Дар таърихи Нюрнберг саҳфаҳои драмавиву фоҷеабор ба асри ХХ алоқаманданд. Соли 1927 ин шаҳри қадимии Олмон ба маркази идеологии натсионал-сотсиалистҳо табдил шуд. Дар ин шаҳр бештари анҷуманҳои ҳизбӣ доир шудаанд, роҳпаймоиҳои аъзои ҳизби миллигаро маҳз аз ҳамин шаҳр шуруъ гардиданд. Аввалин нутқҳои оташини сарвари ин ҳизб Адолф Гитлер ҳам аз даҳҳо минбари анҷуману гирдиҳамоиҳои ҳамин шаҳр ба гӯши ҳамаи олмониён ва мардуми минтақаву ҷаҳон расиданд. Рейхи сеюм дар солҳи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳамин шаҳр конслагерҳои худро бунёд намуд. Ва билохира маҳз дар Нюрнберг додгоҳи ҷинояткорони ҷангӣ доир шуд, ки муттаҳаминро ҳукми ҷазо муқаррар намуд.
Бо гузашти даҳсолаҳо аз рӯйдодҳои хунини гузашта ва мурофиаи додгоҳӣ дар Нюрнберг ин ҳамаро наметавон тасодуфӣ номид.
Соли 2001дар Нюрнберг тарҳи байналмилалии Маркази ҳуҷҷатнигорӣ таъсис ёфт, ки ширкаткунандагонаш ба пажуҳиши гузаштаи начандон дур-забони ҳокимияти миллигароёни гитлерӣ мепардозанд. Ин марказ дар маконе ҷойгир шудааст, ки он замонҳо Адолф Гитлер ва пайравону думравонаш ҷамъомадҳои пуровозаи худро ташкил мекарданд ва муҳимтарин қарорҳову низомҳоро ба иҷро мегузоштанд. Аз он рӯзгори пур аз даҳшат ва аз он давроне, ки баъдан дар таърихи башарият нақши хунин аз худ ба ёдгор гузошт, филмҳои зиёд, расму наворҳое боқӣ монд, ки ҳар кадом арзише доранд ва ҳикоёте аз лаҳзаҳои таърих.
Барои анҷуманҳои солонаи худ тибқи тарҳи меъмори Гитлер Алберт Шпеер, ки баъдан вазири Рейх оид ба мусаллаҳшавӣ таъин шуда буд, соли 1933 маҷтамаъи бузурге дар майдони 11 м. мураббаъ сохта шуд, ки баъдан он қаламрави анҷуманҳои Ҳизби коргари миллӣ-сотсиалистии Олмон унвон гирифт. Дар қисмати шимолии он иншоотҳои монументалӣ аз қабили Луитполдарен, Кӯчаи калон, Минбари Сеппелин, Варзишгоҳи олмонӣ, Майдони Мартов ва ғайра ҷой гирифта буданд.
Дар қисмати ҷанубии он иншоотеро ба нақша гирифтанд, ки мебоист ба чандин ҳазор ширкаткунандагони чорабиниҳо хизмат мерасонд. Дар ин ҷо саристгоҳи роҳи оҳан, бинои сангии комендатура, урдугоҳҳои бузурги хаймагӣ ва шабакаи азими роҳҳо мавҷуд буданд.
Бо оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қаламрави ин шаҳр урдугоҳҳо барои асирони ҷангӣ, яъне конслагерҳо кушода шуданд. Ин лагер бо номи шталаг XIII D ва ё Нюрнберг-Лангвассер маълуму машҳур аст. То моҳи апрели соли 1945, то замоне, ки амрикоиҳо ин шаҳррро аз натсистон озод карданд, дар ин лагерҳо бештар аз 200 ҳазор нафар асирони ҷангӣ аз ҳамаи кишварҳои олам, ки Гитлер лашкар кашидаву ишғол намуда буд, иқомат кардаанд.
Баъди ҳамла ба СССР ба Нюрнберг сарбозони асири шӯравиро низ эъзом мекарданд. Дар бораи шарту шароити ин лагерҳо садҳо навиштаву гуфтаҳо ва шаҳодати шоҳидон мавҷуданд. Гуруснагӣ ба ҳадде буд, ки бо вуҷуди садои тири нигаҳбонон сарбозон ба муҷарради ба замин пой мондан, ҳатман дар талоши чизе мешуданд, ки ба даҳон баранд. Даҳҳо ҳазор сарбозону афсарони Артиши Сурх аз ҷумлаи бошандагони ин урдугоҳҳо буданд.
ЗИНДАҲО АЗ ДӮЗАХ
Дар бораи сарнавишти аҷоиби маҳбуси зиндамондаи Нюрнберг ва рафиқи вай асноде ҳикоят мекунад, ки дар хазинаи маҷтамаъи ёдбуди “Қалъаи қаҳрамон Брест” боқӣ мондааст. Солҳои 70-и асри гузашта муҳаққиқ Владимир Иванович Купчиков, собиқадори ҷанг Фёдор Иванович Железовро, ки бо насаби Шахов мезист, ҷустуҷӯ кард.
Железов/Шахов ба ҷанг чун сержанти полки 125-уми тирандози двизияи шашум, ки он замон двизияи Байрақи сурхдори Орлов номида мешуд, ҳамроҳ шуд. 22-июни соли 1941 Федор Иванович аз ҳалқаи муҳосира худро наҷот дод, вале ду рӯз пас фашистон ӯро дар ҳоли беҳушӣ дастгир карданд ва аввал дар урдугоҳи лаҳистонии бяла-Подляск ҷо карданд ва баъдан ба Нюрнберг интиқол доданд. Дар ҳамин ҷо вай бо Сергей Капитонович Поляков аз полки тирандози 333-и двизияи шашум вохӯрд. Солҳои 80-и асри гузашта Поляков ба ёд оварда буд: Охири соли 1941 моро ба Нюрнберг оварданд, дар хаймаҳои брезинӣ ҷой доданд. Ҳаво хеле сард буд. Шабушҳо ба мо ҳамла карданд, одамони зиёде ба ҳалокат расиданд. Мурдаҳоро шабона мебурданд. Аз чор ғурфаи бузург мо ду нафар зинда мондем ва аксарият мурданд”.
Албатта, Поляков дар бораи ҳамон урдугоҳи хайманишиноне нақл мекард, ки то оғози ҷангҳо мавҷуд буданд. Ин ғуфраҳои инсонбадбин ба макони азияту шиканҷаи ҳазорон асирони ҳарбӣ табдил ёфтанд, ки тадриҷан аксари онҳо фавтитанд ва теъдоди каме зинда монданд. Шароити нигаҳдории маҳбусонро идеологияи натсистӣ муайян мекард. Касонеро, ки барои кор аз лагер берун мебурданд, бахташон омад мекард ва эҳтимоляти зинда монданашон зиёд буд. Ва Железов ва Поляков аз ҷумлаи ҳамин хушбахтон буданд. Аввалӣ муддате дар як хоҷагии деҳқонӣ кор мекард. Дуюмӣ дар ҳайати коргарони дигар дар омода кардани зағолсанг иштирок кард. Дар ду маврид ҳам заҳматашон хорошикану сангин буд, вале аз шароити дохили урдугоҳ фарқ дошт. Ин ҷо метавонистанд ақалан аз гуруснагӣ намиранд.
…Вале муаммои насаби Железов ба Шаховро хеле одӣ фаҳмониданд. Вақте ба ватанаш вилояти Иванов баргашт, Фёдр Иванович бо бонуи серфарзанде издивоҷ кард ва барои он ки насаби ин панҷ фарзандро дигар накунад, насаби худро тағйир дод.
ЗИНДОНИЁНИ УРДУГОҲ
Ҷустуҷӯи бойгонӣ кори хеле заҳматталаб ва мушкил мебошад ва лозим аст хеле бо эҳтиёт ва мӯшикофона кор кард. Муаррихон истилоҳе доранд: танқиди сарчашма. Ва суоле бармеояд: оё метавон ҳамаи шаҳодати шоҳидонро дар бораи он солҳои мудҳиш чун ҳақиқат қабул кард? Аз натиҷаи кори ҳамкасбони олмонӣ бармеояд, ки на ҳамеша метавон он ҳама гуфтаҳову навиштаҳоро чун ҳақиқат қабул кард. Таърихи солҳои ҷанг ҳодисаҳои зиёдеро ёд дорад, ки дар бораи марги сарбозе ё афсаре иттилоъ дода мешавад. Номаи сиёҳ ба хешовандону пайвандонаш низ мерасад, дар ватанаш рӯзи мотам ҳам мегузарад. Марги ӯро шоҳидон ҳам тайид мекунанд. Вале сарнавишти он мард дигаргуна сурат мегирад.
Масалан, дар рустои белорусии Милевичи Иван Фёдрович Нагуй, соли таваллудаш 1913 мезист. Моҳи майи соли 1941 аллакай мақомот медонистанд, ки аз ҳамлаи фашистон ҷойи гурез нест, ӯро қатори дигарон, аз ҷумла ҳамватанаш Пётр Андреевич Русак аз эҳтиёт ба самти ҷабҳаи эҳтимолӣ бурданд. Ҳарду ҳамхизмат дар полки 124-уми артилерӣ шуданд. 22-юми июни соли 1941 полк тақрибан бе ягон муҳимоти ҷангӣ дар тамрингоҳи Красний Бор ба ҷанг рӯ ба рӯ шуд. “Бо фармон ба самти Белосток ақиб нишастем,- ба ёд меорад Пётр Русак, ки то охир дар ҷанг буд. — Бисёре аз рафиқон аз партови бомбҳо ва тири мушакҳои душман ба ҳалокат расиданд. Ва 26-уми июни соли 1941 дар ҳамин ҷо дар пеши чашмони худам дӯстам ва ҳамдеҳаам Нагуй Иван Фёдрович кушта шуд. Маконро дақиқ намедонам, вале тахминан 15 км баъди Белосток буд”.
Бар ассоси ҳамин шаҳодат комиссариати ҳарбӣ ҳамсари вай Анна Макаровнаро хабардор кард, ки шавҳараш қаҳрамонона ҳалок шуд. Дар бойгониҳо низ ҳамин гуна навишта шудааст, асноди Вазорати мудофиаи Русия низ ҳаминро тайид мекунад. Аниқтараш чанд даҳсола ҳамин аснод ҳақиқати ҳол дониста мешуд. То он замоне, ки қайди Нагуйро дар дафтари як лагери фашистон пайдо накарданд. Дар ин қайдҳо омада, ки Нагуй 25-уми июн ба асорат меафтад ва ба Нюрнберг бурда мешавад. Вай дар пурсишҳо рақами қисми ҳарбии худро нагуфт, худро то тавонист пинҳон дошт ва ба ҷойи қисми ҳарбӣ аз ким-кадом воҳиди ҳарбии сохтмонӣ ном гирифт. Вале то охир ин ҳама пинҳонкориҳояш кор надоданд. Гестапо билохира шахсияти ӯро муайян кард. Вале сабаби маргаш номаълум, метавон ҳадс зад, ки дар кадом эътирозе ширкат намуд ва тасодуф кушта шуд.
ЁДИ ҲАМА
Чун қоида асирони шӯравиро дар урдугоҳи Нюрнберг дурудароз нигоҳ намедоштанд. Як ҳафта ва шояд ду ё се ҳафта он ҷо нигоҳ медоштанд ва баъдан ба сар то сари Баварияи Шимолӣ тақсим менамуданд. Аммо аъзоёни ҳизбӣ, ки 1400 нафар буданд, сарнавишти дигар доштанд. Ҳамаи онҳоро дар атрофи лагер ба кор монданд. Моҳи ноябр аз онҳо тими кории 298 сохтанд. Зимистони солҳои 1941-1942 маҳбусон бо вуҷуди вазъи асафборашон ба корҳои вазнини замин дар майдони Мартов истифода шуданд. То моҳи апрели соли 1942 аз 1500 нафар наздик ба 600 нафар зинда монданд. Дигарон аз гуруснагӣ, беморӣ, сардӣ ва шароити тоқатшикани кор фавтиданд. Беш аз 30 ҳазор сарбозон ҷабран дар лагерҳои марг кушта шуданд. Тими кории 298 ҳам истисно набуд: онҳоро ба гуруҳҳо ҷудо мекарданд ва дар тамрингоҳҳо мепарронданд.
Ҳоло исми сарбозони руси кушташудаву ҳалокшуда дар ин урдугоҳҳо маълум аст ва ҳатто ҷойи дафнашон дар қабристони Нюрнберг низ дақиқ аст. Аз ҳамаи касони шомилбуда дар тими 298 ва баъдан паррондашуда дар Дахау исми 30 нафарашон маълум, аммо ҳамагӣ як расм пайдо шудааст.
ҶУСТУҶӮ ИДОМА ДОРАД
Соли 2019 дар Нюрнберг намоишгоҳи сайёр ташкил мешавад ва баъдан аз он ҷо ба кишварҳои дигар бо ҳама асноду экспонатҳояш сафар мекунад. Муҳаққиқон талош доранд ҳамзамон бо ин рӯнамоии онлайни онро низ баргузор кунанд, аз ҷумла қарор аст бо забони русӣ низ он муаррифӣ шавад.
Ташаббускорони олмонӣ талош мекунанд донанд, ки ба ҷуз тими машҳури 298 боз кадом гуруҳҳо ё шахсоне дар ин урдугоҳҳои марговар буданд. Мехоҳанд ҳамчунин номҳои фаромӯшшудаи сарбозон ва афсарони Артиши Сурх, ки дар ин зиндонҳо будаанд, пайдо кунанд.
Кормандони Маркази ҳуҷҷатнигорӣ ба аксу суратҳо, хотирапораҳои маҳбусони собиқ, тарҷумаи ҳоли тоҷангии фармондеҳону сарбозон, ки дар қабристони Ҷанубии Нюрнберг ба хок супурда шудаанд, таваҷҷуҳ доранд.
Ҳамзамон ин созмон аз ҳамагон хоҳиш мекунад ҳар иттилое дар ин замина доранд, ба ин суроға ирсол намоянд:
prisoners-of-war@stadt.nuernberg.de
Роман НИКИТИН,
«Совершенно секретно», No.8/409 августи соли 2018
Таҳияи Ф.Муҳаммад