Қобили зикр аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ сохт. Аз ҷумла, дар ин давра дар мамлакат чандин иншооти муҳими соҳа сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми марти соли 2016 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ ифтитоҳ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бо шароиту имкониятҳои хос дорои қисмҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери бо интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад.
Ин маркази муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9-ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст. Дар маҷмаа дастгоҳҳои нодиртарин насб гардидаанд, ки ягона дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Бояд гуфт, бартарияти ин дастгоҳҳо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан, дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд. Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ғадудҳои ширии занон ташхис карда мешавад. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.
Ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” нафарони зиёде барои муолиҷа гирифтан муроҷиат мекунанд, ки барои кумаки онҳо духтурон ба воситаи дастгоҳҳои насбшуда хизмат мерасонанд. Озмоишгоҳ як ҷузъи муҳими соҳа ба шумор меравад. Дар ин замина дастгоҳҳои муосир ворида карда шудааст, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан, дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад. Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводҳои ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 баробар калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ низ дастгоҳи лозимӣ насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, ҳамзамон табобатро низ ба анҷом мерасонад. Ин навъи хизматрасонӣ шахси осебдидаро намегузорад, ки ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ равад. Дар шуъбаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора беморро ташхис, беҳис ва табобат менамояд.
Бояд гуфт, ки ба маркази мазкур таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ ворид карда шудааст, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Россия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва насб шудаанд. Ҳамчунин, дар маҷмаа дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони навтаваллудшудаи вазнашон то 500 грам ва интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар мавҷуданд. Инчунин, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда аз тарафи духтурони табобати кӯдакон бо истифода аз камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои амалиётҳои фосилавӣ ва омӯзонидани донишҷӯён амалӣ карда мешавад.
Амалиёти хатнаву сӯрох кардани гӯшу бинӣ бо дастгоҳ
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар бинои ташхисгоҳи маҷмаа шуъбаи махсусгардонидашудаи тиби суннатӣ амал мекунад, ки падару модарон метавонанд аз хизматрасонии он бобати анҷом додани маросимҳои динӣ ва мардумӣ, аз қабили амалиёти хатнаи писарчаҳо ва сӯрох намудани гӯшу бинии духтарчаҳо васеъ истифода баранд. Чунин шуъбаи махсусгардонидашуда дар дигар беморхонаҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин, дар марказ усули муосири тиби фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути ин намуди хизматрасонӣ табибон дар фосилаҳои гуногуни маҳали ҷойгиршавӣ метавонанд бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд.
Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштум бахши гиёҳдармонӣ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногунро омода мекунанд.
Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон ташкил карда шудааст. Дар толор таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд.
Барои қомат афрохтани бинои Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” беш аз 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 500 миллион сомонӣ ва харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона оварда шудааст. Дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст омода буда, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, як адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд. Толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, толори либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра аз қабили иншооти дигари маҷмаа маҳсуб меёбанд. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст. Пешравии соҳаи тандурустӣ дар кишвар баръало назаррас буда, роҳандозӣ намудани ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост. Дар ин росто, қайд намудан бамаврид аст, ки покнамоии хуни (гемодеалези) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тиби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун сохторҳои алоҳида ба шумор мераванд.
Таҷрибаомӯзон низ сафарбар карда мешаванд
Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки дар маҷмааи мазкур 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ фаъолият мекунанд, ки донишҷӯён ва устодони соҳаи тиб метавонанд аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд.
Қисми ташхисгоҳ
Қисми ташхисгоҳи маҷмаа — маркази тиббии бисёрсоҳа буда, фаъолияти он ба расонидани кӯмаки машваратию ташхисӣ ба аҳолӣ равона шудааст. Дар ташхисгоҳ зиёда аз 1000 усулҳои мухталифи табобатӣ-ташхисӣ, ки наздики 300-тои он дар минтақа беназир маҳсуб меёбад, гузаронида мешавад.
Дар қисми ташхисгоҳ 135 мутахассиси варзидаи соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои гуногун таҷриба андӯхтаанд ва миёни онҳо шумораи зиёди номзади илмҳои тиб мебошанд, ба беморон хизмат мерасонанд. Дар ин қисм тамоми таҷҳизоти пешқадами тиббӣ ва дастгоҳҳои камназир фароҳам оварда шудааст. Яке аз ин дастгоҳҳо «Ангеография» мебошад, ки дар Тоҷикистон то ҳол чунин таҷҳизот набуд. Ҳатто дар кишварҳои ҳамсоя низ ин гуна дастгоҳ то ҳол мавҷуд нест, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи тандурустии кишвар дар даврони Истиқлолият ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки тавассути ин дастгоҳ ҳам ташхис ва ҳам муолиҷаи рагҳои хунгард ба роҳ монда мешавад. Бемориҳои дилро бе буридани қафаси сина, бо пайваст кардани дастгоҳи хунгардиши сунъӣ метавон ҷарроҳӣ намуд. Ҷарроҳии бемор тақрибан 40 даққиқа давом намуда, муддати бистарии бемор ҳамагӣ як шабонарӯзро дар бар мегирад.
Дар ошёнаи якуми ташхисгоҳ шуъбаи нурӣ мавҷуд аст. Дар шуъбаи мазкур беморон имкон доранд аз ташхиси томографияи магнитӣ-резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ ва акси мамографӣ гузаранд. Таҷҳизоти мазкур имкони муайян намудани ҳама гуна нуқсу бемориҳоро дар давраи бармаҳал доранд.
Дар ҷарроҳихонаи махсусгардонидашуда барои ҷарроҳиҳои осебшиносӣ ва раддодӣ тамоми таҷҳизоту дастовардҳои навтарини тиби муосир ҷамъ оварда шудааст. Дастгоҳи дигаре, ки ба стандарти тиллоии ҷаҳонӣ баробар шудааст, ин таҷҳизоти ташхисию табобатии «Карлшторси»-и олмонӣ мебошад. Бо дастгоҳи мазкур ташхиси амиқи бемориҳои буғумҳои зону гузаронида мешавад. Ҷарроҳӣ бидуни кушодани буғум анҷом ёфта, бемор дар муддати кӯтоҳ шифо меёбад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ дар амал ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла ба роҳ мондани амалиётҳои мураккаб, аз ҷумлаи стендгузории рагҳои хунгарди дил, аортаи садрӣ ва шараёни брахиосефалӣ дар дастгоҳи нодири ангиограф, стендгузорӣ дар ҳолати алоими шадиди коронарӣ, якбора гузоштани 5 стенд дар дил бо натиҷаи хуб, стендгузории коартатсияи аорта дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои бачадон, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои гурдаҳо, бо дастгоҳи нодири ангиограф гузаронидани амалиётҳо дар шараёнҳои мағзи сар, эмболизатсияи шараёни ғадуди простата дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Федератсияи Россия, ба роҳ мондани амалиёти краниопластикаи нуқсони устухони косахонаи сар бо пластинкаи титанӣ дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Белорус, ба роҳ мондани амалиёти бо таври эндоскопӣ гирифтани гематомаи музмини дохили мағзи сар, ба роҳ мондани табобати консервативии инсулти ишемикӣ бо истифодаи тромболитикҳо (актелизе, стрептокиназа, алтеплаза), бартарафсозии рефлюкси масонаю ҳолиб бо ворид намудани гели Вантрис дар навзодон ва кӯдакони то синни 17-сола бо истифода аз дастгоҳи эндоурологӣ, бартарафсозии масонаи нейрогенӣ бо ворид намудани маҳлули Лантокс дар навзодон ва кӯдакони то синни 17-сола бо истифода аз дастгоҳи эндоурологӣ, бартараф намудани тангшавии модарзодии қисми ҳолибу ҳавзак бо усули эндоурология дар навзодон ва кӯдакони то синни 17-сола, стендгузории ҳолибҳо бо усули эндоурологӣ дар навзодон ва кӯдакони то синни 17-сола, баровардани сангҳои ҳолиб ва ҳавзак бо усули эндоурологӣ дар навзодон ва кӯдакони то синни 17-сола, бо асбоби каминвазивии артроскоп амалиётҳои барқарорсозии пайвандаки солибшакл, ивазкунии буғуми сунъии тоталии зону ва реконструксияи пайи қафои салибшакл бо истифодабарии аутограф (бо артроскоп).
Дар ин росто, қайд намудан бамаврид аст, ки дар ин давра дар сатҳи муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе бори нахуст якчанд намуд амалиётҳо дар амал ҷорӣ карда шуданд, ки инҳо бо таври ҷарроҳӣ табобат намудани беморони гирифтори фалаҷи геморрагӣ, ба роҳ мондани усули амалиёти мустаҳкамнамоии транспедикулярии сутунмуҳра, ба роҳ мондани амалиёти бидуни буриш гирифтани аденомаи гипофиз, ба роҳ мондани амалиёти эндоскопии чурраи байнимуҷравӣ, бо дастгоҳи нодири ангиограф амалиёти бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон, ба роҳ мондани ҷарроҳиҳои кушодаи дил дар кӯдакон ва ба роҳ мондани ҷарроҳии кушодаи дил дар калонсолон мебошанд.
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» 2318 нафар корманд, аз он ҷумла 489 табиб, 832 ҳамшираҳои тиб, 360 дигар кормандон, 637 кормандони хурди тиб, 26 номзади илми тиб, 1 нафар профессор, 1 академик фаъолият менамоянд.
Дар маҷмаа ба дастрас кардани дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони дар вақти таваллуд бо вазни то 500 грам, интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон ва насби камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои тиби фосилавӣ ва омӯзонидани донишҷӯён афзалият дода шудааст.
Барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин ҷо толори маснуъӣ фаъолият мекунад, ки тарзи расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба онҳо омӯзонида мешавад.
Фароҳам овардани шабакаҳои худкори идоракунии иттилоотӣ, таъмини об (оби тоза, гарм, хунук), газҳои табобатӣ (ҳавои фишурда, оксиген), ҳавополоӣ (тоза, гарму сард), пешгирии сӯхтор, тиби фосилавӣ, интернет, алоқаи дохилӣ ва шаҳрӣ, радиои дохилӣ, камераҳои мушоҳидавии мустақим (416 нуқта), 602 маҷмуи компютер низ маҷмааро дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир кардааст.
Бо таъмини чунин шароити муосир мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳали зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.
МТЖТ