Дар Юнон булғории 85-соларо 27 сол ҳабс карда, 53 ҳазор евро ҷарима бастанд. Бемантиқии ҳолат бо он асос меёбад, ки марди дар кашонидани муҳоҷирони ғайрирасмӣ бо мошини шахсиаш муҷрим донисташуда боре ҳам дар умраш ба ҳудуди давлати ӯро маҳкумнамуда ворид нашудааст.
Ваколатдори Ҷумҳурии Балкан Диана Ковачева ба бегуноҳии марди нафақагир боварӣ дорад, зеро маълум шудааст, ки ҳуҷҷатҳои ӯро дуздида, бо истифодаи онҳо барои интиқоли гурезаҳо мошин муҳайё кардаанд.
Сиёсатшинос мегӯяд, ки баъди огоҳӣ ёфтан аз ҳодиса, фавран бо ҷалб намудани консули генералӣ дар Салоники ба ҷараёни воқеа ва ҳатто бохабар кардани вазири корҳои хориҷии Булғористон, ба ҳалли ҳуқуқии қазия пардохтааст.
Ба гуфтаи Ковачева, ба ҷониби юнонӣ аллакай ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба тасдиқи алоқа надоштани марди куҳансол ба фаъолияти ғайриқонунӣ пешниҳод карда шудаанд.
«Суди Булғористон ба истирдоди ин мард роҳ намедиҳад,- эълон дошт ваколатдор дар мусоҳиба бо NOVA.- Гуруҳи коршиносонро таъсис додан зарур аст, то ҳолатҳои шабеҳро таҳлил кунанд».
Ковачева инчунин изҳори умедворӣ намуд, ки дар рафти баррассии парванда, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ таъин шудааст, мард пурра сафед карда хоҳад шуд.
Александр ГАЦАК,
“Российская газета”