Олимони Донишгоҳи Ҳонконг гузориш медиҳанд, ки онҳо аввалин ҳолати сирояти дубораи коронавирусро сабт кардаанд. Ташхиси сирояти дуюм ба марде, ки чор моҳ пеш COVID-19 дошт, гузошта шудааст. Ҳангоми санҷиши такрории сироят, мариз ягон аломати бемориро нишон надодааст.

Сокини 33-солаи Ҳонконг, ки аз COVID-19 шифо ёфтааст, моҳи апрел аз беморхона рухсат шуда буд, чун табибон ӯро комилан солим эълон карданд, аммо, дар моҳи август, пас аз бозгашт аз Испания, ӯ дар фурудгоҳ санҷиши ҳатмиро супурд  вабори дигар мавҷудияти вирусро дар ӯ тасдиқ карданд.

Пештар низ мақомоти Чин дар бораи чанд ҳолати дубора ошкор кардани вирус хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, гап дар бораи 5-15%-и беморон меравад, аммо бо итминон гуфтан имконнопазир аст, ки ин одамон воқеан дубора сироят ёфтаанд, ё бори аввал табобат нашудаанд.

Роҳбари Ҷумҳурии Тува дар Федератсияи Русия Шолбан Қара-оол эълон кард, ки дубора ба коронавирус мубтало шудааст. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар «ВКонтакте» хабар додааст: «Ман боз дар ин ҷо, дар бемористони касалиҳои сирояткунанда ҳастам ва бори дуюм ба COVID-19 гирифтор шудам».

Вай гуфтааст, ки бори дуюм ин беморӣ дар ӯ дигар хел асар гузоштааст ва дар сари худ дарди шадидро ҳис мекунад. Бори аввал Қара-оол 25-уми май аз сироят шуданаш хабар дода буд.

Бо вуҷуди ин, то ба ҳол ягон ҳолати боэътимоди дубора сироят шудан аз коронавирус маълум нест. Олимон имкони дубора сироят ёфтанро истисно намекунанд, аммо вобаста ба он, ки шахси як бор сироятшуда соҳиби подтан мешавад ва системи эмании ӯ дар мубориза бо ин вирус қудратманд мешавад, эҳтимолияти чунин сироят чандон баланд нест.

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки пас аз барқароршавӣ аз COVID-19, дар хуни аксари беморон подтанҳои мушаххас пайдо мешаванд, ҳатто дар онҳое, ки ин бемориро бе аломатҳои маризӣ гузарондаанд.

Азбаски Sars-Cov-2 бори аввал ҳафт моҳ пеш кашф шудааст, олимон то ба ҳол пешгӯӣ карданро давом медиҳанд, ки иммунитети гирифташуда чӣ гуна аст ва оё дубора сироятёбӣ имконпазир аст.

Бо вуҷуди ин, дар асоси омӯзиши чунин вирусҳо, ки пештар низ буданд ва таҳқиқи хешовандони наздики ин вирус – вируси SARS (илтиҳоби шуш) ва вируси МARS (синдроми роҳинафасии шарқиназдикӣ) баъзе хулосаҳо баровардан мумкин аст.

Дар хуни бемороне, ки дар давоми солҳои 2002-2003 аз SARS шифо ёфтанд, подтанҳои мушаххас ба вирус ба ҳисоби миёна дар тӯли ду сол боқӣ монда буданд (аниқтараш аз як то се сол). Ҳатто дар одамоне, ки гирифтори сирояти вазнин буданд, онҳо 12 сол баъд низ буданд.

Бемороне, ки аз МARS барқарор гаштаанд (ба ҳисоби миёна ҳар сеяк сироятёфта аз он фавтидаанд) ҳадди аққал 34 моҳ подтанҳои махсусро ба вируси MERS нигоҳ доштанд.

Ҳарчанд олимон намедонанд, ки мудофиаи иммунии зидди COVID-19 чӣ қадар тӯл мекашад ва то чӣ андоза самарабахш аст, аммо ин далел ба некбин будан водор мекунад. Ҳар чӣ қадаре ки онҳо ҷавоби ин саволро намедонанд, ҳамон қадар эҳтимоли дубора сироят наёфтан зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here