Дар бораи ин кишвар мо шояд камтар аз дигарон донем. Ба масофа аз мо дур аст, мамлакатест, ки иртиботе бо Тоҷикистон надорад. Вале оё ин метавонад сабаб бошад, ки мо бояд ҳатман надонем?

Замоне Зеландияи нав макони будубоши бузургтарин парандаи олам бо номи Моа буд. Аммо ҳоло онро касе намебинад, чун наслаш мурдааст. Мегӯянд он 3,6 метр қад дошт ва 230 кило вазн.

Зеландияи Нав дар миёни кишварҳои Аврупо аввалин мамлакате дониста мешавад, ки занонро эҳтиром кардааст ва дар қонунгузории худ аз аввалинҳо шуда ҳуқуқи онҳоро баробар ба мардон донистааст.

Зеландияи Навро биҳиште барои дӯстдорони табиат медонанд. Он мамлакати силсилакуҳҳо ва кӯлҳои зебост.  Маконест, ки сокинонаш дар олам аз аввалинҳо шуда субҳро истиқбол мегиранд.

Ва кишварест, ки гӯсфандонаш даҳ баробар бештар аз одамонанд. Дар Зеландияи Нав 31,1 миллион гӯсфанд парвариш мешавад, аҳолии он бошад аз 4,4 миллион нафар беш нест. Ва боз аҷоиботи дигар ҳам дорад, ки метавон дар борааш сухан ронд.

Зеландияи Нав (анг. New Zealand) кишваре дар ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором аст. Он аз ду ҷазираи бузург ва теъдоди зиёди ҷазираҳои хурд (ҳудудан 700 адад) тақсим шудааст. Пойтахти ин кишвар Веллингтон ном дорад

Зеландияи Нав дар кураи замин як гӯшаест, ки хеле дер одамон макони зист қарор додаанд. Бостоншиносон ва муаррихон муайян кардаанд, ки таърихи пайдоиши одам дар ин нукоти кураи арз ба 1250-1300 сол бармегардад. Одамон ба ин макон баъди саргардониҳову сайру гардишҳо дар ҷазираҳои уқёнуси Ором омадаанд. Тадриҷан соҳиби забон ва фарҳанги худ шуданд ва онҳо ба қабилаҳои иви (номи қабила, ки дар тарҷума аз забони маорӣ “устухон” мешавад) ва хапу (чанд хапу як қабиларо ташкил медиҳад) ҷудо мешуданд. Забони бумиёни Зеландияи Нав дар гузашта маорӣ будааст.

Мавқеъи ҷойгиршавӣ, мушаххасоти ҷуғрофӣ

Зеландияи Нав др қисмати ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором дар секунҷаи полинезий ва минтақаи нимкураи об ҷой гирифтааст. Асоси қаламраи ин кишварро ду ҷазираи бузург – ҷазираҳои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, ки бо гулӯгоҳи Кук аз ҳам ҷудо шудаанд, ташкил медиҳанд. Дарозии ин гулӯгоҳ дар тангтарин мавзеъи ин 22,5 км мебошад.  Соҳили ғарбии ҷазираҳо бо обҳои баҳри Тасманов иҳота шудаанд. 

Зеландияи Нав ҳамчунин дорои қариб 700 ҷазираи андозаашон гуногун мебошад, ки дар аксари онҳо касе зиндагонӣ намекунад. Ин кишвар 268 680 км². масоҳат дорад, дарозии хати соҳилии Зеландияи Нав 15 ҳазору 134 км мебошад. 

Ҷазираи Ҷанубӣ калонтарин ҷазираи Зеландияи Нав ва 12-мини ҷазираи бузург дар Сайёра ба ҳисоб меравад. Он дар майдони 150 437  км² доман паҳн кардааст. Дар ин ҷазира тахминан аз чаҳор як ҳиссаи аҳолии мамлакат зиндагонӣ мекунанд. Дар имтидоди ин ҷазира силсилакуҳҳои Алпи Ҷанубӣ дида мешавад, ки бузургтарин қуллаи он  куҳи Кук (3754 метр) мебошад. Калонтарин кӯли ҷазира Те-Анау ном дорад ва он дар Зеландияи Нав ҳам ба вусъату масоҳат дуюмин кӯли калон мебошад.  

Ҷазираи Шимолӣ 113 729 км² масоҳат дорад ва 14-умин ҷазираи ҳаҷман бузурги Сайёра мебошад. Ин ҷазира дар қиёс ба ҷазираи Ҷанубӣ камкуҳтар аст ва барои зисту зиндагонии одамон муносибтар мебошад. Дар ин ҷазира қисмати бештари аҳолии мамлакат зиндагонӣ мекунанд ва шаҳрҳои бузурги он низ дар ҳамин ҷазира бунёд шудаанд. Ҷазираи Шимолӣ бо оташфишонҳои (вулкан-оташфион-зуҳуроти ҷуғрофӣ дар сатҳи замин аст, ки сангҳои гудохта, хокистар ва газҳои даруни замин аз он берун мешаванд. Фаъолияти оташфишонҳо бо гузашти замон боиси пайдо шудани куҳҳои оташфишонӣ дар сатҳи замин шудаанд) фаъолаш фарқ мекунад: аз шаш минтақаи оташфишонии мамлакат панҷ аз он дар қаламрави ҳамин ҷазира ҷойгир шудааст. Дар маркази ҷазираи Шимолӣ кӯли Таупо ҷой гирифтааст, ки калонтарин кӯли Зеландияи Нав маҳсуб мешавад. Дарёи Уаикато, ки 425 км дарозӣ дорад ва дарозтарин дарёи ин кишвар мебошад, низ оғози худро аз ҳамин кӯл мегирад. 

Ба он нигоҳ накарда, ки Зеландияи Нав сарзамини конҳои бузург аст, вале танҳо чашмаҳои нафтӣ, газӣ, тилло, нуқра, ангиштсанг коркард мешаванд. Дар ин кишвар боз захираҳои зиёди оҳаксанг, гилхок, арзиз, мис, сурма, руҳ, манган, симоб, волфрам, платина ва дигар захираҳои фоиданок мавҷуданд, вале онҳо хеле кам истихроҷ карда мешаванд.  

Аврупоиён дар Зеландияи Нав

Сокинони Полинезия бори аввал дар асрҳои XI-XIV ба ҷазираҳои беодами Зеландияи Нав сокит шуданд. Аввалин бор аврупоиён ба Зеландияи Нав соли 1642 дар киштӣ бо Абел Тасмани нидерландӣ омаданд. Дар натиҷаи бархӯрд бо сокинони бумӣ чор тан аз ҳайати ин киштӣ ҳалок шуданд, як маорӣ захм бардошт. Соли 1769 муҳаққиқи британиёӣ Ҷеймс Кук ба ин сарзамин қадам монд ва ҳама манотиқи соҳилии онро ба харита дохил кард. Баъди вай аврупоиёни зиёде омаданд ва аксари онҳо шикорчиёни тюленҳо ва наҳангони баҳрӣ буданд. Бозаргонҳои аврупоӣ ба сокинони бумӣ мушкет (навъе силоҳи оташфишони қадима), картошка ва дигар ҳосили зироатҳои кишоварзӣ оварданд. Аммо сокинони бумиву аврупоиён пайваста барои касби қудрат дар набард буданд. Бар асари бештар аз 600 муҳориба миёни солҳои 1801-1840 аз 30 то 40 ҳазор маорӣ кушта шуд.  Аз солҳои аввали асри 19 мубаллиғони масеҳӣ вориди ин сарзамин шуданд ва бисёре аз бимиёнро масеҳӣ карданд. 

Аз 26-уми сентябри соли 1907 эълони истиқлолият кард. Давлати шоҳии конститутсионӣ ва парлумонӣ аст. Парлумони он якпалатаӣ буда, мақоми қонунбарор маҳсуб мешавад. Замоне парлумони ин кишвар дорои ду палата буд ва палатаи дуюми он Шӯрои қонунгузорӣ соли 1951 барҳам дода шуд. Ба палатаи намояндагон ҳизбҳо ва иттиҳодияҳо афроди худро пешниҳод мекунанд ва дар интихоботи демократӣ интихоб мешаванд. 

Сарвари ҳукумати Зеландияи Нав сарвазир аст ва он аз ҷумлаи касоне хоҳад буд, ки фраксияи ҳизбиаш дар интихобот овози бештар гирифта бошад. Сарвазир генерал-губернаторҳоро таъин мекунад.  

Неруҳои мусаллаҳ, ширкат дар ҷангҳо…

Неруҳи мусаллаҳи Зеландияи нав аз ҳарбии баҳрӣ, Артиши Зеландияи Нав ва Неруҳои шоҳаншоҳии ҳавоӣ иборат аст. Хадамоти амниятии ин кишвар масрафоти зиёд надорад, чун аз мавқеъи ҷойгиршавӣ хатари ҳамлаи мустақим ба он хеле кам аст. Ҷамъи масрафоти ҳарбии Зеландияи нав ҳамагӣ 1 дарсади тавлиди нохолиси кишвар мебошад. 

Зеландияи нав дар Ҷанги ҷаҳонӣ ҳам ширкати мустақим дошт. Тибқи навиштаи Мэри Эдмонд-Пол «Ҷанги якуми ҷаҳон дар ҷомеаи Зеландияи нав осори худро гузошт: наздик ба 18 500 нафар фавтиданд, беш аз 41 ҳазор тан захмӣ, хеле инсонҳо руҳан бемор шуданд”.    

Зеландияи Нав дар ҷанги баҳрии Ла-Плат (бузургтарин бархӯрди баҳрии Ҷанги дуюми ҷаҳон. Киштии олмонии “Адмирал граф Шпее”, ки саргарми амалиёти рейдерӣ буд, аз ҷониби эскадраи киштиҳои британиёии HMS Exeter, HMS Ajax ва киштии Заландияи Нав HMNZS Achilles мушоҳида шуд. Ва дар ҷанг муттаҳидон пирӯз омаданд. Аҳамияти ин ҷанг ба ҳадде буд, ки сарвазири Британия Черчил дар китобаш “Ҷанги дуюми ҷаҳон” навишт: “Ҷараён ва натиҷаи ҷанг дар Ла-Плата обрӯи моро дар арсаи байналмилал боло бурд, мардуми Британияро руҳбаланд сохт”. 

Ҳамчунин дар соли Ҷанги дуюми ҷаҳон ИМА дар қаламрави Зеландияи Нав неруҳои худро ҷобаҷо карда буд.  

Ғайр аз ин Зеландияи Нав дар ҷангҳои Корея (муқовимати ҳарбӣ миёни Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 25 июни соли 1950 то 27 июли соли 1953 идома дошт), Бури дуюм, Афғонистон, Халиҷи Форс ширкат кардааст. Неруҳои посдори сулҳи ин кишвар дар муқовиматҳои ҳарбии Қибрис, Сомалӣ, Босни ва Ҳерзоговин, Синай, Ангола, Кампучи, марзи Эрону Ироқ ва ҷазираҳои Сулаймон иштирок кардаанд.   

Як кишвар ва ду суруди миллӣ

Дар Зеландияи Нав ду суруди миллӣ маъруфият дорад: «Худоё, Зеландияи Навро ҳифз кун» (анг. God, Defend New Zealand) ва «Худоё маликаро ҳифз кун» (анг. God, Save the Queen). Ҳарчанд ин ду суруд мақоми баробар доранд, вале «Худоё, Зеландияи Навро ҳифз кун» серистифода аст.  

Матни суруди «Худоё, Зеландияи Навро ҳифз кун»-ро соли 1870 бастакор Томас Бракен навиштааст. Соли 1940 ин суруд маъруфияти бештар пайдо кард. Аммо танҳо соли 1977 ин суруд чун суруди миллӣ расман қонунӣ шуд. 

Матни суруди «Худоё Зеландияи Навро ҳифз кун» аслан ба забони англисӣ навишта шуда, нусхаи расмии он тарҷума ба забони маорӣ дорад. Тибқи анъана дар чорабиниҳои расмии давлатӣ танҳо банди аввал хонда мешавад: аввал ба забони маорӣ ва баъд бо англисӣ.  

Аҳолӣ, қавҳо ва оморҳои дигар

Аҳолии Зеландияи нав тибқи оморгирии соли 2013 4 миллиону 242 нафар ва бино ба омори соли 2016 4 миллиону 742 ҳазор нафар мебошад. Қисмати асоси аҳолии ин кишвар (74%)-ро аврупоитаборон ташкил медиҳанд. Ва аксари онҳо англисҳои Британияи Кабир мебошанд. Сокинони бумӣ, маориҳо ҳамагӣ наздик ба 14,9% аҳолии ин кишваранд. Осиёитаборон ва полинезийҳо 11,8 % ва 7,4 % аҳолии Зелландияи Навро ташкил медиҳанд, 2,9% арабҳо, амрикоилотиниҳо, африқоиҳо ва дигар халқияту миллатҳо мебошанд.  

Синни миёнаи сокинони ин кишвар 38 буда, соли 2006 бештар аз 500 нафар афроде ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз 100 сол беш доштанд. Як қисмати бештари сокинони Зеландияи Нав ба муддатҳои дурудароз дар хориҷи кишварашон зиндагӣ мекунанд ва калонтарин диаспораи ин кишвар дар Австралия (тибқи омори соли 2014 шумораи сокинони Зеландияи Нав дар Австралия наздик ба 567 ҳазор эълон шуда буд) ва Британияи Кабир (наздик ба 50 000 нафар  бино ба омори соли 2001) зиндагӣ мекунанд.  

47,65 дарсади (тибқи омори соли 2013 ва бо омори соли 2001 58,92%) аҳолии он пайравони оини масеҳият мебошанд. Буддоиҳо 1,50%, исломиён 1,18 фоиз мебошанд. Дар оморгирии соли 2013 наздик ба 41,92 % аҳолии ин кишвар дини худро нишон надодаанд.  

Муомилоти тиҷоратӣ, рағбат ба силоҳ ва мусибатҳо аз он

Маориҳо дар гузашта муносибатҳои моливу пулӣ ва тиҷоратӣ надоштанд, вале табодули колоро таҷриба мекарданд. Ва ин анъанаро онҳо бо маллоҳон ва шикорчиёни наҳангҳо низ роҳандозӣ карданд. Ва як моле, ки маориҳо ба он рағбати бештар пайдо карданд, ин силоҳи оташфишон буд ва ин сабаб ҳам шуд, ки дар аввали асри XIX дар ин кишвар бархӯрдҳои шадиди хунӣ ба вуқуъ пайвастанд, ки дар таърих бо номи Ҷанги мушкетӣ машҳур аст ва он бо танаффусҳои кӯтоҳ то соли 1840 идома кард. Ҷангҳои қавмӣ, ошноии маориҳо бо нӯшокиҳои алкулӣ, бемориҳое аз қабили вараҷа, сурхча, сармохӯрдагӣ, пӯст, ки пештар барои ин қабилаҳо шинос набуданд, сабабгори коҳиши бесобиқаи маориҳо шуданд. Ва соли 1896 теъдоди онҳо дар Зеландияи Нав каме бештар аз 42 ҳазорро ташкил дод.

Соли 1840 Британияи Кабир бо пешвоёни қабилаҳои маорӣ муоҳадаи Вайтангро имзо кард, ки тибқи он маориҳо Зеландияи Навро ба васояти Британия месупурданд, вале ҳуқуқ ба моликияти худро ҳифз мекарданд. Британиёиҳо ҳаққи харидани заминро пайдо мекарданд. Ва дар ҳамин давра ба ҳам омадани маориҳову аврупоиён шуруъ гардид. Объекти тиҷорат ҳамоно замин буд. 

Таърихан маориҳо замин намефурӯхтанд, вале пешвоёнии онҳо ҳақ доштанд онро ба истифода ба ин ё он касе диҳанд. Табиист, ки ин қонуни авлодӣ ба ниятҳои аврупоиён мухолиф буд ва ҳамин ихтилофи назарҳо муҷиби сар задании бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни муҳоҷирони британиёӣ ва бумиҳои Зеландияи Нав дар солҳои 1845 ва 1872 шуда буд, ки дар таърих номи Ҷангҳои замин дар Зеландияи Навро гирифт. Дар ин бархӯрдҳо қариб 2 ҳазор маорӣ кушта шуд ва англисҳо 14 000 км² замини маориҳоро чун ҷазо барои саркашиву ошӯб аз онҳо кашида гирифтанд.  

Солҳои баъдӣ теъдоди аврупоиён пайваста меафзуд ва мориҳо рӯ ба коҳиш меоварданд. Соли 1921 дар Зеландияи Нав 1 миллиону 200 ҳазор аврупоитаборон зиндагӣ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда маориҳо истиқлолияти иҷтимоӣ доштанд, ҳарчанд ба шароитҳои аврупоии зиндагӣ хеле суст мутобиқ мешуданд. Аз миёни маориҳо сиёсатмадрону тоҷирони хуб ҳам пайдо шуданд, мактабҳо барои бачаҳои маорӣ дарҳои худро боз мекарданд.   

Аз соли 1867 маориҳо ҷойи доимӣ дар парлумони кишвар доранд. Соли 2008 онҳо дар Парлумон аз 69 ҷой 7 курсӣ доштанд.

Соли 1900 ин кишвар аз роҳандозии як барномаи густардаи беҳбуди тандурустӣ миёни аҳолии маорӣ қарор қабул кард. Соли 1928 дар ҳукумати Зеландияи Нав аввалин вазири маорӣ ба фаъолият пардохт. 

Тибқи омори расонаишуда 14,6 % аҳолии ин кишвар маориёнанд. Миёни солҳои 1991-2006 шумори онҳо 30 дарсад афзудааст. Наздик ба 47% ҳосили издивоҷҳои омехтаанд (асосан бо аврупоиён). 51% маориёни Зеландияи Нав мардон ва 49% онҳо занонанд. 23 дарсад маориҳо метавонанд бо забони аҷдодии худ озод суҳбат кунанд ва 25% аслан ин забонро намедонанд.  

Забони муошират дар Зеландияи Нав англисӣ ва аз он 96 дарсади аҳолӣ истифода мекунанд. Аксари китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радио ва телевизион бо забони англисӣ мебошанд. Забони маорӣ дуюмин забони давлатӣ дар ин кишвар мебошад.

Маориҳо то омадани аврупоиён хат надоштанд, аз ин рӯ адабиёти Зеландияи Нав хеле баъдҳо рушд кард. Аммо маориҳо хеле ба зудӣ хату савод омӯхтанд ва ҳама фолклори худро дар шакли китобҳо чоп карданд. Аммо адабиёт дар ин кишвар танҳо дар миёнаҳои асри ХХ рӯ ба рушд овард. Жанрҳои анъанавии адабиёти ин кишвар новелла ва ҳикоя буданд. Нависандагоне чун Кэтрин Мэнсфилд ва Ҷаннат Фрейм машҳуранд. Шаҳри Данидин чун шаҳри адабии ЮНЕСКО дониста шудааст.  

Ва боз:

Тибқи омори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наздик ба 50 дарсади зиндониён дар Зеландияи Нав маориҳо мебошанд ва 42%-и ҷиноятҳо дар ин кишвар бо ширкати маориҳо сурат мегиранд. Дар миёни аҳолии ин кишвар маориҳо бешуғланд ва поинтарин сатҳи зиндагӣ ва болотарин сатҳи маргумир низ ба маориҳо рост меояд.

То соли 1840 дар ин кишвар пули ягонаву воҳид вуҷуд надошт. Асосан банкнотҳои британиёӣ дар муомилот буданд. Соли 1881 48 нафар бозаргонҳои хусусӣ муштаракан пули ягонаи худро ба муомилот бароварданд. Соли 1897 пули асосии ин мамлакат асъори Британия таъин шуд. Аз соли 1930 пулҳое, ки Бонки Зеландияи Нав ба муомилот бароварда буд, чун пули воҳид вориди муомилот шуд. 

Зеландияи Нав дорои 3280 кӯл аст ва калонтарини он Таупо мебошад, ки 623 км² масоҳат дорад. Жарфтарин кӯли он Хаурока (қаъраш 462 м) мебошад. Аксари кӯлҳои ҷазираҳои Шимолӣ бар асари оташфишонҳо ва кӯлҳои ҷазираҳои Ҷанубӣ дар натиҷаи об шудани пиряхҳо пайдо шудаанд.  

Бешаҳои Зеландияи Нав ду навъанд: омехтаи субтропикӣ ва ҳамешасабз. Дар ин кишвар ҷангалҳои сунъӣ сохташуда низ зиёданд, ки майдони умумии онҳо наздик ба 2 миллион гектар аст.

Заминларзаҳои харобиовар

Сахттарин заминларза бо қувваи 7,1 дар дар ноҳияи Кентербери, воқеъ дар ҷазираи Ҷанубӣ 4 сентябри соли 2011 рух дод.  

Заминларза бо қувваи 6,3 балл 22 феврали соли 2011 соҳилҳои Зеландияи Навро такон дод. Дар он 147 нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои J.P. Morgan заминларзаҳо дар Зеландияи Нав барои ширкатҳои суғурта 12 млрд. доллар зарар хоҳанд овард.  

Силсилаи заминларзаҳои аз 6,2 то 7,4 балл 13 ноябри соли 2016 дар ҷазираи Ҷанубӣ рух доданд, ки дар он ду нафар ҳалок шуданд.  

Ба ҷойи охирсухан

Зеландияи Нав кишварест, ки метавон дар бораи он соатҳо ҳарф зад ва баҳси он анҷом наёбад. Мусибати сокинони бумӣ худ як китоби ҳанӯз иншонашуда аст ва адибони маорӣ ҳоло ин сарнавиштро тавре боястӣ нанавиштаанд. 

Аз сӯи дигар рушди кишоварзиву саноат, ҷаҳонгардиву ҳунарҳои мардумӣ, филмофариву нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳо аз ҷумлаи мавзуъоте мебошанд, ки хондану шуниданашон хуб аст. Аммо ҳадафи мо ироаи як маълумоти хеле мухтасар дар бораи ин қитъаи олам буд.

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here