Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо қарори Ҳукумати маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз 28.02.1992, №22 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.5.1992, №225 таъсис дода шудааст. Муассиси таълимгоҳ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтори коллеҷ чунин аст: директор, муовини директор оид ба таълим, муовини директор оид ба тарбия, мудири шуъба, мудири таҷрибаомӯзӣ, мудири шуъбаи таълим, услубшинос, мудири кафедраи тахассусӣ, мудири кафедраи гуманитарӣ, шуъбаи кадрҳо, муҳосибот, бойгонӣ, китобхона, гуруҳҳои мақсаднок дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод. Дар коллеҷ ба донишҷӯён якҷоя бо гуруҳҳои мақсаднок 106 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба сабақ меомӯзанд.

Дар таълимгоҳ мутахассисони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ», дар заминаи таҳсилоти асосӣ ва умумӣ тайёр карда мешаванд. Муҳлати таҳсил дар коллеҷ дар заминаи таҳсилоти асосӣ 4 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умуми 3 сол муқаррар карда шуда, дар таълимгоҳ талаботҳои Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Заминаҳои моддиву техникӣ

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дорои як бинои 3 ошёнаи таълимӣ ва як хобгоҳи 3 ошёнаи замонавӣ мебошад, ки соли 2016 бо ташаббус ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолият ба истифода шуд. Он аз 16 синфхона ва 16 кабинет иборат аст.

Дар заминаи таълими амалӣ дар ҳамаи шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия 15 кабинети таълимӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён он ҷо таҷрибаи амалӣ мегузаронанд.  Байни Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи марказии ноҳия, маркази саломатӣ ва беморхонаҳои маркази ҷамоатҳо, ки дар онҳо таҷрибаомӯзии донишҷӯён гузаронида мешавад, шартнома баста шудааст. Кабинет ва лабараторияҳои таълимгоҳ бо муляжҳо, скелети одам, устухонҳои узвҳои одам, узвҳои дарунии одам, узвҳои сар, гуруҳҳои хун, индикаторҳо, асбобҳои ҷарроҳикунанада, асбобҳои фишорченкунӣ, доруворӣ, лавозимотҳои дорусозӣ ва маводҳои айёни таҷҳизонида шудаанд.

Дарсҳои техникаи информатсионӣ пурра дар синфхонаи компютерӣ гузаронида мешаванд. Айни ҳол дар Коллеҷ 78 адад компютер, 2 адад ноутбук ва 3 адад проектор мавҷуд аст. Дар оянда нақша аст, ки шумораи онҳо ба 105 адад расонида шавад. Умуман оиди Барномаи  давлатии компютеркунонии муассисаи таълимӣ чора андешида мешавад.

Самти фаъолияти кафедраи “Фанҳои тахассусӣ ” 

Кафедраи “Фанҳои тахассусӣ” фаъолияти худро тибқи нақшаи таълимӣ  ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар ҶТ”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии омодасозии мутахассисони тиббӣ дар солҳои 2010-2020” ва Барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ ба роҳ мондааст. Дар кафедра ба беҳтар намудани сифат, пешрафт ва давомоти таълим дар машғулиятхои таълимии фанҳои тахассусӣ, мустаҳкам намудани малакаву маҳоратомӯзии касбии донишҷӯён, бештар фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз адабиётҳо, модулҳои таълимӣ ва технологияи компютерӣ, ҳамчунин, омодасозии дастурҳо ва адабиётҳои таълимӣ ва роҳандозии корҳои тарбиявию ахлоқӣ дар байни донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ҳайати кадрии кафедра аз 7 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ва 45 нафар ҳамкорон иборат аст.

Сифати корҳои таълимӣ

Кафедра баҳри амалӣ сохтани қарорҳои Шӯрои илмӣ-педагогӣ вазъи мавҷудаи раванди таълиму тарбия, инчунин барои беҳбудӣ бахшидани сифати таълимро ба таври доимӣ мавриди омӯзиш ва назорати ҷиддӣ қарор дода, дар баланд бардоштани сифати таълим корҳои назаррасеро ба сомон мерасонад. Тибқи барномаҳои таълимӣ дар кафедра донишҷӯёни ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” дар чор бахш вобаста ба ихтисосашон усулҳои «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия», «Бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ», «Бемориҳои чашм», «Асосҳои кори ҳамширагӣ оиди парасторӣ», «Анатомия», «Физиология», «Биологияи тиббӣ», «Физикаи тиббӣ», «Асосҳои микробиология», «Бемориҳои пӯст», «Бемориҳои сироятӣ», «Бемориҳои кӯдакона», «Беҳдошти умумӣ», «Патологияи умумӣ», «Ёрии таъҷилӣ дар ҷаррохия», «Ёрии таъҷилӣ дар терапия», «Момоӣ ва бемориҳои занона», «Герантология ва гериартрия», «Қавигардонии солимии аҳолӣ», «Тибби ҳолатҳои фавқулодда», «Генетика», «Гистология», «Таҳқиқоти корҳои лабораторӣ», «Асосҳои эҳёгарӣ» ва «Бемориҳои асабу руҳ»-ро меомӯзанд.

Дар ин робита аз тарафи омӯзгорони фаннӣ санҷишҳо гузаронида мешаванд, ки натиҷаи онхо дар Шӯрои методии коллеҷ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Ҳамаи барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯӣ, фардии омӯзгорон дар кафедра мавҷуданд ва онҳо дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда шуда, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълим, муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ ва мудири кафедра тасдиқ карда шудаанд. Дар кафедра усулҳои анъанавӣ, байналфаъоли (интерактив) машғулиятгузаронӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, ҷараëни таълим бо истифода аз навигариҳои тибби муосир сурат мегиранд. Машғулиятои лексионӣ ва амалии фанни ҷарроҳия тариқи мултимедиавӣ (видеофилмҳои таълимӣ ва рӯнамоиҳо) гузаронида мешаванд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Барои беҳтар ва самаранок намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кафедраи “Фанҳои тахассусӣ” ҳоло аз ҷониби мудири кафедра дар самти ошкор намудани омилҳои асосии бемориҳо, дастрасии ёриҳои тиббию-санитарӣ, самаранокии диспансеризатсияи маъюбон, ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сабабҳои пайдоиши бемориҳои маъюбии модарзодӣ, аз ҷумла, издивоҷи байни хешу ақрабо, ки боиси пайдошавии насли носолим мегарданд, дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ корҳои омӯзишӣ ва тадқиқотӣ гузаронида шуда истодаанд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён ба таври мунтазам истифода бурда мешавад.

Тибқи нақшаи корӣ байни гуруҳҳо баргузории мусобиқаҳо, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, семинарҳо бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён оиди технологияҳо нави омӯзиш, мизҳои гирд ва соатҳои тарбиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Навоварӣ дар ҷараёни таълим 

Дар Маркази таълимию табобатии ҷарроҳии Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт барои беҳтар намудани шароити таълими амалӣ барои донишҷӯён шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар равиши таълим донишҷӯён дар рафти амалиётҳои ҷарроҳӣ ва муоинаи беморон  иштирок менамоянд.

Омезиши назария бо амалия

Сифати машғулиятгузаронии омӯзгорон зери назорати роҳбарият қарор дошта, аз рафти дарсдиҳии омӯзгорон ба таври мунтазам назорат бурда мешавад. Мудири кафедра дар 24 машғулияти омӯзгорон иштирок намудааст. Дигар омӯзгорон бошанд, ҷамъулҷамъ дар 26 машғулияти ҳамдигар ширкат намудаанд.

Таҳлили дарсҳо нишон медиҳанд, ки сифати машғулиятгузаронӣ дар дарси омӯзгорон Атоев Р., Аминов С., Давлатов К., Шодиева О., Хушвахтова Г. хуб ба роҳ монда шудааст.

Коллеҷ корҳои назоратиро дар алоқамандии зич бо мудирони шуъбаҳои беморхонаи марказии н. Рашт ва роҳбарони гуруҳҳо ба роҳ мондааст.

Нисбати гуруҳҳои сатҳи донишандӯзиашон суст, ғоиби бисёрдошта гузориш тартиб дода шуда, дар якҷоягӣ бо мудири шуъба суҳбатҳо гузаронида мешавад. Ҳамаи омӯзгорони асосӣ дар Беморхонаи марказии н. Рашт навбатдорӣ менамоянд ва ҳамарӯза дар корҳои табобатӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамзамон, омӯзгорони коллеҷ Нуров М., Гиёев К., Низомова А., Ҳусейнова С., Саймуродов Х., Раҳмонов Т. ва Содиқов М. беморонро дар шароити дармонгоҳӣ ва статсионарӣ низ қабул намуда, тавсияҳои зарурӣ медиҳанд.

Нақша-чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мудом тадбирҳои судманд андешида мешавад. Чунончӣ, «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими имрӯзаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Баҳри амалӣ гардонидани ин барнома дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, дар ҷараёни таълим ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Тибқи нақша-чорабиниҳо ба муаллимони фанҳои забони русӣ ва англисӣ корҳои дастурдиҳӣ пайваста гузаронида шуда, рафти омӯзиши онҳо аз тарафи шӯрои методӣ мавриди назорат қарор дода  мешавад. Барои муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён ҳар моҳ як маротиба «Мониторинг» гузаронида шуда, дониши донишҷӯён ба таври  шифоҳӣ (тести) ва хаттӣ муайян карда мешавад. Дар коллеҷ ҳар моҳ як маротиба «Рӯзҳои забони русӣ ва англисӣ» гузаронида шуда, дар ин рӯзҳо донишҷӯён бо якдигар бо забони русӣ ва англисӣ гап мезананд.

Инчунин, баҳри тезонидани раванди тадбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва « Консепсияи миллии маълумоти  Ҷумҳурии Тоџикистон» дар коллеҷ як қатор корҳои назаррас ба сомон  расонида шуданд. Ҳамаи омӯзгорон нақшаҳои тарбиявии хешро дар асоси консепсияи мазкур тартиб дода, аз рӯи он фаъолияти тарбиявӣ  мебаранд. Онҳо дар дарсҳои тарбиявӣ ҳафтае як маротиба аз зарурат ва татбиқи унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ сухан гуфта, шогирдонро ба тоқатпазирӣ, таҳаммул ва донишандӯзӣ ҳидоят менамоянд.

Тайи солҳои охир якчанд қарору, барномаҳои давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расиданд. “Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ” ва вусъатбахши ҳамин консепсия «Консепсияи роҳнамои касбии хонандагон дар ҶТ» аз қабили онҳост. Дар ин росто, маъмурияти коллеҷ нақша-чорабиниҳои мукамал тартиб дода, баҳри амалӣ гардонидани онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Ба донишандӯзии донишҷӯён баҳои воқеӣ дода, дар ҷараёни таҷриба-омӯзии онҳо дар шуъбаҳои алоҳида аз рӯи фанҳои тахассусӣ назорати  доимӣ бурда мешавад ва баҳри такмили касбиашон чораҳои муфид андешида мешавад.

Дастгирии донишҷӯён

Донишҷӯёне, ки хуб таҳсил намудааанд, барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ сафарбар карда мешаванд. Омӯзгорон низ барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ роҳнамоӣ карда мешаванд. Албатта дар ҷараёни таҳсил дар коллеҷ донишҷӯёни зиёд ниёз ба ёрии моддӣ доранд. Донишҷӯёни алоҳида новобаста аз натиҷаи ҷамъбасти  санҷишҳо ва имтиҳонҳо, ки аз оилаҳои камбизоат маҳсуб меёбанд, бо идрорпулии яквақта таъмин карда мешаванд. Инчунин донишҷӯёне, ки  сатҳи зиндагии оилаашон паст аст, сарфи назар аз маҳалли зисташон бо ҷои хоб таъмин карда шудаанд.

Маъмурияти коллеҷ пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд, ки бобати иҷрои саривақтии тамоми амру супоришҳо ва санадҳои муфид андешад. Албатта, баҳри амали гаштани тамоми барномаву ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, татбиқи саривақтиро тақозо менамояд, ки ба соҳибмаълумот гаштани аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.

Ва як мушкилот

Феълан коллеҷ ба як мушкилот мувоҷеҳ аст. Ин ҳам бошад, набудани автомашинаи хизматист, ки барои сари вақт огоҳ шудан аз рафти таълим ва таҳсили донишҷӯён дар гуруҳҳои мақсадноки дар навоҳии Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор монеа пеш меорад.

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here