Саодат замоне имконпазир аст, ки инсон зиндагии худро дорои маънӣ ва ҳадафи муайян медонад. Дар асри XX як қатор мактабу ҷараёнҳои фалсафӣ-равоние зуҳур намуданд, ки даъвои он мекарданд, ки маъно ва ҳадафи зиндагии инсон рафта-рафта бемаънӣ мешавад. Як қатор ҷараёнҳои постмодернӣ низ ба вуҷуд омадаанд, ки «марги субъект», заволёбии ақлу шуурро эълон намуда, аз даст додани маъниро ҳамчун як чизи «муқаррарӣ» ва ҳамчун натиҷаи инкишофи қонунии инсоният, беарзишшавии арзишҳои ахлоқӣ, рӯ ба харобӣ овардани воқеияти фарҳангӣ ва умуман заволи ҳама чизро шарҳу баён намудаанд. Шахсият ба «лӯхтаки»-и дасти нерӯҳои ғайриушуурона табдил ёфта, ба «ҳеҷ»-и беному бенишон ва берун аз ҳар гуна қоидаю тартибу низомиахлоқӣ табдил меёбад.
Инсоне, ки маъно ва ҳадафи зиндагиашро аз даст додааст бадбахттарин инсони рӯи замин аст. Маҳз чунин инсонҳо гурӯҳҳои худкӯшу майзадаҳо, нашъаҷаллобонро афзоиш медиҳанд ва онҳо сабабгори маргу ҷиноятҳои бе сабабу бе ҳадаф мешаванд, онҳо азоби танҳоӣ ва нозарурии худро дар зиндагӣ эҳсос мекунанд. Масъалаи бемаънӣ ва беҳадаф будани зиндагии инсонро дар психологияи гуманистӣ ва экзистенсионалӣ ба майдон кашида, дар таълимоти логотерапияи Виктор Франкл мавриди омӯзиш қарор гирифт ва ӯ собит кард, ки гум кардани маъно ва ҳадафи зиндагӣ хоси он одамоне аст, ки гирифтори ҳама гуна маҳрумиятҳо ҳасту ҳам одамоне, ки серу пуранд, ки умуман ба чизе эҳтиёҷ надоранд. Ноумедиҳое, ки инсони муосири ғарбиро, ки дар назари аввал ҳеҷ эҳтиёҷоте барои ташвишҳои зиндагӣ надошта, бояд танҳо хушнудона умр ба сар барад, фаро гирифтааст. Зоҳиран мушкилии асосӣ на дар қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддӣ аст, ки ҳанӯз маънои зиндагиро ташкил намекунанд, балки дар он аст, ки рӯҳи инсонӣ эҳтиёҷ ба арзишҳои олии ахлоқӣ дорад. Инсон на танҳо дорои психика, балки рӯҳ низ мебошад. Франкел маъниро ҳамчун «объекти рӯҳонӣ» мефаҳмид, ки рӯҳи инсонӣ дар ҳама ҳолатҳои гуногун пайваста дар талоши он мебошад.
Хулосаи тадқиқоти Франклро дар бораи маънии зиндагӣ дар чанд нукта ҷамъ овардан мумкин аст:
1.Саъю талош барои маъно додани зиндагӣ арзишест ба хотири зинда будан. Замоне, ки зиндагии инсон дорои маънӣ ва ҳадафи муайяне мебошад, ӯ дар бораи вай фикр намекунад, ӯ танҳо зиндагӣ мекунад: меҳнат мекунад, эҷод мекунад ва маънию ҳадафи онро ба мисли он ҳавое, ки мо аз он нафас мекашем ҳис намекунад. Маъно бо ҳадафҳо ва арзишҳое, ки бароямон муҳим мебошанд ва ба сӯи онҳо саъй менамоем, алоқаманд мебошанд. Аммо чунин ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки инсон ҳадафҳо ва арзишҳои пешинаи худро комилан аз даст медиҳад. Чунин ҳолатҳо дар ҳолатҳои ҷанг, маҳбасӣ, гардиши қатъии тақдир, «путки гарони зиндагӣ», аз даст додани наздикону пайвандон ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Ба қавли Франкл, фард ҳам ҷисман ва ҳам ахлоқан аз ин гуна тағйироти манфии зиндагӣ канда шудааст ва дар чунин ҳолат ҷустуҷӯ намудан ва пайдо кардани маъниҳои пештара метавонад ба инсон мусоидат намояд, ки ӯ худро ҷисману ахлоқан ҳифз намуда, тамоми мушкилоти зиндагиро — қашшоқӣ, беморӣ, адовати атрофиёнашро таҳаммул намояд. Нитсше чунин сухане дорад, ки «Ҳар касе «барои чӣ» зистан дорад, ҳама «чӣ хел»-ҳоро таҳаммул карда метавонад. Маҳз ҳамин маъно ба саволи «чаро» ҷавоб мегӯяд, вай ҳамон ҳадафи арзишмандеро мегузорад, ки баҳри он метавон саъю талош кард.
- Зиндагии инсон дар ҳеҷ як ҳолат наметавонад маънии худро аз даст диҳад. Маъноро ҳамеша метавон пайдо кард. Маъно он чизест, ки инсон аз вай барои зиндагӣ илҳому нашъа мегирад ва онро метавон ҳам дар беморӣ, ҳам дар пирӣ ва ҳам дар вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ ба даст овард. Аз ин рӯ, инсонҳои солим ва дорои имкониятҳои зиёди моддӣ ва ояндадор набояд ба гум кардани маънои зиндагӣ розӣ шаванд. Маъноро наметавон дод, вайро бояд пайдо кард.
Таъиноти логотерапия, аз назари Франкл, на он аст, ки ба мизоҷи худ маънои тайёри онро мушаххасан пешниҳод намояд. Зеро ин номумкин буда, маъно ин ягон предмети мушаххас нест. Инсон худаш воқеиятро дорои маънӣ мекунад, ҳеҷ касе ба ҷои ӯ ин амалро анҷом додан наметавонад. Табиб танҳо мусоидат кардан, маслиҳат додан метавонад ва ё ӯро ба андеша рафтан водор кардан метавонад, ки дар заминаи воқеият маъное пайдо мешавад.Маъноро метавон пайдо намуд, аммо на эҷод кард.
Ба андешаи Франкл, инсон наметавонад аз ҷомеа ва аз дигар одамону «маъноҳои объективӣ»-е, ки дар маданият ҷараён доранд, канда бошад. Ба инсон рафтан аз ҳудудҳои худ хос аст — ба назди рафиқону хешу табор, дӯстону ҳамсинфонаш равад, ки дар он ҷо барои зиндагии худ маъное пайдо мекунад. Пайдо кардани маъно аз шахсият, аз ирода ва азму талошҳо вобаста мебошад ва маънояш ин аст, ки инсон барои мавриди андеша қарор додани роҳу рафтори худ дар зиндагӣ комилан масъул мебошад.
Зиёева Зебониссо ИДИБЕКОВНА,
ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ