Баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ҳамкории зерсохторҳои Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Шаҳринав 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 марказҳои саломатии деҳотӣ, 15 бунгоҳҳои саломатӣ дар асоси талаботҳои низомномавӣ, барномаҳо, қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва қарору фармоишҳои ВТ ва ҲИА ҶТ, қарорҳои раиси ноҳия дар пешгирӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ, амалисозии барномаҳо дар сатҳ ва сифати ёрии тиббӣ, рушд ва инкишофи сохтори аввалияи тиббию санитарӣ, афзалият дар самтҳои хизматрасонӣ ба модару кӯдак, рушди тиби оилавӣ ва ёрии таъҷилӣ фаъолият доранд.

Самарабахшии захираҳои кадрӣ омили асосии пешрафт дар самти хизматрасонии тиббӣ мебошад, ки он аз тахассуснокӣ ва ҷобаҷогузории онҳо вобаста аст. Дар самтҳои фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 75 нафар табибон, аз он ҷумла 40 нафар табиби оилавӣ, ки ба 1500 аҳолӣ 0,5 табиб рост меояд ва 253 нафар кормандони миёнаи тиб, аз он ҷумла 164 нафар ҳамшираи оилавӣ, ки ба 750 нафар аҳолӣ 0,8 ҳамшира рост меояд, дар муассисаҳои КАТС тибқи нақша, чорабиниҳои оммавию соҳавӣ фаъолият доранд.

Табибон дар муассисаҳои КАТС дар асоси протоколҳои клиникӣ амал намуда, баҳри нигаҳдории тандурустӣ ва муолиҷаи дурусти беморон чораҳои зарурӣ андешида истода, мунтазам аз рӯи нақша аз курсҳои такмили ихтисос ва аттестатсияи назди ВТ ҲИА ҶТ гузашта, дараҷанокии гуногунро доро мебошанд. Дар соли 2020-ум 10 нафар табибон, 59 нафар корманди миёнаи тиб аз курси такмили ихтисос гузаштаанд. Инчунин, 24 корманди миёнаи тиб бозомӯзии касбиро аз рӯи ихтисоси тиби оилавӣ гузаштаанд.

Бино ба иттилои и.в. роҳбари КАТС-и ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Толиб Ахмедов, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, №АП-1365 ва Амри раиси ноҳия аз 30.03.2020, №29 «Оид ба пешгирӣ намудани бемории вируси Covid-19 короновирус» дар муассисаҳои тандурустии ноҳия комиссия таъсис дода шуда, дар ин самт як зумра корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби кормандони Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо усули гашти хона ба хона ҳамаи хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия 9 маротиба боздид карда шуда, ба онҳо роҳҳои пешгирии интиқол ва сироятёбӣ аз ин беморӣ фаҳмонида шуда, буклетҳо ва огоҳиномаҳо тақсим карда шуда, имзоҳои сардорони хоҷагиҳо дар дафтарҳои махсус гирифта шудааст. Баъди бақайдгирии ин беморӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 1631561 нафар аҳолӣ боздид карда шудааст, ки ин ба сари ҳар як аҳолӣ 13 маротиба рост меояд. Шумораи бемороне, ки бо синдромҳои ҳароратбаландӣ то ба имрӯз дар минтақа ба қайд гирифта шудаанд, 896 нафар мебошанд. Аз шумораи умумии беморони дар минтақа табобатгирифта 740 нафарашон солим гашта, 1 нафарашон таҳти назорат қарор дорад. Бемороне, ки дар минтақаҳо табобат гирифтаанд, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадри имкон бо дорувориҳои ройгон таъмин карда шудаанд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривақт дарёфти беморон бо синдроми ҳароратбаландӣ ба муассисаҳои КАТС 7 адад дастгоҳи ҳароратсанҷаки мавҷӣ, ба миқдори 4500 дона ниқоб, 32 дона либосҳои муҳофизатии яккарата, сӯзандору ба миқдори 1600 дона, 10 дона либосҳои муҳофизатии бисёркарата, 40 дона айнакҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ, аз ҷумла маҳлули спирт 15 литр, собуни моеъ 60 литр ва маҳлулҳои антисептикӣ 330 дона, дастпӯшакхои яккарата 300 дона, дастпӯшакҳои тамизшуда 300 дона, бахилҳои яккарата 600 дона, либоси муҳофизатӣ бо каллапӯш 70 дона аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона дастрас карда шудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1200 дона ниқоб, 75 дона айнак, 300 дона бахил, 122 дона либосҳои истифодабариашон яккарата, 300 дона чепчик (сарпӯш), 200 дона дастпӯшак, 100 дона камбинзонҳои муҳофизатии бисёркарата, 500 кг гипохлориди калтсий ва 300 кг хлор,13 адад дастгоҳи ҷабиши оксиген дар организм (пулсоксиметр) харидорӣ карда шуда, ба муассисаҳои КАТС тақсим карда шудааст.

Аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 6 адад дастгоҳҳои ёрирасон барои нафасгирӣ (оксигенератор) ёрӣ расонида шудааст. Бо дастгирии «Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад дастгоҳи ҷабиши оксиген дар организм (пулсоксиметр) дастрас карда шудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби ҶДММ “Ҳилоли Аҳмар”-и Тоҷикистон ба миқдори 5 халта орд, 25 литр равған, 10 дона маҳлули антисептикӣ, 400 дона камбинзонҳои муҳофизатӣ, 30 дона айнак, 250 дона ниқобҳои ҳимоявии махсус, 10 дона ҳароратсанҷаки мавҷӣ, 250 дона ниқоб ва аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов либоси муҳофизатӣ 90 дона, ниқоби яккарата 90 дона, 5 дона айнак кумак карда шудааст, ки ин маводҳо ба табибон ва ҳамшираҳои тиббии муассисаҳо тақсим карда шудаанд. Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия низ барои кормандони муассисаҳои КАТС маводҳои тиббӣ, аз қабили камбинзонҳои муҳофизатӣ, ниқоб, дастпӯшак ёрӣ расонида шудааст.

Айни ҳол дар амбори муассисаҳои КАТС ба миқдори 33 номгӯ, ба маблағи 38842 сомонӣ маводҳои доруворӣ ва ба миқдори 200 шиша маҳлулҳои антисептикӣ ва 2000 дона ниқобҳои истифодабарии яккарата захира мавҷуд мебошад.

Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» аз 22.12.02 №233 Маркази бемориҳои зидди сил дар ҳамкорӣ бо шӯрои ҳамоҳангсози назди мақомоти иҷроия ҷиҳати иҷрои нақшаҳо оид ба амалисозии Барнома дар пешгирӣ, дарёфти бемориҳои сил бо ҷомеа фаъолияти самарабахш доранд. Дар муддати соли гузашта аз тарафи маркази мазкур 42 нафар беморони сил ба қайд гирифта шудаанд, ки 8 нафари онҳо шакли мутобиқшуда мебошад. Аз амбори дорувории Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сил ба миқдори 128531,83 сомонӣ маводҳои доруворӣ барои беморони ноҳия дастрас шудааст.

Эмкунӣ (имунопрофилактика) яке аз роҳҳои афзалиятнок, камхарҷи мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад. Эмкунӣ зидди бемориҳои фалаҷ, зарпарвини В, сил, сурхакон, кузоз, сурхча, гулафшон, гемофиллияи типи В, гулизиндонак 93% иҷро гардидааст.

Бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣ ва муайян намудани гуруҳҳои маъюбӣ дар ноҳия комиссияи назоратию тиббӣ фаъолият дорад ва 1632 нафар маъюбон дар қайд мебошанд. Инчунин, дар ноҳия 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 16 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил, 122 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон дар қайди табибони оилавӣ қарор доранд.

Дар соли гузашта ҳуҷраҳои кории табибон аз таъмири косметикӣ бароварда шуда, тиреза ва якчанд шифери Бунгоҳи саломатии Файзобод иваз карда шудааст. Фасади берунаи Маркази саломатии ноҳия, марказҳои саломатии деҳоти Муллошодӣ, Истиқлол, Тоҷикистон, Чуст, Сангмела, Қадиҷӯйбор аз таъмири косметикӣ бароварда шудааст. Дигар муассисаҳо пурра аз ойинабандӣ бароварда шудаанд.

Ба гуфтаи и.в. роҳбари КАТС Толиб Ахмедов, «бо максади бунёдкориву барқарорсозии биноҳои Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, гирду атрофи роҳравҳои Маркази саломатии ноҳия гулкорӣ карда шуд».

— Баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, расонидани хабарҳо оид ба пешгирии бемориҳо, додани маслиҳатҳои тиббӣ дар нашрияи «Файзи Пешво» моҳе 1 маротиба мақолаҳо дастраси аҳолӣ мегарданд, ки дар иттилоотнокии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ин, дар радиои маҳаллии «Паёми Шаҳринав» табибон мунтазам оид ба пешгирии бемориҳо баромад мекунанд. Зимнан, мо кӯшиш менамоем, ки фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста иҷро карда, ба аҳолии ноҳия хизмати босифати тиббӣ расонем,- афзуд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here