Таърихи эмкунӣ аз асри 18 то ба рӯзҳои мо. Бахши аввал

Ин шабу рӯз дар саросари олам сухан аз воксан зидди коронавирус  Covid-19 меравад. Муддати як сол аст, ки инсоният бо як бемории ҳамагиру кушанда бо номи коронавирус КОВИД-19 рӯ ба рӯст. То субҳи рӯзи 15-уми декабри соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба ин бемориро эълон кард. Аз ин вирус то кунун дар саросари олам 1 миллион ҳазору нафар ҷон бохтанд ва тибқи омори расмӣ 89 нафари инҳо ҳамватанони мо мебошанд.

Ҳамагирии Covid-19 бори дигар инсониятро водор намуд, ки гузаштаро ба хотир орад, бори дигар маҷбур сохт бияндешад, ки бемориҳои уфунӣ то куҷо метавонанд хатарзо бошанд ва чӣ гуна воксанҳо дар чунин ҳолатҳои мудҳиш ва мусибатовар ягона умеде барои бозгашт ба зиндагии бидуни ташвишу изтироб хоҳанд буд.

Коронавирус — ин аввалин душмане нест, ки силоҳи он воксанзании ҳамагонӣ бошад. Тӯли таърих садҳо миллион одамони сайёра танҳо ба он сабаб зинда монданд, ки василае барои маҳви ин вирусу бемориҳои кушанда, ки оламиёнро ҳадафи худ қарор медоданд, пайдо шуда буд. Албатта, он замонҳо ҳам танҳо касоне наҷот ёфтанд, ки дар қаламрави дастрасӣ ба воксани мавриди назар ҳаёт ба сар мебурданд. Касоне, ки ба ин неъмат дастрасӣ надоштанд, ё мефавтиданд ва ё агар зинда ҳам мемонданд, бо чандин иллатҳои баданӣ.

Ҳафтаномаи “Самак” тасмим гирифт дар чанд шумора аз муҳимтарин ҳамагириҳои олам ва талоши инсон барои наҷот аз ин гуна бемориҳои хатарзо ҳикоят кунад. Интихоби аввал ба бемории нағзак афтод, ки ҳатто дар замони Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино маълум буду он нобиғаи илми тиб ва падари тибби олам дар ин бора изҳори назар ҳам карда буд.

 Нағзак

Мубориза бар зидди касалии нағзак бузургтарин муваффақият дар илми тиб ба шумор мерафт. Танҳо дар асри ХХ ин бемории хатарзову қотил ҷони бештар аз 300 миллион одамонро дар саросари Сайёра гирифт. Шумори қурбониёни пеш аз асри ХХ дастрас нест ва шояд ба маротиб бештар ҳам бошад.

Ҳудудан 30% мубталоёни нағзак мефавтиданд ва дар аксар мавридҳо бо азобҳои алим, чун дар пӯсти онҳо пучакҳои фасоддор пайдо мешуданд. Қисми боқимонда кӯр мешуданд ва ё тамоми умр бо ҳамон нишонаҳо дар пӯст ҳаёт ба сар мебурданд.

Руҷӯъ ба таърих. Аз гузашта дар ин бора чӣ медонем?

Дастхатҳои қадимии ҳиндуву чинӣ аз густариши бемориҳое бо номи нағзаки сиёҳ ва табиӣ хабар медиҳанд. Тибқи ин дастхатҳо беморонро табъ фаро мегирифт, сарашон дард мекард, баданашон сусту беҳаракат мешуд. Баъди 3-4 рӯз бадани онҳоро обилаҳои пуроб фаро мегирифт. Касалӣ муддати ҳудудан ду ҳафта идома мекард ва то 40 дарсади мубталоён мефавтиданд. Аз ҳама бештар кӯдакон гирифтори ин касалӣ мешуданд. Касоне, ки такроран бемор мешуданд, дар баданашон ба ҷойи доғи нағзак обила мебаромад. Баъзан доғи нағзак ба чашмон меафтид, ки дар натиҷа одамонро ба кӯрӣ мерасонд.

Нағзаки одӣ баъзан кулли одамони кишварҳоро аз биноӣ маҳрум менамуд ва ё афту башараи онҳоро тағйир медод. Вақте нағзак сокинони кишварҳоро бадафту зиштрӯ мекард, ба занҳои зебое, ки худро аз сироят ба ин беморӣ наҷот додаанд, таваҷҷуҳ бештар сурат мегирифт. Тибқи эътиқодоти арманҳои қадим, пештар Моҳ бо бародараш Офтоб рӯзона ҳамроҳ мегашт. Вале моҳ ба бемории нағзак гирифтор шуд ва аз шарми варамҳову доғу обилаҳои рӯяш, акнун танҳо шабона намудор мешавад ва он ҳам дар торикии шаб.

Дар баъзе кишварҳо ҳатто эътиқодоте дар мавриди лутфи ходовандии ҳимояту ҳифозат аз нағзак вуҷуд дошт. Дар Куриё агар дар ин ё он қисмате эпидемияи нағзак шуруъ мешуд, мегуфтанд, ки аз ин макон руҳе гузар кардааст, ки онро “меҳмони муҳтарам нағзак” меномиданд. Дар он ҷо қурбонгоҳ дуруст мекарданд ва беҳтарин таомҳо ва шароб меоварданд.

Дар асри VI милодӣ ҳамагирии нағзак шаҳри Маккаро аз хатари нобудӣ наҷот дод, танҳо ба артиши Эфиопия, ки шаҳрро дар муҳосира гирифта буд, сироят кард.

Нағзак ба Аврупо назар ба Шарқ дертар — дар асрҳои миёна омад. Бори аввал ба кишварҳои нав ворид шуда, ин беморӣ бо тамоми қувва ҷӯш зад. Соли 1707 дар Исландия аз нағзак аз се ду ҳиссаи аҳолӣ ба ҳалокат расид.

Нағзак бахусус ба одамоне, ки гуруҳи хунашон сифр (о) аст, хатари бештар дорад. Вақте нағзак ба Амрико паҳн шуд, ҳиндуҳои ин кишвар, ки аксаран гуруҳи хунашон сифр буд, қабила ба қабила мефавтиданд. Дар як қарияи ҳиндуҳо аз миёни бештар аз ҳазор нафар танҳо чор тан зинда монданд!  Аммо баъдтар усулу шеваи мубориза бо нағзак пайдо шуд.

Соли 1967 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маъракаи мубориза барои комилан аз байн бурдани нағзакро шурӯъ кард. Ҳамон сол дар олам бештар аз 2 миллион нафар гирифтори ин беморӣ буданд. Соли 1971 охирин ҳодисаи сироят ба нағзак дар Амрико, соли 1976 дар  Осиё, соли 1977 дар Африқо ба қайд гирифта шуд. Сокини 23-солаи Сомалӣ Алӣ Маълин охирин касе буд, ки ба бемории нағзак гирифтор шуд. Се сол баъд, яъне соли 1980 Созмони ҷаҳонии тандурусӣ эълон кард, ки билохира ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди нағзак дар тамоми олам пирӯз шуд. Дар барномаи татбиқшуда 250 миллион доллар масраф шуд, ки ин арзиши ҳамагӣ ду киштии зериобии атомӣ мебошад. Алҳол дар ягон кишвари олам ягон нафар ба нағзак гирифтор намешавад ва барангезандаи ин касалӣ ҳоло танҳо дар се озмоишгоҳ (ИМА, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) нигоҳ дошта мешавад. Дар китфони бачаҳои баъди соли 1980 таваллудшуда аллакай “доғи” хоси нағзакканӣ дида намешавад.

Аввалин воксан зидди нағзак. Эдвард Ҷеннер кӣ буд?

Ҳамчуноне ишора рафт, нағзак — бемории шадидест, ки ҳамасола ҳаёти миллионҳо нафарро зери хатар мегузошт миллионҳоро аз ҳаёт бенасиб мекард. Дар замонҳои қадим одамон то ҳадде талош мекарданд зидди ин касалӣ мубориза баранд. Он чиз маълум буд, ки одамон такрор гирифтори нағзак намешаванд. Ба ҷароҳати пӯсти одами солим моеъ аз рими одами касал мемолиданд. Бисёр вақт ин маҳлулро бо дору омехта мекарданд. Он вақт инсон нағзакро дар шакли сабук пушти сар мекард. Аз номи лотинии нағзак (вариола) ин амал номи вариолатсия ба худ гирифт. Аксари одамоне, ки ин амалро мегузаштанд, дигар гирифтори нағзак намешуданд. Вале он хеле хатарнок буд, чун худи ҳамин вариолатсия ба сирояти бештари нағзак оварда мерасонд.

Аввалин касе, ки дар мубориза бо онҳо комёб шуд, пизишк ва табиатшиноси инглис Эдвард Ҷеннер буд. Бо ёрии кашфиёти ӯ инсоният роҳи осону бехатари мубориза бо нағзакро пайдо кард.

Ҷеннер чун пизишки ҷӯёву пӯё наметавонист дар ин бора наандешад, чун пеши чашмонаш ҳазорон нафарро медид, ки аз ин касалӣ ба ҳалокат мерасанд. Дар хотираш рӯйдоде аз замони донишомӯзиаш нақш баста буд. Ба қабули омӯзгори ҷарроҳи ӯ деҳқонзани солманде омад. Пизишк дар бадани ӯ нағзак кашф кард. Вале хонум бовар намекард.

-Ман гирифтори нағзак?,-эътироз кард ӯ.- Набояд чунин бошад, шумо чиҳо мегӯед? Ман аллакай нағзаки говӣ шуда будам.

Суханони деҳқонзани солманд Ҷеннерро ба ҳайрат андохт ва дар тӯли ҳаёташ борҳо ӯро водор кард, ки ин лаҳзаро пеши назар орад.

Нағзак чист? Ба ин бемори ҳайвонҳои калон мубтало мешаванд. Дар пистони говҳо рим (мадда)-и рангаш кабуд мерезад. Ҳангоми ҷӯшидан он метавонад ба дасти говдӯш гузарад. Аммо ин касалӣ дар муддати якчанд рӯз авҷ мегирад. Дар ин муддат обилаҳои дасти одам гум мешаванд ва ҳангоми беморӣ вай хеле кам беҳоливу нотобиро ҳисс мекунад.

Ҷеннер фактҳоро ҷамъ кард, то ки дар навбати аввал ин мушоҳидаҳои халқиро илман ё рад кунад ва ё бипазирад: одаме, ки гирифтори нағзаки говӣ шудааст, хатарнок нест.

Дар Англияи асри XVIII, ки нағзак як бемории сироятии пурхатар буд, ин усул васеъ истифода мешуд. Яке аз пизишкони хеле маъруфи инглис, мутахассиси вариолатсия Стив Сэттон хабар дода буд, ки аз 17 ҳазор касоне, ки зери назари ӯ сирояти сунъӣ шуда буданд, танҳо 6 нафар мурданд.

Ба Ҷеннер низ борҳо муяссар шуда буд вариолатсия гузаронад. Аммо баъзе ҳолатҳо дар ин одамон ҳатто нишонаҳои сабуки беморӣ ҳувайдо нашуда буд. Ҷеннер ба хулоса омад, ки ба ҳар ҳол ин гуна одамон замоне нағзаки говиро аз сар гузаронидаанд.

Ҷеннер ба ин тасаввур шуд, ки ба ҳар ҳол нағзаки говӣ ва нағзаки сиёҳ ду шакли як касалӣ аст (баъдҳо олимон дақиқ карданд, ки аслан ин чунин нест). Одаме, ки гирифтори нағзаки сиёҳ шудааст, ба нағзаки говӣ сироят намешавад. Ва чизи хеле муҳим ва ҷолиб он аст, ки барои афроде, ки нағзаки сабуки говиро пушти сар гузоштаанд, нағзаки сиёҳ хатарнок нест.

Ҷеннер хеле сабурона ин ҳамаро гирдоварӣ кард ва мавриди таҳқиқ қарор дод, то фаврзияро илман исбот намояд. Ва на танҳо як ё ду сол, балки муддати даҳ сол ин фактҳоро ҷамъ овард ва ҳамвора дар бораи онҳо андешид. Ва билохира ба қароре омад, ки вақте расида, ки барои тасдиқи ғояҳои худ таҷриба гузаронад.

14-уми майи соли 1796 рӯзи ҳалкунандае буд. Ҷеннер писарбачаи ҳаштсола Ҷеймс Фиппс, говдӯши ҷавону солим Сара Нелмес ва бемори гирифтори нағзаки говиро назди худ даъват кард. Мо дар бораи ин бонуи говдӯш тақрибан чизе намедонем, ҳарчанд қолаби дастонаш бо нишони нағзак то ҳол дар яке аз осорхонаҳои Лондон ҳифз мешавад (он ҷо пӯсти яке аз говҳое, ки Ҷеннер барои обилакӯбӣ истифода бурда буд, низ нигоҳ дошта шудааст).

Ҷеннер ҳамчунин чун шоҳидон ва тамошобинон ҳамаи ҳамсоягонеро, ки ба ин амал таваҷҷуҳ доштанд, даъват кард.

Ҷеннер нештари тиббиро ба маддаи дастони Сара тар кард ва бо ҳамин нештар ба китфони Ҷеймс ду чоки бисёр хурд кашид. Баъди чанд рӯз, пас аз беҳолии маъмулӣ аз нағзаки говӣ писарбача комилан солим шуд.

Баъдан дар Глостершир ҳамагирии нағзаки табиӣ шурӯъ шуд. Барои Ҷеннер имконе фароҳам омад, ки таҷрибаи худро амалӣ кунад ва онро ба анҷом расонад. 1-уми июли соли 1796 вай моеъи рими бемори гирифтори нағзаки сиёҳро гирифт ва онро ба ҷароҳати пӯсти Ҷеймс Фиппс молид. Хатар ба ҷони кӯдак чандон бузург набуд, зеро ин ҳамон вариолатсияе буд, ки Ҷеннер борҳо истифода кардааст. Аммо ҳоло рӯйи харита фаъолияту омӯзишҳои даҳсолаи ӯ мехобид. Агар дар Фиппса ҳатто нишонаҳои заъифи нағзак, ки маъмулан дар ҳар ҳолати вариолатсия пайдо мешавад, намудор гарданд, ин ба умедҳои Ҷеннер хати бутлон бояд мекашид. Ҷолиб он аст, ки зарфи се рӯзи оянда Ҷеннер ҳатто дақиқае нахобид ва ҳар соат аз ҳоли Фиппс хабар мегирифт.

Баъди се рӯз натиҷа маълум шуд: нағзак паҳн нашуд, писарбача комилан сиҳат ёфт. Ин пирӯзии рушани Ҷеннер буд. Дар пайкарае, ки барои Ҷеннер дар шаҳри Болонйеи Итолиё гузоштаанд, ин таҷриба абадан нақши худро ёфтааст: ҳайкалтарош симои пизишки оламшумулро ҳангоми харошидани дасти кӯдак офаридааст.

Баъди талоши аввалин Ҷеннер ин таҷрибаро боз 23 маротибаи дигар гузаронд. Танҳо баъди ҳамин вай ба қароре омад, ки расман аз кашфиёти худ оламиёнро хабар кунад. Китобчаи 75 саҳифаии худро лозим омад аз ҳисоби худаш чоп кунад. Ҷомеаи подшоҳӣ, ки Ҷеннер китобашро фиристода буд, пас аз муддате онро баргардонд ва даъвои Ҷеннерро комилан иддиои ғайриилмӣ хонд.

Соли 1798 ин китоб дубора бо ин ном чоп шуд: “Таҳқиқот дар бораи сабабҳо ва оқибатҳои ваксинаи вариола, ки дар баъзе графиҳои Англия, аз ҷумла Глостершир кашф шудааст ва бо номи нағзаки говӣ маълум аст”.

Калимаи «нағзаки говӣ» ба забони лотинӣ “вариола ваксина” тарҷума мешавад. Ҷеннел ин ибораро вориди тибб кард. Агар обилакӯбии нағзаки табиӣ вариолятсия бошад, пас обилакӯбии нағзаки говиро ваксинатсия номид. Ва ин калима ба шарофати олими фаронсавӣ Луи Пастер умри дароз дид. Пастер дигар обилакӯбиҳои пешгирикунандаро низ ҳамин гуна ном гузошт. Ва қарорашро дар ин маврид танҳо арзи эҳтиром ба Ҷеннер унвон кард. Вай навишт: “Ман ба калимаи “ваксинатсия” маънои васеъ бахшидам, ба он умед, ки илм онро чун азри эҳтиром ба хизматҳои яке аз шахсиятҳои маъруфи Англия Эдвард Ҷеннер азизу мукаррам медонад”.

Баъди чопи китоби Ҷеннер шогирдонашро лозим омад боз ҳамлаву танқидҳои зиёдеро таҳаммул кунанд. Мухолифони ваксинатсия мегуфтанд, ки бо ин васила аз нағзак ҳимоят намуда, талош мекунанд муқобили иродаи Худо бароянд. Дар нашрияҳо карикатураҳое интишор ёфтанд, ки одамони ваксинатсиякардашуда пашм ва шох баровардаанд.

Вале зарурати мубориза бо касалӣ одомонро беш аз ҳар вақти дигар водор кард, ки усули Ҷеннерро истифода кунанд. Охири асри XVIII ваксинатсия дар артиши Англия истифода шуд. Соли 1803 Наполеон Бонапарт ҳамаи неруҳои ҳарбии Фаронсаро пурра аз ваксинатсия гузаронд. Дар ҷазираи Ситсилия воқеъ дар Баҳри Миёназамин вақте киштӣ бо ваксина расид, аҳолӣ онро бо ихлосмандии мазҳабӣ истиқбол гирифт.

Муваффақияти ваксинатсия ба кашшофи он шуҳрат овард. Соли 1813 дар Оксфорд ба Ҷеннер дараҷаи илмии доктори илми тиб доданд. Баъдан қариб ҳамаи ҷомеаҳои илмии Аврупо Ҷеннерро аъзои фахрии худ интихоб карданд. Вай ҳамчунин унвони шаҳрванди фахрии Лондон шуд ва барояш дипломе доданд, ки бо алмос оро дода шуда буд. Маликаи шавҳармурдаи Русия Мария Фёдровна ба Ҷеннер номаи миннатдорӣ бо ангуштар фиристод.

Ҷеннер институти тозатаъсиси нағзаккании Ҷеннер дар Лондонро худаш сарварӣ мекард ва ҳамзамон дар бораи кушоишҳои илмии дигараш меандешид. Дар илми он замон чунин тасаввуре ҳоким буд, ки парандаҳои муҳоҷир дар замони сардӣ ба Моҳ мераванд ва ё худро дар сӯрохиҳои зеризаминӣ пиҳон месозанд ва тамоми зимистон он ҷо мехобанд. Ҷеннер роҳҳои парандаҳои муҷоҷир ва парвозҳои мавсимии онҳоро омӯхт ва дар ин бора мақолаҳои илмии худро интишор дод.

Эдвард Ҷеннер 26-уми январи соли 1823 дар 74-умин соли умраш ва дар авҷи шуҳрат вафот кард. Боз солҳои зиёде баъди марги Ҷеннер ҳам нағзак одамони зиёдеро дар сар то сари олам кушт. Соли 1910 аз ин беморӣ дар Русия ҳунарманди маъруфи ин кишвар Вера Коммисаржевская ба ҳалокат расид. Вале обилакӯбӣ зидди нағзак ба таври мушоҳидашаванда талафоти ҷонӣ миёни гирифторонашро коҳиш дод ва соли 1977 охирин ҳодисаи мубтало шудан ба нағзаки сиёҳ ба қайд гирифта шуд. Ва дар пирӯзии ниҳоӣ бар нағзак ҳиссаи пизишки рустоӣ Эдвард Ҷеннер хеле бузург аст.

Таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here