Барои посухи ин суол дар сар то сари ҷаҳон ҳамасола даҳҳо конфронси минтақаиву байнулмилалӣ ва дохилӣ баргузор мешаванд. Беҳтарин ақлҳои ҷаҳон посух медиҳанд, аммо ҳеҷ яке ба дарди Афғонистон намехӯрад. Вазъи ин кишвар рӯз то рӯз вахим ва боз ҳам ин суоле, ки даҳҳо посух дорад, аммо ҳеҷ яке ба дарди Афғонистон нахӯрдааст, мавзӯи баҳсҳо мешавад.

Дар нишасте, ки дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази “Гуфтугӯи тамаддунҳо” – и Тоҷикистон ва Маркази Лев Гумилёви Русия таҳти унвони “Буҳрони Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор шуд, низ аслан сари ин мавзуъ суҳбат шуд. Дар ин конфронс аҳли илму аъзои аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон аз Афғонистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат карданд.
Вахомати афзояндаи буҳрони Афғонистон коршиносонро дигарбора сари мизҳои баҳс кашидааст. Дар конфронсе, ки аз сӯи Маркази “Гуфтугӯи тамаддунҳо” – и Тоҷикистон ва Маркази Лев Гумилёви Русия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иддае аз коршиносон эҳтимоли аз ин бештар ба вахомат гароидани ноамниҳо дар ин кишварро пешгӯӣ мекунанд.
Павел Зарифуллин, мудири Маркази Лев Гумилёв, яке аз марокизи муътабари омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Русия, мегӯяд, бино ба иттилои Созмони милали муттаҳид, имсол дар Афғонистон кишти хашхош 83 дарсад афзуд ва ин ба он маъност, ки истеҳсол, истеъмол ва тиҷорати маводи мухаддир ба нуқтаи рекордии худ хоҳад расид. Вай афзуд, ихтилофи миёни ҳукумат ва мухолифини ин кишвар сари Кумиссиюни марказии интихобот баргузории интихоботи парлумонии соли 2018 ва президентии соли 2019 – ро таҳти суол қарор додааст:
“Ҳарҷу марҷе, ки дар пайи афзоиши ҳосили хашхошу тарёк ба вуҷуд меояд ва ҳарҷу марҷе, ки аз адами иттифоқи назар миёни ҳокимиятҳои иҷроияву қонунбарор ва аҳзоби матраҳи сиёсӣ сари интихобот ба вуҷуд омадааст, на фақат моро ғамгин мекунад, балки дербоз он чӣ дар Афғонистон мегузарад, моро ғамгин кардааст. Баргузории интихоботи парлумонӣ ва табъан президентӣ таҳти суол қарор дорад. Пешбинии мо ин аст, ки ин ду омил – маводи мухаддир ва адами тавофуқи неруҳо сари баргузории интихобот – ба як задухӯрди васеъе меорад, ки бояд аз он убур ва зарур ояд ба он дахолат кунем. Ман кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро дар назар дорам, ки аз он мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон нигаронанд”
Солҳои ахир дар Афғонистон ҷабҳагириҳои зиёди сиёсӣ мушоҳида мешавад, ки ба қавли коршиносон, аз як буҳрони амиқи сиёсӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Дар ин миён, Шӯрои ҳаросат ва суботи Афғонистони Абураб Расули Сайёф, “Ҷунбиши рӯшноӣ” – и ҳазораҳо, ҷунбиши “Қандаҳори Бузург” – и чеҳраҳои матраҳи вилоятҳои паштуннишини ҷануб, аз ҷумла Қандаҳору Урузгону Ҳилманд, Шӯрои ҳамоҳангии вилоятҳои шарқӣ, “Растохези тағйир” – и тоҷикон, Шӯрои олии “Наҷоти Афғонистон”, ё Эътилофи Анқараи тоҷикону ӯзбекҳо ва ҳазораҳо, “Меҳвари мардуми Афғонистон” – и Ҳомид Карзай ва ғайра рӯи кор омаданд, ки ҳамагӣ аз кори ҳукумати “Ваҳдати миллӣ” – и Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ розӣ нестанд. Ба болои ин, дар Афғонистон ҳудуди 120 ҳизбу ҳаракати сиёсӣ дар вазорати адлия сабти ном шудаанд.
Чӣ бояд кард? Чӣ тавр мешавад аз ноамниҳои эҳтимолии оянда дар Афғонистони бе ин ҳам 30 сол ба ин сӯ дар ҳолати ноамниро ҷилавгирӣ кард?
Умари Нисор, аз Маркази мутолаоти Афғонистони муосир дар Маскав, мегӯяд, хишти аввали нокомиҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ҳанӯз дар конфронси Бон гузошта шуда буд. Вай афзуд, Ғарб он замон фикр кард, ки агар дар Афғонистон интихобот баргузор кунанду парлумону президент сари кор оянд ва ҷомиаи шаҳрвандӣ бунёд шавад, ҳама мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд:
“Аммо дар асл чунин нашуд. Мо дидем, ки онҳо дар истротежии худ анъаноти Афғонистон ва сохтори мураккаби бархӯрдҳои кишварҳои минтақа ба масъалаи Афғонистонро ба ҳисоб нагирифтанд. Агар дар миёни кишварҳои ғарбӣ сари Афғонистон мухолифатҳои ҷиддӣ вуҷуд надоранд, бархӯрдҳои кишварҳои минтақа комилан мухталифанд. Бубинед, ки бархӯрдҳои Эрон, Чин, Покистон ва Русия чӣ гунаанд. Аз ин хотир, ман ҳам бар инам, ки аввал бояд кишварҳои минтақа дар як конфронс ҷамъ омада, рӯйкарди ягонаро эҷод кунанд”
Залмай Муҷададӣ, намояндаи Шӯрои вилоятии Бадахшони Афғонистон, низ бар ин аст, ки қадами аввал дар сатҳи минтақа бояд гузошта шавад:
“Ин кишварҳо ҳеҷ нияти муборизаи содиқона бо терроризмро надоранд. Аз терроризм ҳамчун васила барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии худ истифода мекунанд. 16 сол аст, ки НАТО дар Афғонистон аст. Чаро ҳеҷ пешрафте дар арсаи амният намеояд? НАТО якҷониба муваффақ намешавад чӣ дар Афғонистон бошад, чӣ ҷои дигар. Мо дар Сурияву Ироқ дидем. Агар саҳми Русияву Эрон намебуд, вазъи Сурия беҳтар намешуд. Пешниҳоди мо ин аст, ки дар Афғонистон илова бар ҳамкориҳои ҷаҳонӣ, бештар сари ҳамкориҳои минтақавӣ кор шавад”
Дар ҳамин ҳол, Фаҳими Куҳдоманӣ, аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, такя задан ба кишварҳои минтақа об дар ҳован кӯфтан аст, балки маҳз ҳамин кишварҳо мӯҷиби бадбахтиҳои мардуми Афғонистон шудаанд:
“Гоҳе аз доияи адолатхоҳӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунанд ва гоҳе ҳам дасташон аз пушти сари гуруҳҳои террористӣ дида мешавад. Дар дасти террористон силоҳҳои онҳо аст. Ин вазъ моро дар баробари кишварҳое, ки ҳамсояи мостанд, ҳассос месозад. Бо тақдири илоҳӣ мо дар канори ҳамдигар офарида шудем ва бояд дар сулҳ, дӯстӣ ва ухувват бо ҳам зиндагӣ кунем, вале амалкардҳои машкук ва нодурусти бархе аз ин кишварҳои минтақа моро водор месозад, ки бештар иттико кунем ба тасомим дар сатҳи хеле баланд, ки марбут ба Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид мешавад”
Абдунабӣ Сатторзода, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, роҳҳали дигареро пешниҳод мекунад. Ба қавли ӯ, ҳукумати Афғонистон бояд на Толибон, балки пуштибонони онҳоро сари мизи музокирот шинонад:
“Агар мехоҳед бо Толибон сулҳ кунед, инро бидонед, ки Толибон нерӯи мустақил нестанд. Онҳо соҳибу пуштибон, ба истилоҳи мову шумо, “таға” доранд. Агар он “тағаҳо” ва соҳибони онҳо сари мизи музокирот нанишинанд, сулҳ бо Толибон ба натиҷае намерасад. Толиб аслан касе нест. Толиб аслан нерӯе нест, агар дар пасаш неруҳое набошанд. Онҳо пулу силоҳ медиҳанд, онҳо тарҳ мекашанд. Хеле афсӯс, ки дар ин муддат теъдоди кишварҳои пуштибони Толибон низ афзудааст. Хеле афсӯс! Бисёр афсӯс!”
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон, ҳоло мудири Маркази “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе, музокироти сулҳеро, ки солҳои охир пиёда мешаванд, таҳти суол мегузорад. Вай мегӯяд, музокироти воқеӣ ин аст, ки тамоми неруҳои матраҳи кишвар новобаста аз қавм, самт, мазҳаб ва ғайра сари як миз нишинанд, дар акси ҳол, то ба имрӯз дар Афғонистон ягон музокироти сулҳ муваффақ анҷом наёфтааст:
“Барои ҳамин ман умед мекунам, ки сиёсатмадорони Афғонистон ва он кишвару созмонҳое, ки мехоҳанд софдилона ба Афғонистон мадад кунанд, роҳи ба ҳам овардан ва сари мизи музокира шинондани тамоми неруҳои сиёсии Афғонистонро бояд пайдо ва ояндаи Афғонистонро муайян кунанд. Ояндаи Афғонистон як давлати дунявӣ аст дар кадом шакле, ки набошад. Ҳамқадами замони имрӯза мешавад. Набояд ба самти ақиб ва гузашта рафт”
Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти истротежики назди раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷадиди дохилӣ ва расидан ба як сулҳи собит дар Афғонистон бояд қудрат ба парлумон таҳвил шавад, то як меҳвари сиёсӣ ба вуҷуд ояд. Вай афзуд, Тоҷикистон низ аз ин роҳ пеш рафт ва ба сулҳ расид. Ҷаноби Сафаров аз 80 тарҳи геополитикии ҷаҳон суҳбат кард, ки дар он Паштунистон ҳаст, аммо Афғонистон нест ва ин ҳам дар ҳолест, ки бузургтарин тарҳҳои геополитикӣ, шуруъ аз “Бозии бузург” – и асри 19 то “Бозии бузурги ҷадид” – и асри мо дар Афғонистон пиёда мешаванд. Вай афзуд, шахсан ба ин бовар аст, ки мушкили аслии Афғонистон масъалаи миллӣ аст:
“То масъалаи миллӣ дар Афғонистон ҳал нашавад, ягон масъала ҳал намешавад. Новобаста аз он ки кӣ чӣ мегӯяд, зеро банда мутахассиси ҳамин масъала ҳастам ва медонам, ки он ҷо (дар Афғонистон) масъалаи миллӣ дар ҷои аввал меистад. Агар ин ду миллати бузург (тоҷик ва паштун) сулҳу салоҳ кунанд, бақия ёварони онҳо мешаванд дар ин сулҳу салоҳ. Ин дақиқ, амиқ ва илмӣ аст. Аз ин хотир, пешниҳоди ман ин аст, ки як “нақшаи роҳ” барои коҳиш додани зиддиятҳои миллӣ дар Афғонистон зарур аст. Мо дар замони Шӯравӣ ҳамчунин тарҳҳоро зиёд мекашидем. Идеологияи “ваҳдати миллӣ” дар Тоҷикистон низ ба ҳамин хотир аст”
Ин суҳбатҳо дар ҳолест, ки ду соли ахир барои бурунрафт аз буҳрони Афғонистон чанд тарҳ рӯи даст гирифта шуданд, аммо ҳамагӣ ба муваффақият нарасиданд. Яке аз онҳо “Гуруҳи “6+1” дар ҳайати Ҳинд, Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Покистон ва Афғонистон соли 2016 дар Берлини Олмон ташкил шуд, аммо рӯи коғаз монд. Ҳамин тавр, кӯшишҳои Гуруҳи кории Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Раванди Истанбул, Музокироти чорҷонибаи Амрико, Чин, Афғонистон, Толибон ва як конфронси таҳти ҳимояти Русия бо ширкати 11 кишвар низ ба ҷое нарасиданд. Дар худи Афғонистон тарҳи сулҳи ҳукумат бо Толибон, тарҳи федерализм, пешниҳоди “Ҳукумати посухгӯй ба хостаҳои мардум” ё Ҳукумати шоистасолори Доктор Абдуллоҳ, “Давлати муқтадири миллӣ бо машруияти воло”-и Аҳмадвалӣ Масъуд ва Луи Ҷиргаи Ҳомид Карзай низ ҳамовозӣ пайдо накарданд.
Охирин иқдом Истротежии ҷадиди Амрикост, ки дар ҳоли пиёда шудан аст, аммо ба бовари бархе коршиносон, ҳеҷ шарораеро аз умед дар дили мардуми Афғонистон рӯшан накардааст ва ҳамоно ҳама пеши ин суол, ки “роҳи суботу саодати Афғонистон куҷост?” музтар мондаанд.

Парвиз АМИНЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here