Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ лоиҳаи такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнатро амалӣ мекунад
Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7-уми августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд. Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Созишномаи грантӣ аз 25-уми сентябри соли 2019, №10/1-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунии “Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат” ба имзо расонида шуд.
Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи биология (биотехнология) тавассути такмили барномаҳои таълимӣ ва фаннӣ мебошад. Мутобиқгардонии барномаҳо ва ихтисоси зикргардида ба талаботҳои бозори меҳнат ва омодасозии барномаи мазкур барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ муҳим аст.
Қисматҳои лоиҳа ва самтҳои асосии фаъолият — ин ба роҳ мондани ҳамкории байни макотиби олии ватанӣ ва хориҷӣ, ташкилотҳои фаъолияти таълимӣ ва илмидошта, бо мақсади самаранок татбиқ намудани лоиҳа ва ҳамкории дарозмуддат, ҳамчунин барои рушди ояндаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ аст.
Донишҷӯёни ихтисосҳои биология (биотехнология)-и факултети химия ва биология ба сафарҳои омӯзишӣ ба шаҳри Душанбе бурда шуданд. Ин сафари омӯзишии донишҷӯён ва омӯзгорон дар моҳи декабр ба Институт генетика ва биологияи растаниҳо амалӣ шуд. Баъдан, онҳо аз озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои технологӣ барои ихтисоси биология (биотехнология)-и Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан карданд ва аз таҷрибаҳои омӯзишии дурӯза баҳра гирифта, дар ҳамон ҷо якчанд таҷриба ҳам гузарониданд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа Умеда Қурбонова мегӯяд, ки “барои амалӣ намудани лоиҳа мо ду донишгоҳи хориҷии шарик дорем. Инҳо Донишгоҳи техникии Ригаи кишвари Латвия ва Донишгоҳи Упсалаи кишвари Шветсия мебошанд. Ҷиҳати даъват намудани коршиносон аз МТОК-и шарик бо мақсади барои ҳайати гуруҳи корӣ гузаронидани тренингу семинарҳо дар самти методикаю метологияи таҳлил ва таҳияи барномаҳои таълимӣ бошад, дар асоси шартномаи дутарафа мо як маротиба коршиносони ин донишгоҳҳоро даъват кардем ва онҳо омада омӯзиш гузарониданд. Бо кумаки онҳо мо таҷҳизоти озмоишгоҳамонро рӯйхат карда, харидорӣ намудем. Ҳамзамон, дар асоси нақша, агар вазъият хуб шуда, роҳҳо кушода шаванд, мо боз он коршиносонро бояд даъват кунем. Инчунин, мо омӯзгоронамонро ба ин донишгоҳҳои шарик ба сафарҳои омӯзишӣ мефиристем. Инҳо ҳама дар нақшаи тақвимиамон буданд, аммо бо сабаби пандемия натавонистем ин сафарҳои омӯзишиамонро амалӣ намоем”.
Бо мақсади муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар барномаҳои таълимии амалкунанда аз фанҳои биология ва биотехнология нақшаҳои таълимӣ бо стандартҳои байналмилалӣ (аврупоӣ) мувофиқ гардонида шудаанд.
— Таҳлил гузаронида, муайян карда шудааст, ки соати кредитҳое, ки дар нақшаҳои таълимии Аврупо ҳаст, аз мо фарқ мекунад. Мисол, соатҳои тахассусии мо нисбат ба соатҳои тахассусии Аврупо камтар буда, фанҳои ғайри тахассусиамон зиёдтар аст. Кӯшиш кардем, ки соатҳои тахассусиро нисбат ба соатҳои ғайритахассусӣ зиёдтар намоем. Мо вобаста ба таҷҳизоте, ки овардаем ва корҳои лабароторие, ки дар озмоишгоҳ гузаронида мешаванд, фанҳоямонро мувофиқ менамоем. Алҳол таҳлил кардаанд ва боз таҳлил карда истодаанд. Дар асоси таҷҳизоти харидаамон мо бояд корҳои амалӣ-лабораториро дар озмоишгоҳ ба роҳ монем. Фанҳои тахассусие, ки мо бояд мувофиқи нақша зиёд кунем, назарияи биологияи хоҷагии қишлоқ (теория сельскохозяйстеной биологии), генетика, асоси биотехнология (основа биотехнологии), давра ва таҷҳизоти биотехнологӣ (процеси и биотехнологической оборудовании) мебошанд.
Бо мақсади ошкор намудани омилҳое, ки барои донишҷӯён арсаи амалиро муҳаё менамоянд, базаи илмӣ-амалии мавҷудбудаи факултет ҳамчун факултети пилотиро таҳлил намудем. Мо аллакай коршиносонро даъват намуда, таҳлил ва муайян намудем, ки факултети пилотӣ факултети химия-биология буда, чӣ мушкилиҳо дорад ва дар озмоишгоҳ чӣ таҷҳизот намерасад. Баъд аз назариявӣ ба амалиявӣ гузаштан китобҳо, таҷҳизоти техникӣ ва компютер харидем.
Барномаҳои нави таълимӣ, илмӣ-амалие, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ (аврупоӣ), инчунин ба талаботҳои бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд, коркард кардем.
Ҳамон фанҳое, ки гуфтем ҳозир коркард карда истодаем, ҳоло то ба охир рнҷом нашудааст. Коршиносонро даъват карда истодаем. Айни замон таҳлил кардаему он таҳлилҳоро коркард карда истодаем.
Дар асоси лоиҳа базаи илмӣ-амалӣ (татқиқотӣ) барои факултети мазкур, ки ихтисосмандони касбиро аз рӯи ихтисосҳои биология (биотехнология), биология-химия, биология-экология тайёр менамояд, озмоишгоҳ таъсис дода шуд, ки бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бо мақсади азбарсозии таҷрибаи пешсафи Аврупо аз рӯи ихтисоси биология (биотехнология) ва истифодаи таҷрибаҳои андӯхташуда дар фаъолияти ояндаи хеш стади-турҳо барои аъзои гуруҳи корӣ ва омӯзгорони донишгоҳ дар МТОК-и ватанӣ ташкил карда шуд.
Барои татбиқ намудани барномаи нави омодашудаи таълимӣ ва истифодаи маводҳои таълимӣ дар заминаи факултаи интихобгардида ва инчунин бо мақсади самаранок истифода бурдани базаи илмӣ-амалӣ (тадқиқотӣ) омӯзгорони мо бояд барои такмили ихтисос ба донишгоҳҳои шарики хориҷӣ мерафтанд, вале бо сабаби пандемия рафта натавонистанд. Мо ба нақша гирифта будем, ки коршиносони донишгоҳҳои шарикро ду-се маротиба даъват кунем, вале бо сабаби пандемия маротибаи дуюм омада натавонистанд. Имконият шуд, бояд ақаллан як бори дигар омада, каме зиёдтар истанд ва корҳои аввалиндараҷаи ҳар як таҷҳизотро бояд ба мутахассисон ёд бидиҳанд.
Барои самаранок истифода намудани малакаҳои илмӣ-амалии мутахассисоне, ки аз курсҳои такмили ихтиссоси махсус гузаштаанд, байни муассисаҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои ватанӣ барои таҷрибаивазкунӣ бояд шароит муҳайё карда шавад. Бояд аз онҳо омада дар донишгоҳи мо кор кунанд, аз мо бошад, рафта дар онҳо кор кунанд ва таҷрибаивазкунӣ шавад,- афзуд ӯ.
С. ХАЛИЛИЁН,
МТЖТ, шаҳри Кӯлоб