд. Дар шароити феълӣ барои дастрас кардани иттилоот, маълумот, ва мутолиаи асарҳои бадеӣ дар китобхонаи муассиса душворие вуҷуд надорад. Махсусан, барои донишҷӯён имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст, ки метавонанд китобу маводҳоро дар ду шакл дастрас намуда,  мутолиа менамоянд. Дар маҷмӯъ, донишҷӯён ва устодон аз сатҳи хизматрасонӣ дар китобхонаи мазкур изҳори миннатдорӣ менамоянд. Роҳбари китобхона тамоми феҳристи китобҳоро медонад ва дарҳол хоҳиши хонандагонро ба ҷо меорад.

Дар соли сипаригашта ҳайати донишҷӯён дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Яке аз чунин донишҷӯёни фаъоле, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ..” сазовори ҷои ифтихорӣ гаштааст, Изатова Соҳиба мебошад. Изатова Соҳиба донишҷӯи курси дуюми факултети кори ҳамширагии Муассисаи давлатии таълимии “Колллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” буда, дар даври ниҳоии озмун аз рӯи номинатсияи хондану аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик ширкат кардааст. Ӯ имсол низ иштирокчӣ аст.

Пирумшоҳ Бодомаев, сардори шӯъбаи таълими Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”.

Наврӯз — ҷашни покиву озодагӣ

Дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусу иродаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 мақоми байналмилалиро касб намуд. Ҷаҳонишавии Наврӯз барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо мебошад.

Фарорасии ҷашни Наврӯзро, ки имсол 11-умин солгарди ҷаҳонишавии ин оини бостонӣ мебошад, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла  устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз самимона табрик мегӯям. Бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурборро дар ободиву пешрафти ватани азизамон таманно дорам. Ҷашни покиву озодагӣ ва оғози соли нави аҷдодиамон ба шумо ва аҳли хонадони муҳтараматон фархунда бошад. Орзуи онро дорам, ки фазои андешаҳои ҳар яки шумо низ мисли ин фасл зебо бошад.  Ба ҳамаи шумо хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осударо хоҳонам.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод.

Чилазода Бобохон Чила, директори  Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here