Ҳикояте аз ду набард миёни марзбонони Шӯравӣ ва Чин, ки билохира Маскав як ҷазираро ба Чин додааст. Оё мумкин буд, ки баъди муҳорибаи сангин ва талафоти ҷонии гарон заминеро осонакак ба Чин вогузоранд? 2-уми марти соли 1969 неруҳои мусаллаҳи Чин ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карданд. Онҳо сари роҳ марзбонони Шӯравиро дар ҷазираи Даман тирборон намуданд. 15-уми март чиниҳо ин ҳамларо такрор карданд. Бори аввал баъди соли 1941 неруҳои ҳарбии як кишвари бегона ба мамлакати Шӯроҳо ҳамла бурд. Вале ин таҷовузро маъмулан “рӯйдоде дар ҷазираи Даман”, “ҳодисаи марзӣ” ва ё “зиддият” меноманд, ҳарчанд он ҷанги воқеъӣ буд, бо вуҷуди он ки хеле кӯтоҳ ва маҳдуд буд. Ба таври ғайрирасмӣ онро “аввалин ҷанги сотсиалистӣ” меномиданд: бори аввал дар таърих як кишвари сотсиалистӣ ба кишвари дигари сотсиалистӣ ҳамла кард.
Шаби 2-уми марти соли 1969 ба самти ин ҷазира ба таври пинҳонӣ наздик ба 300 нафар аз воҳиди таъиноти махсуси Чин ҳаракат кард. Аллакай субҳ аз постгоҳи марзии чинии Гунси ба Даман то 30 фарди мусаллаҳ равона шуд. Аввалин садои тир соати 11:17 дақиқа бо вақти маҳаллӣ шунида шуд, соат он замон дар Пекин 9:17 дақиқа буд, қувваҳои Чин дақиқаву сонияҳои ин рӯйдодро сабт мекарданд. Тақрибан 30-40 дақиқа пештар аз ин ду марзбон дар бораи ин гуруҳи хурд, ки вориди қаламрав шудааст, хабар доданд. Сардори постгоҳи марзии “Михайловкаи Поён” лейтенанти калон Иван Стрелников фармон дод: “Постгоҳ, даст ба силоҳ баред!” 32 тан аз марзбонон савори чор мошин ва як БТР-60 ПБ ба самти ҷазира роҳ пеш гирифт.
Чиниҳо низ дар ҳайати ду гуруҳ ба ҳаракат даромаданд ва ба ин назар буданд, ки ин як иғвои маъмулист ва нақзкунандагонро бо усули санҷидашудаи “берун рондан” аз мавқеъ дур меандозанд. Автоматҳо дар пушт ва тирдонҳо аз тарси тирандозии тасодуфӣ пайваст карда нашудаанд. Аммо бори аввал дар таърихи бархӯрдҳои марзӣ дар сарҳади Шӯравиву Чин чиниҳо ногаҳон рӯ ба рӯ сӯи марзбонони Иттиҳоди Шӯравӣ оташ кушоданд. Аз камингоҳ ба марзбонони гуруҳи асосӣ ҳамла кард. Аз соҳили Чин ба сӯйи марзбонони Шӯравӣ аз пулемётҳо ва силоҳҳои дигар оташ кушоданд. Ба зудӣ ба ин ҷанг гуруҳе аз постгоҳи ҳамсоя фаро расид ва пайваст. Миёни соатҳои 12 ва 13 чиниҳо захмиёни худро бардошта, ақиб нишастанд. Аммо субҳи рӯзи 15-уми марти соли 1969 чиниҳо бори дигар ба Даман ҳамла оварданд, вале ин бор хеле густардатар аз қабл.
Зарбаҳои ханҷар
Дар ҷангҳо барои ҷазираи Даман қувваҳои Шӯравӣ 152 нафарро талаф доданд: 58 кушта (49 марзбон ва 9 сарбози артиш), 94 захмӣ (61 марзбон, 33 сарбози артиш). Марзбонон бештар рӯзи 2 март талафот доданд, ин замоне буд, ки сӯйи гуруҳи Стрелников аз камингоҳ тир кушоданд. Бори аввал шумори талафотро рӯзи 7 март эълон карданд. Дар нишасти матбуотии Вазорати умури хориҷии СССР гуфта мешуд, ки дар ин муҳориба 31 нафар аз марзбонон куштаву 14 тани дигар захмӣ шуданд. Он замон дар бораи ҳалокати ефрейтор Павел Акулов чизе гуфта нашуд, чун сарнавишти вай номаълум буд. Баъди якуним моҳ чиниҳо ҷасади марзбонро баргардониданд. Ташхиси тиббӣ исбот кард, ки ефрейтор Акулов захмӣ ба асорат уфтод ва аз шиканҷаи чиниҳо ҳалок шудааст.
Дар ҳамон нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки чиниҳо захмиёнро дар рӯ ба рӯ паррондаанд ва ё бо захми корди автомат куштаанд. Чеҳраи баъзе кушташудагон ба ҳадди шинохтанашаванда маслуқ карда шуда буданд. Муддати тӯлонӣ натиҷаи ин ташхисҳо пинҳон дошта шуда буданд ва онро дар ҳамин рӯзҳои мо бори аввал Дмирий Рябушкин — муаллифи мақолаҳои зиёди воқеънигорона дар бораи рӯйдоди Даман фош кард. Ин ҳуҷҷат мегӯяд, ки тақрибан дар ҳамаи ҷасадҳо изи харобкорӣ дида мешавад, ки бо корд ва ё асбоби кунд ё халанда анҷом шудааст. Аз 31 марзбон 19 нафари онҳо аз захми ханҷар (корд), зарбаи қундоқи автомат, зарби тир аз маҳдудаи наздик баъди тир хӯрдан ва ё расидани шикастапораи хумпора ба ҳалокат расидаанд. Ин замоне рух додааст, ки захмиён бедифоъ рӯйи замин ҷон меканданд.
Чунончӣ, қаторӣ Алексей Змеев аз тикаи тири тӯп дар соқи пояш захмӣ шуда буд, дар пушти сараш шикофи тир дида мешавад, ки аз наздик андохта шудааст; қаторӣ Владимир Изотов аз сина тир хӯрдааст, аммо баъди ин бо қундоқи силоҳ ба шикам ва рони чапаш задаанд; қаторӣ Александр Ионин ду тир ба сари сина хӯрдааст, вале баъди ин аз сараш парронда шудааст; қаторӣ Иван Ветрич аз шикастапораи тӯп дар китфи чапаш захмӣ шудааст ва баъдан аз зарбаҳои зиёде бо силоҳи халанда дар сутунмуҳра ва гарданаш ҳалок шудааст; сержант Владимир Рабович аз китфи чапаш захм хӯрдааст, аммо баъдан аз зарби ханҷар ва ё корд ба пешонааш ва тири санҷишӣ аз пушти сараш кушта шудааст. Ҳамин тариқ ташхиси судӣ дар бораи ҳамаи ҳалокшудагон ин гуна хулосаҳо навиштааст.
Дар ҷанги 15-уми марти соли 1969 26 сарбози артиши Шӯравӣ ҳалок гардид (панҷ нафари онҳо аз захми расида), 79 сарбози артиш ва марзбон захм бардошт. Чин теъдоди талафоти худро имрӯз ҳам пинҳон нигоҳ медорад. Ин аст, ки манбаъҳои гуногун рақамҳои ҳавоиву афсонавии аз 500 то 800 куштаро ба забон меоранд, ки дур аз воқеъият аст. ВАО-и Ҷопон навишт, ки чиниҳо дар ин ду муҳориба наздик ба се ҳазор нафарро аз даст доданд. Аз рақамҳои эълоншуда шарҳи ягон манбаъ пазируфта нашудааст ва дар навбати худ Чин низ ин далелу арқомро на тасдиқ кардааст ва на рад. Аммо метавон ин нуктаро таъкид кард, ки артиш ва марзбонони Чин дар ҳамлаи дуюми худ дучори талафоти гарон шуданд. Он рӯз неруҳои мусаллаҳ ва марзбонии Иттиҳоди Шӯравӣ ночор шуд аз силоҳи сақилаи Град ва артилерияи 122 мм истифода кунад.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин дақиқан наметавон гуфт, ки ҷониби Чин дар ин ду ҳамла чӣ миқдор сарбозону афсаронашро аз даст дод. Ин рақам ҳам дида мешавад, ки он рӯз чиниҳо 248 танро талаф доданд. Вале дар асноди расмии ҷониби Шӯравӣ гуфта мешавад, ки 2 март вақте чиниҳо ақиб нишастанд, дар майдони ҷанг танҳо як мурдаи онҳо ба мушоҳида расид. Чуноне Дмитрий Рябушкин менависад чиниҳо системаи басо муҷаҳҳази берун бурдани мурдаву захмии худро доштанд. Дар суҳбат бо Рябушкин сардори бахши сиёсии постгоҳи марзии Иман полковник Александр Константинов гуфтааст, ки баъди муҳорибаи 2-уми март фармондеҳии марзӣ ба ин хулоса омада буд, ки талафоти чиниҳо 100 нафар куштаву захмиро дар бар мегирифт ва на бешу на кам. Бо вуҷуди ин Рябушкин баъди таҳлили арқоми ба дастоварда ва суҳбатҳо бо мутахассисон ба хулосае омадааст, ки чиниҳо дар ин ҷанг на бештар аз 20-40 нафарро талаф доданд. Ин хулоса ба гузориши комиссияи КГБ таҳти роҳбарии генерал-полковник Николай Захаров наздик аст: 39 кушта…
Гузинаи чинӣ: Чаро чунин шуд?
Дар Пекин ин муҳорибаро “зарбаи ҷавобии худҳифозатӣ бар зидди таҷовузи шӯравӣ” унвон мекуннад. Аммо муаррихони чинӣ бо вуҷуд инро рад ҳам намекунанд, ки маҳз неруҳои Чин аввалин шуда ба марзбонони рус ҳамла кардаанд. Вале ин нукта онҳоро ба изтироб намеорад, ки кӣ аввал шуда ҳамла кард ва аз ҷониби кадом тараф тири аввал холӣ шуд, чуноне профессори Донишгоҳи Пекин Ли Данхуэй менависад “зарбаи ҷавобӣ зарур буд, танҳо масъалаи замон ва макон дақиқ нашуда буд”. Иқрори суханпардозона! Ли Данхуэй хабар медиҳад, ки то оғози соли 1969 марзбонони ҶМЧ дастури КМ ҲК ва Шӯрои марказии ҳарбиро ҷиддан риоя мекарданд (сухан дар бораи иғвоҳои зиёд зидди марзбонони Шӯравӣ меравад) ва танҳо 25-уми январи соли 1969 марзбонон имкон пайдо карданд, ки амалҳои ҷавобии ҳарбиро дар ноҳияи Чжэнбаодао (дар Чин Даманро ҳамин гуна меноманд) бо неруҳои се рота тарҳрезӣ кунанд. “Бахше аз ин қуввваҳо,-хабар медиҳад Ли Данхуэй, – бояд дар ҷазира пинҳонӣ мавқеъ мегирифтанд, дигарон наздиктар ба постгоҳҳои марзӣ мерафтанд ва омода мешуданд. Дар умум роҳбарияти округи ҳарбии Шэян ба ин нақша мувофиқ буд. 19-уми феврал Ситоди генералӣ ва ВКХ ба амалӣ шудани ин нақша ризояти худро эълон кард.
Муаррихи чинӣ Ён Куйсин менависад, ки ҳанӯз моҳи январи соли 1968 Мао Сзедун фармони омодагии амалиёти ҳарбӣ алайҳи Иттиҳоди Шӯравиро содир кард ва инро воситаи таҳкими мавқеи дипломатии Чин дар муколамаву баҳсҳо бо СССР қаламдод менамуд. Тибқи ин нишондод округи ҳарбии Шэнян воҳидеро интихобан аз миёни хизматчиёни ҳарбӣ ҷудо кард ва вазифаи онҳо ҳамла ба постгоҳи марзии СССР буд. Мебоист аввал марзбонони Шӯравиро дар ҷазираи Киркин тирборон мекарданд, вале баъдан ин консепсия дигар шуд.
Муаррих суханони генерал Чэн Силянро меорад, ки дар гузашта фармондеҳи округи ҳарбии Шенян будааст: “Ба муҳорибаи аввал, рӯзи 2 март мо аз ду то се моҳ омодагӣ гирифтем. Аз ҷузву томҳои қисми ҳарбӣ мо се ротаи ҷосусиро муҷаҳҳаз кардем, ки ҳар рота аз 200 то 300 сарбоз дошт. Фармондеҳони онҳо аз ҷумлаи афсарони ситодӣ бо таҷрибаи ҷангӣ таъин шуда буданд. Мо онҳоро бо силоҳҳои муҳиму махсус таъмин намудем ва барои роҳандозии амалиёт омӯзиш додем. Баъди ин онҳо ба таври пинҳониву махфӣ ба ҷазира эъзом карда шуданд”.
Ҳисобҳои баробарношуда
Дар бисёр мавридҳо гумон мекунанд, ки ин зиддият бар пояи даъвои қаламрав аз ҷониби Чин рух додааст. Пекин дар гузашта аз Иттиҳоди Шӯравӣ расман 1,5 миллион километри мураббаъ ва ғайрирасмӣ 3 миллион км мураббаъ замин талаб мекард. 10 июли соли 1964 Мао Сзедун дар мулоқоташ бо раиси Ҳизби сотсиалистии Ҷопон Кодзо Сасаки ин даъворо дар миён гузошта гуфта буд: “Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳад зиёд заминҳоро моли худ кард… Онҳо ҳама чизе, ки бояд бурида мешуд, буриданд. Бештар аз 100 сол пеш онҳо заминҳо ба қисмати шарқ аз Байкал, аз ҷумла Боли (Хабаровск) ва Хайшэнв (Владивосток) ва нимҷазираи Камчатка ва ғайраву ҳоказоро аз худ карданд. Товони ин дода нашудааст, мо ҳоло дар ин маврид бо онҳо ҳисобӣ накардаем”. Ва моҳи марти соли 1969 ба сурате, ки дар боло тасвир шуд, ҳисоб ба Маскав пешниҳод гардид…
Аммо дар он замон Мао андешаҳои каме мутафовит ва хос барои иқдоми хунин дошт. Инқилоби фарҳангии оғозшуда тавассути ӯ ба фурӯпошӣ мунҷар шуд, дар кишвар катлҳои хунин идома доштанд, тозакунии сафҳо дастгоҳи давлатӣ, ҳизбӣ ва ҳарбиро ба ларза оварда буд. Ва боз ин ки иқтисод ва ислоҳоти иқтисодӣ комил ба шикаст омад. Мавқеъи Мао дар сатҳи болоии ҳизб заъиф гашт, моҳи апрели соли 1969 мебоист анҷумани нуҳуми ҲК баргузор мешуд ва ӯро “навгониҳои ногуворе” интизор буд. Ли Данхуэй дар бораи он солҳо менависад: «…Мао Сзэдун дар бораи вазъи дохили ҳизб хеле зиёд меандешид. Вай ба ин фикр шуд, ки дар ҳизб аллакай одамони Хрушёв пайдо шудаанд, ки соати як дигаргуниро мепоянд. Аммо дар умум дар кишвар шумораи унсурҳои капиталистиву помешикӣ ба 35 миллион нафар наздик мешуд…”
Аммо ангезаҳои дигаре ҳам вуҷуд доштанд. Чун ҳисоботи ҷангҳои сарҳадиро шунид, Мао иброз дошт: «Муносибатҳо миёни Чин ва ИҶШС ба ИМА мавзуъи басо муҳимро ироа кард, ҳоло чӣ қадар мақолаҳо интишор хоҳанд ёфт!” Бино ба навиштаи Ли Данхуэй, «Миёни ИМА ва ҶМЧ манфиатҳои умумӣ дар самти амнияти давлатӣ пайдо шуд” ва яке аз сабабҳои даст ба ин иқдом задани Чин низ ҳамин низ ҳаст.
Бо гузашти 22 сол ҷазираи Даман амалан ба Чин рафт ва ин шаби 11 сентябри соли 1969 рух дод, вақте марзбонон аз Маскав фармон гирифтанд: “Оташ накушоед!” Ва чиниҳо дубора ба Даман нишастанд. Оё ин ҷазира ба мо лозим буд ё на, мавзуъи суҳбати ҷудогонаест, вале хеле мушкил аст ба андешаҳои Дмитрий Рябушкин розӣ набуд, ки мегӯяд, “баъди рӯйдоди 2 марти соли 1969 ин ҷазираро аслан ва ба ягон шарту шароит ба Чин додан мумкин набуд”.
Владимир ВОРОНОВ
«Совершенно секретно», No.4/420 Марти соли 2019
Таҳияи Ф.Муҳаммад