Мардуми эронитабор дини исломро пазируфтанд, вале ҳамчунон аз ойинҳои ахлоқиву динии пешини худ даст барнадоштанд, бавижа аз таҷлили ҷашни Наврӯз. Чаро ки Наврӯз аз нигоҳи ҳамзистии инсоният ва маънавиёти иҷтимоиву фалсафӣ, ягона ҷашне буд, ки кеҳтарону меҳтаронро ба як шакл шодбош мегуфт. Бад-ин қарор, Наврӯз дар дилҳои мардум маскан гирифта буд ва бидуни ташвиқу тарғиб дар маснади ҷашни умумимиллӣ нишаста буд. Ҳарчанд дар масири таърих Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, вале бо ҳар кадомашон мувофиқа мекард, аз ин лиҳоз, барои Наврӯз қавми арабу дини Ислом низ бегона набуд. Чи гунае, ки муаррихи эронӣ Ризо Шаъбонӣ дар ин хусус менависад: «Аъроб иди Наврӯз ва иди Меҳргонро аз куҳантарин замонҳо мешинохтанд. Олусӣ гӯяд, ки «мардуми Мадина пеш аз ислом ду ид доштанд: Наврӯз ва Меҳргон ва чун Расули акрам (с) ба Мадина омад, бар одобу русуми эшон дар ин ду ид огоҳ шуд, гуфт: «Худои таборак ва таъоло ба ҷои ин ду ид беҳтар аз онҳоро барои шумо арзонӣ доштааст, ки явмулфитр ва явмуннаҳр аст», ин амр нишонаи он аст, ки аъроб бо эрониён улфати куҳан доштанд ва ҳатто дар бархе аз мазоҳири маданӣ аз онон пайравӣ мекарданд».  (Р. Шаъбонӣ, Одоб ва русуми Наврӯз, «пайванд», Душанбе, 2011, саҳ. 143).

Пажуҳиши мо дар ин мақола омилҳои мондагории ҷашни Наврӯз баъд аз истилои марзу буми эронитаборон аз тарафи арабҳоро дар бар мегирад.

Дар замони давлатдории хилофати Уммавиён (661-750) бо мақсади дар байни мардумони Варорӯд пайдо намудани обрӯ ва ҳадяҳои беҳисоб, ки ба таври яқин даромади муфту ғанимат ҳам ба хилофат ҳисоб меёфт, барои гузарондани иди Наврӯз муқобилат намекардаанд. Дар ин маврид андешаҳои гуногун аз ҷониби донишмандон матраҳ шудааст. Аз ҷумла, пажуҳишгари эронӣ Муҳаммадризо Тоҷдинӣ менависад: «Дарборҳои нахустини халифаҳои ислом ба Наврӯз эътиное надоштанд ва ҳатто ҳадяҳои ин ҷашнро ба унвони хироҷи солона мепазируфтанд. Вале хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ, ҳадяҳои Наврӯзро маъмул донистанд ва амирони онҳо барои ҷалби манфиатҳои худ мардумро ба ҳадяҳои наврӯзӣ ва эҳдои туҳфаҳо даъват мекарданд. Вале баъдҳо ин маросим аз тарафи халифаҳои уммавӣ дигар ба баҳонаи гарон омадани эҳдои туҳфаҳо бар мардум аз байн бурда шуд. Вале дар тамоми ин муддат, эрониён маросими ҷашни Наврӯзро барпо медоштанд ва дар замони хилофати Аббосиён (750-1258) ва дар натиҷаи зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва рӯи кор омадани халифаҳои Аббосиён ва нуфузи Бармакиён (Оли Бармак) ва дигар вазирони эронитабор ва ташкили силсилаи давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён ва ба вижа Сомониён ҷашнҳои мардуми таҳҷоӣ, аз ҷумла Наврӯз равнақ ёфтанд». (faraj.tj/index/php/tj/tarikh/13408-sajri-ta-rikhii-navr-z-dar-eron.html).

Бештари мадракҳои таърихӣ шаҳодат бар он медиҳанд, ки сабаби побарҷойии ҷашни Наврӯз дар дину идеалогияи исломӣ аз даромадҳои беҳисоби Наврӯз вобастагӣ дошт. Чун Наврӯз сари сол фаро мерасид ва барои боҷу хироҷ ғун доштан муфид буд ва ин кор дар қадим аз шоҳони Аҷам мерос мондааст. Арабҳо ин хусусияти Наврӯзро писандиданд ва бевосита эшон ҳам ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Аз рӯи  навиштаҳои таҳқиқгарон метавон гуфт, ки омили бегазандии Наврӯз нахуст пайвандӣ ногусастании мардум бар ин ҷашн бошад, сабаби дигар ҳамон андешаи қабл аст, ки халифаҳои араб аз таҷлил кардани мардум судҳо ва ғаниматҳо мебардоштанд. Аммо он чизе, ки мо барои ҷовидонагии суннатҳову мероси то исломии гузаштагон, хоса ҷашни Наврӯзро маҳсуб донистем, басанда набудааст. Баҳри безаволии он ҳама ёдгориҳои фарҳагиву иҷтимоӣ, қудрати бузурги сиёсиву давлатдорӣ, пажуҳишҳои илмиву адабӣ зарур буд. Дар ин замина, хидмати бузурги сулолаи Сомониён буд, ки тамоми он шароитҳоро фароҳам овард ва адибону олимонро ҷалб намуд, то меъмори маънавиёту хиради миллати худро барфарозанд ва дар ин мақсади хеш муваффақ ҳам гардид.

Дар замони давлатдории сулолаи Сомониён ба таъбире «давраи тиллоӣ» -и таърихи эронинажодон маҳсуб меёбад. Дар ин айём бештари суннатҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гардиданд, ки дар ин раванд хидмати шоҳи Сомониён Исмоили Сомонӣ ва вазири хирадгустараш Абӯалии Балъамӣ басо муассир аст. Бо ибтикори ин мардони накӯном осори гузашта, аз забонҳои паҳлавӣ ва арабӣ ба забони нави форсӣ тарҷумаву интишор дода шуд.

Худшиносӣ ва бедории миллӣ ва қиёми маънавиву ахлоқии тоҷикон ва соири қавмҳои ориёӣ дар асрҳои IX-X аз муҳимтарин ва ҷомеътарин вижагиҳои маънавии назми аҳди Сомониён ва ба таври умум адабиёти он давр ба шумор меояд. Аз ин лиҳоз, адабиёти аҳди Сомониёнро метавон давраи эҳёи анъанаву суннатҳои тоисломии халқҳои эронӣ, таҷдиди дунёи устураҳо ва ҳамосаҳои бостон, бозофаринии дастовардҳои ақлониву рӯҳонии Эронзамини тоисломӣ дар партави ҷаҳоншиносӣ номид. Ҳувияти миллӣ ва ормонҳои мардумӣ дар кулли осори шоирону нависандагон инъикос гардидааст. Ғолибан дар он замон ҳама равандҳо ва суннатҳои фарҳанг ва илму адаби ҳазорсолаи тоҷику форс заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Хосатан, ҷашну маросимҳои тоисломии мардум дар мадди аввали аҳли фарҳанг буд. Адабиёти дар он замон баҷой монда, гувоҳӣ медиҳад, ки арзишҳои ҳувиятсози миллиро бо ҳар қиммате бояд ҳифз карду бегазанд нигаҳ дошт. Дар инъикоси суннатҳои аҷдодӣ, бавижа ҷашни Наврӯз осори ба ғоят зиёде аз он даврон боқӣ мондааст. Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хоссаро пайдо карда буд. Наврӯзро бо тамоми ҷузъиёташ Сомониён таҷлил менамудаанд. Дар эҷодиёти шоирони он давра васфи баҳору Наврӯз хеле бо нафосату рангин тасвир ёфтааст. Чи тавре, ки шоири дарбори Сомониён Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941), омадани баҳорро тасвир менамояд:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.

Дар ҷои дигар мефармояд:

Бод бар ту мубораку хуншон,

Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон.

Манзури шоир аз ҷашни «Гӯспандкушон» ин иди «қурбон»-и мусалмонӣ аст, мутаассифона имрӯз мо он номи сирф тоҷикиро фаромуш кардаем.

Шоир дигари аҳди Сомониён Дақиқӣ менависад:

Барафканд, эй санам, абри биҳиштӣ

Заминро хилъати урдибиҳиштӣ…

Дақиқӣ чор хислат дӯст дорад

Ба гетӣ аз ҳама хубиву зиштӣ:

Лаби ёқутрангу нолаи чанг,

Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.

Посдорӣ ва ифтихор аз русуму ойинҳои милливу мазҳабӣ дар назми аҳди Сомонониён дар маънибандиҳои фаровон бар асоси адёни бостонии қавмҳои ориёӣ низ ба зуҳур мерасад. Шуарои давр аз қабили Рӯдакӣ, Хусравии Сарахсӣ, Хусравонӣ, Абӯшакури Балхӣ, хоссатан Дақиқӣ зимни руҷӯъ ба гузашта аз муқаддасоти ойини зардуштия ёдовар шудаанд, китобҳои мазҳабӣ ва пораҳои онҳоро дар тасвироту ташбеҳоти худ ба кор гирифтаанд, зеро ойину мазоҳиби бостонӣ ва кутубу осори марбут ба онро суханварони қарни X ва баъдинаҳо низ ҷузъе аз таъриху фарҳанги аҷдод ва ганҷе аз ганҷинаи андешаву ақоиди аҷдодон ба шумор меоварданд.

Дар пасманзари эҷодиёти бунёдӣ ва то қарни ХХ агар таваҷҷуҳ намоем, ҳамагуна суннатҳои мардумӣ ҳифз ва муқаддас нигаҳдорӣ гардидаанд ва дар баробари динситезону мутаасибони аҳзоб ҷашни Наврӯз бо пуштубонии мардум ва аҳли зиё беосеб бимонад.

Дар воқеъ, осору гаҷинаҳои тоисломӣ ва замони исломӣ, ки хусусиятҳои илмиву дунявиятро доштанд, саргузашти сангинеро аз сар гузарондаанд. Қисми зиёди асарҳои илмии олимон нобуд гардиданд. Таҷовузи арабҳо бар илмҳои коинот, нуҷум, табиатшиносӣ, фалсафа ва амсол аз инҳо дар таърихи эронинажодон бесобиқа буд. Вале дар ин миён барои ҳизфу нигаҳдории осори ниёгон ва пуштбонии олимони вақт хидмати сулолаи Сомониён хеле муассир аст. Дар Варорӯд дар миёни хилофату давлатҳои дигар танҳо Сомониён шароити эҷоди илму адаб фароҳам оварда буданд ва ҳамчунин олимонро ба сӯи худ ҷалб менамуданд. Чи тавре, ки донишманди замон Абӯалӣ ибни Сино дар ёддоштҳои худ ёдовар мешавад, Сомониён китобхонаи бузурге доштанд ва ба ӯ имкони вуруд ба китобхонаро медиҳанд. Вақте Сино аз китобхона дидан мекунад, дар шигифт меафтад аз низоме, ки дар китобхона мебинад; китобҳо аз рӯи соҳаи илми худ,  ҳар кадом дар ҳуҷраи алоҳида гузошта шуда буданд. Пури Сино дар он китобхона китобҳоеро дид, ки на номашон ва на нишонашонро аз он пеш нашунидаву надида буд. Ӯ худ менависад: «дар он китобхона китобҳои бисёр дидам, ки ҳатто номашон ба бисёр касон номаълум буд ва ман ҳам пеш аз он надида  будам ва то кунун ҳам надидаам. Он китобҳо ба масъалаҳое пайвастагӣ дошт, ки ҳанӯз  ҳам номаълум аст». (А. Сино, Пирӯзнома, Душанбе, «маориф», 1980, саҳ. 18). Аз ин ҷиҳат барои олимону адибон офаридани рисолаҳои илмиву адабӣ имконияти мусоид фароҳам буд. Аз ин лиҳоз, нақши сулолаи Сомониён дар бегазандӣ ва равнақи тоза ёфтани мероси ниёгон хеле калон аст. Дар ин миён ҷашни Наврӯз ҳам аз ҳимояти эшон бенасиб намонда буд. Сохтори давлатдории Сомониён чунон машҳур гардида буд, ки баъд аз пошхӯриаш тамоми давлатҳое, ки ташкил ёфтанд, махсусан дар Осиёи миёна, ҳарчанд догмаи мазҳабиву динситезӣ дучандтар мегардид, вале дар давлатдорӣ пайравии онҳоро мекарданд. Ҳамон таъсири Сомониён буд, ки шоҳи Салчуқиён Ҷалолиддин Маликшоҳи Салчуқӣ (1072-1092) дастур дод теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гуруҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳот дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузарондаи ҳаким Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад.(  https://tg.m.wikipedia.org/wiki/Наврӯз) .

Поягузор ва таҳрикдиҳандаи инкишофи  илм Сомониён буданд, ки баътар дар илму адаб инқилобе фарзонагони форсу тоҷик ба вуҷуд оварданд. Аммо, мутассифона, ин раванд баъд аз асрҳои 12-13 як бора бо иллати догмаи руҳониёни динӣ ва амирони аз илму хирад ноогоҳ, ба тадриҷ рӯ ба завол овард. Дар ин росто, Наврӯз ҳам бисёр осебҳо дид, вале мардум нагузоштанд, ки нобуд шавад ва ба гӯшаи фаромӯшӣ равад. Ҳарчанд намояндагони дину мазҳабҳо барои таҷлили Наврӯз муқобилиятҳо нишон медоданд, вале ҳеҷ кадом фатвову амрҳои эшон таъсиргузор набуд. Чи тавре, ки зикраш намудем, боз ҳам ҳадяҳои наврӯзӣ барои бақои ӯ сабаб гардид, ки то ба замони мо омад.

Агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ва фарҳангшиносӣ ҷашни Наврӯзро  баррасӣ намоем, он гоҳ хоҳем дарёфт, ки Наврӯз сиратану сириштан тавъам бо фитрату офариниши инсон аст. Дар ҳаёти инсоният Наврӯз нақши меҳварӣ дорад ва барои зиндагии рангину пурэъҷози эшон мавқеи вижаро касб кардааст. Наврӯз дар сарчашмаи таҳаввулоти андеша, пиндор ва гуфтори башарият қарор гирифтааст, аз ин рӯ ҳеҷ кадом дину мазҳабе Наврӯзро аз ҳаёти одамиён маҳв карда наметавонад. Наврӯз чун қомуси илму хирад дар хидмат будааст ва хоҳад монд.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

Ризо Шаъбонӣ, Одоб ва русуми Наврӯз, «пайванд», Душанбе, 2011.

faraj.tj/index/php/tj/tarikh/13408-sajri-ta-rikhii-navr-z-dar-eron.html.

Ҳафт суфраи Наврӯз (суфраи аввал), Душанбе, «ЭР-граф», 2014.

Абӯалӣ  Сино, Пирӯзнома, Душанбе, «маориф», 1980. https://tg.m.wikipedia.org/wiki/Наврӯз

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here