Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодааст. Дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд, ки вилояти Суғд низ аз ин ғамхории Ҳукумат бархӯрдор хоҳад буд.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Мақсудзода Фаррух изҳор дошт, «Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа пайваста талоши худро ба он равона месозад, то баҳри солимии комили аҳли ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам бошад. Зеро ободиву шукуфоии Ватан маҳз аз ҷомеаи солим маншаъ мегирад. Дар ин раванд саъйи худро ба он равона намудаем, ки то ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон нақшаҳои бунёдкоронаи дар соҳа ба зимма доштаамонро бо сифати баланд ба анҷом расонем».

 

Дастовардҳои соҳа

Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов дар соли 2018 дар маҷмуъ 302 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз онҳо 117 ададро ҷарроҳиҳои мураккаби дил ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, бо нуқсони модарзодии дил 73 ҷарроҳӣ, бо нуқсони гирифтор шудан ба бемории дил 44 ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Дар соли ҷорӣ дар шуъбаи бемориҳои ишемияи дил ва рагҳои хунгарди маркази номбурда ҳамагӣ 185 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 62 шунткунонии аортокоронарӣ ва 154 амалиёти стентгузорӣ мебошад. Дар ин муддат ба 448 нафар беморон ангиографияи шараёнҳои коронарӣ ва ба 19 нафар беморон ҷарроҳии гузоштани импланти стимулятори барқии дил иҷро карда шудааст.

Дар шуъбаи осебшиносию раддодии Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 ҳамагӣ 59 амалиёти эндопротезкунонии буғуму косу рон, 9 амалиёти эндопротезкунонии буғуми зону, инчунин, ба 4 нафар беморон эндопротезкунонии ревизионӣ гузаронида шудааст.

Нахустин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии табобати консервативии чурраи сутунмуҳра бо усули инноватсионии блокадаи дохилиустухонӣ дар шуъбаи Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ҷорӣ шуда, дар протоколи клиникии бемориҳои асаб дар таҳияи нави соли 2018-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва дохил карда шуд. Ин намуди табобат ба 64 нафар бемор дар заминаи шуъбаи бемориҳои асаби беморхонаи мазкур гузароида шуд.

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми августи соли 2018 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят ба номи Амонулло Орифов барои сохтмони бинои табобатии 5-ошёнаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти зиддиядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти МАГАТЭ дар маркази саратоншиносии вилоят дастгоҳи радиотерапевтӣ пурра васл шуда, пас аз гирифтани иҷозатномаи мутахассисони Агентии бехатарии неруи атомӣ ба фаъолият шуруъ менамояд. Дар доираи лоиҳаи ҳамкории техникии TAD 6/006 “Таъмини хизмати радиотерапевтӣ дар Маркази онкологии вилояти Суғд” 2 нафар духтури нуршиноси марказ барои омӯзиши фаъолияти таҷҳизоти нурафканӣ ва муолиҷаи нурӣ дар Донишгоҳи миллии тиббии шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Литва, физики тиббӣ дар шаҳри Прагаи давлати Чехия ва 1 нафар дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия такмили ихтисос гузашта, дорои сертификати мутахассис шудаанд ва таҷрибаи бо дастгоҳи мазкур фаъолият бурданро соҳиб гардидаанд. Инчунин, лоиҳаи дуюм нисбати таҷҳизонидани Марказ бо дастгоҳи муосири радиатсионӣ (брахиотерапия) ва омӯзонидани мутахассисон дар мамлакатҳои Аврупо дар соли 2019 қабул шудааст. Дар муассисаи номбурда соли ҷорӣ гузаронидани ҷарроҳиҳои реконструктивию барқароркунӣ ба роҳ монда шуд. Ба беморони саратони ғадуди ширӣ гузаронидани амалиёти ҷарроҳии мастэктомияи радикалӣ ва пӯшонидани минтақаи ҷарроҳӣ бо лоскути торакодорзалӣ, яъне трансплантатсияи бофтаҳо дар пояки рагҳои хунгузар аз як минтақа ба минтақаи ҷароҳатшуда аз ҷониби саратоншиносони Марказ иҷро карда шуд.

Дар Маркази микроҷарроҳии чашми вилоят ҷарроҳии гирифтани чашмпарда бо усули ултрасадо ҳангоми хунрезӣ ба ҷисми шаффоф ва гузоштани дренаж ҳангоми глаукомаи конпенсатсиянашуда роҳандозӣ гардид.

Ҳамчунин, дар шуъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов истифодаи амнион ба бемориҳои реши қарния, ҷарроҳии аутолимфосорбтсия ба бемории зуҷозия ва ретинопатияи диабетӣ ба роҳ монда шуд.

Дар шуъбаи андрологияи беморхонаи марказ усули нави ҷарроҳии пластикаи қисми аввалини найи пешобрез ба 1 бемор, ҷарроҳии пластикаи моядон бо истифодаи пӯсти ронҳо аз ҳарду тараф ба 1 бемор гузаронида шудааст.

Дар баробари ин, дар шуъбаи гӯш, гулӯ ва бинии кӯдаконаи муассисаи мазкур ҷорӣ намудани ҷарроҳии септопластика ба кӯдакони синни 6-7-сола ба роҳ монда шудааст.

Дар шуъбаи сурдологӣ ҷарроҳии гузоштани шунт ба наворапардаи гӯш ба беморони гирифтори отитҳои музмини часпак, тубоотитҳо амалӣ карда шудааст.

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаб, осебшиносӣ ва раддодӣ ҷарроҳии менискэктомия бо усули эндоскопӣ ба 27 нафар бемор гузаронида шудааст. Ба аневризма мондани клипс дар гарданаки аневризмаи рагҳои хунгарди майнаи сар ба 2 нафар бемор, гирифтани чурраи тағояк бо усули эндоскопии трансформиналӣ ба 7 нафар бемор, гирифтани чурраи тағояки байни муҳраҳо аз пешу паҳлу ва мустаҳкамкунӣ бо кейчидинамикӣ дар қисми гардан бе мустаҳкамкунӣ аз пеш, инчунин, гузоштани сеткаи титанӣ дар қисми қафаси синагии сутунмуҳра бе мустаҳкамкунӣ аз пеш ба 9 нафар бемор, гирифтани омосҳои мағзи сар бо намуди микроҷарроҳӣ ба 4 нафар бемор, гирифтани омосҳои сутунмуҳра бо мустаҳкамкунӣ тавассути мехҳои титанӣ- транспедикулярӣ ва танаи сунъӣ ба 3 нафар бемор, ляминэктомияи декомпрессивӣ ҳангоми осебҳои сутунмуҳра бо мустаҳкамкунии мехҳои титании транспедикулярӣ ба 6 нафар бемор, краниопластика бо паллакост ба 4 нафар бемор, ҷарроҳӣ оид ба осеби асаби канорӣ ба 1 нафар бемор гузаронида шудааст.

Дар шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва пластикӣ — реконструктивии беморхона ҷарроҳии пластикаи бинӣ бо истифодабарии тағояки қабурға ба беморони гирифтори бинии зиншакл, ҷарроҳиҳо бо истифодаи пластинаҳои титанӣ ҳангоми бемориҳои шикастани устухонҳои рӯй ва тармими устухонҳои рӯй роҳандозӣ гардидааст.

 

Сохтмон ва таъмири иншооти тандурустӣ

Баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии вилоят барои сохтмон, таъмир ва азнавсозии 458 адад иншооти тандурустӣ масрафи оқилонаи 208,05 млн сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2018 бо мақсади беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ сохтмони бинои нави шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, сохтмони 17 адад биноҳои нави марказҳои саломатии шаҳру ноҳия ва деҳот дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷ. Расулов, Деваштич, Айнӣ, ҳамчунин сохтмони 31 адад бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Б. Ғафуров, Деваштич, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Панҷакент ба итмом расонида шудааст. Дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Истаравшан сохтмони биноҳои нави марказҳои тибби хусусӣ ба итмом расидааст.

Дар соли 2019 сохтмони як қатор иншооти тандурустӣ давом дода мешавад. Аз ҷумла,  шуъбаҳои марказҳои табобатӣ ва беморхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом, Деваштич, Б. Ғафуров, Куҳистони Мастчоҳ, ҳамчунин, сохтмони марказҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Б. Ғафуров ва сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Айнӣ, Ашт, Б. Ғафуров, Деваштич, Куҳистони Мастчоҳ ва Ҷ. Расулов давом дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра дар миқёси вилоят таъмири як қатор иншооти соҳаҳои тандурустӣ, аз ҷумла, беморхонаҳо ва марказҳои табобатии вилоятӣ, Беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва минтақавии ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Деваштич, Шаҳристон, Ҷ. Расулов ва шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Панҷакент ва Хуҷанд, инчунин таъмири 131 адад марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ ва деҳот дар навоҳии Б. Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Деваштич, Ҷ. Расулов ва шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Истиқлол, Панҷакент ва Хуҷанд ба итмом расонида шудааст. Дар ноҳияҳои Ашт, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент таъмири 87 адад маркази саломатӣ ба итмом расонида шудааст.

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми августи соли 2018 аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят ба номи Амонулло Орифов барои сохтмони бинои табобатии 5-ошёнаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.

 

Ташкили ҳуҷраи хатна

Баҳри иҷрои боби 3, моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2017 сол, №1461 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо” ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ва иҷрои банди 5-и фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 8-уми майи соли 2018, №431 “Дар бораи тасдиқи Ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба гузаронидани хатнаи кӯдакон” дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар назди таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо 197 ҳуҷраҳои хатна таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, аз рӯйи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ чун ҳуҷра барои бозии кӯдакон ороиш дода шудааст.

Дар муҳлати сипаришуда ҳамагӣ 26366 амалиёти хатнаи кӯдакон гузаронида шудааст. Аз ҷумла, синни то 20-рӯза — 1340 нафар, синни аз 20-рӯза то 6-моҳа — 3011 нафар, синни аз 6-моҳа то 3-сола — 11134, синни аз 3-сола боло — 10881 нафарро ташкил додааст, ки пайомадҳои ногувор пас аз гузаронидани амалиёти хатна ба қайд гирифта нашудааст.

 

Ташкили катҳои таваллуд

Баҳри иҷрои нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ҷиҳати ташкил намудани катҳои таваллудӣ дар беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҳар як деҳа аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ва роҳбарони муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят корбарӣ давом дорад.

То имрӯз дар деҳаи Хӯҷаободи ҷамоати Чашмасори ноҳияи Б. Ғафуров 2 кати таваллуд ташкил карда шудааст. Дар шаҳри Гулистон дар заминаи марказҳои саломатии Навгарзан, Гулдара, Зарчашма 2-катӣ, дар шаҳри Панҷакент дар марказҳои саломатии деҳаҳои Равот ва Миндона 3 кати таваллудӣ, дар марказҳои саломатии деҳоти Анзоб, Кум ва Похути ноҳияи Айнӣ 2 кати таваллудӣ ташкил карда шудаанд.

Дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Росровут сохтмони бино барои ташкили 10 кати таваллуд, деҳаи Метк ва Овчӣ барои 5 кати таваллуд пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияи Зафаробод дар заминаи маркази саломатии деҳаи Навобод 5 кат ва Панҷакент дар заминаи марказии саломатии Порвен 5 кат, ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар заминаи маркази саломатии деҳоти Ғузн 3 кат ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро маҳаки асосии сиёсати худ донистааст. Аз ин рӯ, Раёсати тандурустии вилояти Суғд низ дар пайравӣ ба ин сиёсати инсондӯстона фаъолияташро ба роҳ монда, бо дастгирии бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа талоши худро баҳри рушди инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона намудааст»,- иброз намуд дар ҷамъбасти суҳбат сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Мақсудзода Фаррух.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here