Латвия дуюмин ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки Шӯрои Олии он Эъломияи истиқлоли худро қабул кард ва ин воқеа рӯзи 4-уми майи соли 1990 ба вуқуъ пайваст ва ин боиси пайдо шудани дуҳокимиятӣ гардид, яъне парламент ва ҳукумати Латвия сохторҳои давлати миллии худро ташкил кард ва онҳо дар баробари сохторҳои шӯравӣ ба фаъолияти худ оғоз намуданд.

Яке аз нахустин сохторҳои қудратие, садоқати худро ба давлати тозаистиқлол эълон дошт, Вазорати корҳои дохилии Латвия буд. Дар ибтидои истиқлол ОМОН-и Рига низ аз он ҷонибдорӣ кард.

ОМОН-и Рига яке аз он 5 дастае буд, ки 2-юми октябри соли 1988 тибқи фармони вазири ВКД ИҶШС дар қаламрави паҳновари шӯравӣ таъсис ёфта буд. Ба ин дастаҳо асосан онҳое гирифта шуданд, ки таҷрибаи ҷанги Афғонистонро доштанд ё дар қисмҳои десантӣ, марзбонӣ ва ё дастаҳои пиёдагардони баҳрӣ хизмати аскариро адо карда буданд.

Рӯзи 15 майи соли 1990 ҳарбиёни округи ҷумҳуриҳои Лаби Балтика, ки ситодаш дар Рига буд, бо либосҳои оддӣ ҳамроҳи курсантҳои омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ мустақар дар пойтахти Латвия кӯшиш карданд бинои Шӯрои Олии ҷумҳуриро ғасб карда гирифта, парламенти Латвияро сарнагун кунанд. 

Дар шароити ба амаломада, ОМОН садоқати худро ба истиқлоли ҷумҳурӣ нион дода, дар муддати кӯтоҳ ҳамлаи ҳарбиёни шӯравиро хунсо карданд ва ба қаҳрамонҳо мубадал гардиданд.

Вазъият дар тобистони ҳамон сол тағйир ёфт. 18-уми июни соли 1990 вазири корҳои дохилии Латвия генерал-лейтенант Бруно Штейнбрик, собиқ корманди КГБ ва узви бюрои КМ ҲК-и ҷумҳурии мазкур аз вазифа сабукдӯш гардид. Мавсуф, ки ОМОН-ро дар Латвия ташкил карда буд, бо кормандони он ҳамеша забон меёфт.

Вориси ӯ, собиқ сардори Раёсати корҳои ҷиноятии Латвия, полковники милиса Алоиз Вазнис кормандони ғайрируси ин дастаро аз ҳайати он хориҷ кардан хост ва ин боиси сар задан ва шиддат гирифтани ихтилоф миёни вазири нав ва хизматчиёни ОМОН гардид.

Азбаски аксарияти даста забони латвониро намедонистанд, хатари маҳрум шудан аз шаҳрвандии ҷумҳурии мазкур барои онҳо ба миён омад. Дар натиҷа, вазир супориш дод, ки ба ОМОН маош, муҳимот, сӯзишворӣ ва ғ. дода нашавад. Ба дунболи ин, баъди чанде А. Вазнис ба вазири корҳои дохилии ИҶШС муроҷиат намуда, дархост кард, ки фармони барҳам додани дастаи ОМОН-и Ригаро содир намояд.

Аммо вазири ВКД В.Бакатин ба дархости котиби якуми ҲК Латвия А. Рубикс гӯш дода, бо баҳонаи афзудани нерӯи ҷудоихоҳони дар ҷумҳуриҳои Лаби Балтик на танҳо ОМОН-ро барҳам  надод, балки онро ба тобеияти дивизияи 42-и ВКД гузаронд.

Ситоди дивизияи мазкур дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Ҷумҳурии Литва буду полки он дар шаҳри Рига-пойтахти Ҷумҳурии Латвия қарор доштанд.

Дар айни замон, ба дастаи ОМОН, ки то ин вақт танҳо бо таппончаҳо мусаллаҳ буданд, ҳамчунин автоматҳо, гранатаҳо ва ду БТР-и нав доданд.   

Вақте ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Латвия Эъломияи истиқлоли худро қабул кард, даста қабули савгандро барои нишон додани садоқат ба роҳбарони нав рад кард. Фармондеҳи ОМОН Чеслав Млинник бо сароҳат эълон дошт, ки танҳо ба вазири нави корҳои дохилии ИҶШС Борис Карлович Пуго итоат мекунад.

Ҳамин тариқ ба тобеияти ВКД-и Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштан ва ҳамзамон рад кардани тобеият ба ВКД Ҷумҳурии Латвия мухолифати миёни ОМОН ва роҳбарияти маҳаллиро шиддат бахшид ва дар натиҷа рӯзи 2-юми январи соли 1992 амалиёт шуруъ шуд.

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Рига ҷонишини вазири мудофиаи ИҶШС генерал-полковник В.Ачалов ҷаласа доир карда, ҳамроҳи фармондеҳи округи Лаби Балтика М.Кузмин лоиҳаи эълони вазъияти фавқулоддаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Литва генерал В.Варенников даъвати маҷбурии ҷавононро ба артиш ташкил мекунад. Аз ҷониби дигар, ба ҳар се ҷумҳурии Лаби Балтика ба таври махфӣ гуруҳҳои десантии артиши шӯравӣ дохил карда мешаванд, то ки баъди эълони вазъияти фавқулодда ин ҷумҳуриҳоро зери контроли худ қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ, дар ибтидои моҳи январи соли 1991 бо дархости КМ Ҳизби коммунисти Латвия ва фармони вазири ВКД-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки роҳбарияшро собиқ Котиби якуми ҲКТ ҳамин ҷумҳурӣ Борис Пуго ба уҳда дошт, хонаи матбуотро, ки аллакай миллӣ эълон шуда буд, ба тасарруфи худ даровард ва чопи якчанд нашрия қатъ гардид.

Вазъият дар Латвия баъди сар задани воқеоти хунини Вилнюс муташанниҷ гардид, зеро КМ Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ба унвони президенти Иттиҳоди Шӯравӣ М.Горбачёв муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки идораи президентиро ҷорӣ карда, ба дуҳокимиятӣ дар Латвия хотима диҳад.

Аз ҷониби дигар, котиби КМ ҲК Латвия Оярс Петрека талаб намуд, ки парламент ва ҳукумат ба истеъфо раванд, дар акси ҳол сокинонро ба корпарпартоӣ даъват мекунад.

Аммо М.Горбачёв ҳозир нашуд, ки дар ҷумҳурии мазкур вазъияти фавқулоддаро эълон кунад ва ба неруҳои интизомӣ иҷозат диҳад, ки барои расидан ба ин мақсад аз қувва истифода баранд.

Рӯзи 13-уми январ баъди сар задании воқеоти хунин дар Вилнюс раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Латвия А.Горбунов ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Русия Б.Елтсин созишнома «Дар бораи равобити банйалмилалиро» ба имзо расонданд.

Ин шартнома имкон медод, ки сокинони Русия ва Латвия, ки то замони имзои созишномаи мазкур дар Русия ва ё Латвия зиндагӣ мекарданд, шаҳрванди ИҶШС боқӣ монанд ва ё шаҳрвандии Русия ва ё Латвияро интихоб кунанд.

Табиист, ки Комитети шаҳрвандони Латвия ба муқобили созишномаи мазкур садои эътирози худро баланд карда, изҳор дошт, ки он ҳуқуқҳои шаҳрвандони Латвияро поймол мекунад.

Аммо сарфи назар аз ин, як рӯз баъд Шӯрои Олии Латвия онро ба имзо расонд.

Аммо рӯзи 14-уми январ ОМОН шуъбаи милисаро дар минтақаи «Ватсмилгравис» халъи силоҳ гардонд. Рӯзи дигар факултети Мактаби олии ВКД-и Иттиҳоди Шӯравиро низ таҳти тасарруфи худ даровард. Рӯзи 15-уми январ КМ ҲК Латвия зери роҳбарии Алфред Рубикс дар бораи таъсиси Комитети наҷоти миллӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки тамоми ҳокимиятро дар ҷумҳурӣ ба дасти худ мегирад.

Ҳамин тариқ, ба мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон рӯзи 15-уми январи соли 1991 дар мизи гирде, ки бо ширкати раиси Шӯрои Олии Латвия А.Горбунов ва аҳзоби сиёсӣ баргузор гардид, фармондеҳи округи ҷумҳуриҳои Лаби Балтика генерал-полковник Кузмин барнома дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти фавқулоддаро қироат карда, ҳамчунин як қатор талаботро пеш гузошт, аз ҷумла:

— баргаштан ба иҷрои талаботи Конститутсияи ИҶШС ва қонунҳои ИҶШС;

— бекор кардани қонунҳои қабулшудае, ки ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва русзабонҳоро поймол мекунад;

— иҷрои қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ;

— пароканда кардани ташкилотҳои ғайриқонунии ҳарбӣ;

— халъи силоҳ кардани аҳолӣ;

— зери контрол гирифтани силоҳи ВКД ва хадамоти гумрук;

— уҳдадор кардани ВКД ва Прокуратураи Латвия барои иҷрои қонунҳои ИҶШС ва фармону супоришҳои президенти ИҶШС;

— эътироф кардани ВКД-и Латвия ва вазири он А.Вазнис ҳамчун қувваи харобкор, ки ба рақобат ба муқобили вазорати мудофиа бархостааст.

16-уми январи соли 1991 ба Рига ҳайати Шӯрои Олии ИҶШС таҳти роҳбарии депутат А.Денисов ва як гуруҳ кормандони разведка омада, баъди бозгашт ба Маскав иттилоъ доданд, ки барои эълони вазъияти фавқулодда дар Латвия тамоми шароит муҳайё аст, кадрҳои зарурӣ ҳозир шудааст.

Худи ҳамон рӯз ОМОН монеаҳои сунъиеро, ки аз КАМАЗ-ҳо дар минтақаи «Ватсмилгравис», дар боли ягона пуле, ки базаи ОМОН-ро бо Рига пайваст мекард, сохта шуда буд, барҳам дод. Дар натиҷаи ин амалиёт аз тири дастаи ОМОН ронанда Роберт Мурниекс кушта шуд. 

Дар шароити ба амаломада Фронти халқии Латвия ба таври оҷил ҷаласаи изтирории худро даъват намуд ва дар он тасмим гирифта шуд, ки ба хотири дифоъ аз истиқлоли ҷумҳурӣ манифестатсияи умумиҷумҳуриявӣ даъват кунад.

Дар натиҷа, дар тӯли чанд соат наздики 500 ҳазор нафар дар маркази шаҳри Рига ҷамъ омада, баррикадаҳо сохтанд.    

17-уми январ вазири корҳои дохилии Латвия Алоиз Вазнис ба тобеони худ фармон дод, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳар гуна хатар зимни муҳофизати биноҳои маъмурӣ аз силоҳи оташфишон истифода баранд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Латвия Анатолий Горбунов ва сарвазир Иварс Годманис ба унвони президенти ИҶШС нома равон карда, талаб карданд, ки агар барои барҳам додани ОМОН-и Рига чораҳои фаврӣ дида нашаванд, роҳбарияти Латвия мустақиман онро барҳам медиҳанд.

Ба қавли А.Вазнис, то 13-уми январ ба Рига як гуруҳи иборат аз 40 нафар, ки худро варзишгарони булғорӣ муаррифӣ мекарданд, омаданд. Аммо онҳо фақат ба забони русӣ гап мезаданд.

Ҷолиб ин буд, ки ин даста ду рӯзи аввал дар қароргоҳи ОМОН истоданд ва баъди оғози амалиёти ҳарбӣ дар Рига онҳоро як автобус ба назди Театри опера ва балет оварда, сипас онҳо дар инҷо ба «Волга»-ҳо савор шуда, дар пойтахти Латвия пароканда шуданд.

А.Вазнис ҳадс мезанад, ки ин ин гуруҳи «Алфа»-и КГБ-и ИҶШС буд, ки дар саркӯб кардани норозиён ва истиқлолхоҳон дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат карда буданд, аз ҷумла дар моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе.

Рӯзи 19-уми январ ОМОН ба мактаби милисаи шаҳри Рига ҳамла карда, онро зери тасарруфи худ қарор дод. Баъди чанд муддат худи ҳамон рӯз дар назди Хонаи матбуот пости ОМОН тирборон гардид.

Тибқи иддаои хизмтачиёни ОМОН ҳамчун ҳамлаи ҷавобӣ зани командири взводи ОМОН Лактионов таҷовуз карда шуд. Даста ба ҷустуҷӯи таҷовузгарон баромада, ба зудӣ як микроавтобуси «Латвия»-ро, ки дар он 5 нафар дружинникҳои «неруҳои миллии мудофиа» қарор доштанд, боздошт намуданд.

Тибқи иттилои собиқ роҳбари гуруҳи тафтишотии Маскав В.Костиря дар ин мошин силоҳи сард ва муҳимоти ҷангӣ пайдо мешавад. Аз ин рӯ, фармондеҳи ОМОН Ч.Млинник тасмим мегирад онҳоро ба прокуратура супорад.

Ҳамин тариқ, рӯзи 20-уми январи соли 1991 дастаи ОМОН дар 8 мошин ба тарафи бинои Прокуратура ҳаракат карданд. Сад метр то бино мондан дар наздикии ВКД онҳо тирборон шуданд. 

Чунон ки худи хизматчиёни ин даста баъдҳо изҳор доштанд, ОМОН-ро аз ду тараф тирборон карданд — аз худи ВКД ва парк, ки дар тарафи муқобили бинои мазкур буд. Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ ОМОН ба бинои ВКД-и Латвия ҳамла карда, ба зудӣ пурра онро ҳамроҳи Вазорати сохтмон тасарруф намуд.

Аммо ин фарзияи ОМОН-ро роҳбарони Латвия инкор карда, мегӯянд, ки мақсади Млинник ва тобеони ӯ тасарруфи ВКД-и Ҷумҳурии Латвия буд, зеро танҳо нерӯе, ки дар муқобили ҳарбиён ва дастаи ОМОН дар ҷумҳурӣ амал мекарда метавонист фақат ҳамин ВКД буд, ки кормандонаш дар сурати зарурӣ мусаллаҳ гардида, дар муқобили истилогарони Кремл муқовимат нишон дода метавонистанд.

Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи кормандони ВКД-и Ҷумҳурии Латвия 5 нафар кушта шуданд, аз ҷумла, сарнозири минтақавӣ Сергей Кононенко, лейтенанти милиса Владимир Гомонович, коргардони филмҳои мустанад Андрис Слапинш, наворбардори филмҳои бадеӣ Гвидо Звайгзне, мактаббача Эдийс Риекстинш кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Аммо шабонгоҳ сарвазири Ҷумҳурии Латвия Иварс Годманис бо фармондеҳи ОМОН-и Рига Чеслав Млинник ба тавофуқ расиданд ва дар натиҷа даста ба қароргоҳи худ баргашт ва хунрезӣ анҷом ёфт.

Дар моҳи августи ҳамон сол ба дунболи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Млиник ва тобеони ӯ дар тӯли чанд соат қариб тамоми биноҳои маъмурии Латвияи ба истиқлолрасидаро ғасб кард, аммо баъди суқути КДВФ аз онҳо хориҷ шуда, ба пойгоҳи худ баргаштанд ва баъди муддате ОМОН-ро аз ҷумҳурии мазкур ба Русия баргардонданд.

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here