9-уми феврали соли 2020 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии парлумони ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ҷараёни интихоботро ду нафар рӯзноманигорони Тоҷикистон низ назорат карданд.

Суоле ба миён меояд, ки “чаро интихоботи ғайринавбатӣ?”. Як рӯз пеш аз интихобот дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Боку нишасти матбуотӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботии (КМИ) Ҷумҳурии Озарбойҷон барои рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор гардид. Раиси Комиссияи марказии интихоботии парламенти Ҷумҳурии  Озарбойҷон Мазоҳир Панахов изҳор дошт, ки “даъвати интихоботи ғайринавбатӣ ба Милли Меҷлис (Маҷлиси намояндагон) ташаббуси худи вакилони парламенти феълӣ мебошад. Зеро, онҳо мехоҳанд сафи вакилони парламент бояд “ҷавон” карда шавад ва бо ин хоҳиш ба роҳбарияти кишвар муроҷиат намуданд. Дар парламенти ҷорӣ аксари намояндагонро вакилони солхӯрда (синни баъзеи онҳо 78-80 сол ва аз он ҳам зиёд) ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти ҷумҳурӣ ташаббуси вакилонро дастгирӣ намуд”.

Баъд аз нишасти матбуотӣ аз хабарнигорони дохилӣ фаҳмидам, ки чанде пеш ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби кадрҳои ҷавон такмил шудааст.

23-юми декабри соли 2019 Фармони Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев доир ба интихоботи ғайринавбатии Милли Меҷлис содир шуд ва рӯзи интихобот рӯзи якшанбе, 9-уми феврали соли 2020 муқаррар гардид.

Раиси КМИ иттилоъ дод, ки довталабон ба вакилии Милли Меҷлиси Озарбойҷон 1314 нафар, аз 19 ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси худпешбар (якамандатӣ) пешбарӣ шудаанд. Раис ҳамчунин таъкид намуд: “Мо ба ҳеҷ кас дар сабти номзадиаш мамониат накардем. Ба таври умум, беш аз ду ҳазор ариза ворид шуда буд, аммо дар мароҳили пешниҳодкунӣ 321 нафар номзадии худро бозпас гирифтанд. Гузашта аз ин, аз тарафи комиссия ба онҳое, ки Қонуни Озарбойҷон “Дар бораи интихобот”-ро вайрон карда, имзоҳои қалбакӣ ҷамъ карданд ва онҳое, ки тобеияти душаҳрвандӣ доранд, ҷавоби рад дода шуд. 90 %-и номзадҳо дорои маълумоти олӣ ё магистранд. Инчунин, 50 %-и номзадҳо ҷавонон мебошанд”.

Раиси КМИ илова намуд, ки барои ҳар як номзад пешбарандаҳо 500 манат ($ 1-1,7 манат) пардохт карданд: “Теъдоди нозирони байналхалқӣ  888 нафар ва маҳаллӣ 77 790 нафарро ташкил дода, илова бар он, намояндагони ВАО-и хориҷӣ аз 47 кишвар ҳузур доранд”.

Дар Озарбойҷон ду ҳизби сиёсии пешбаранда — “Озарбойҷони нав” (ҳизби дар сари қудрат буда), ҳизби “Мусават” (ҳизби мухолиф, ки солҳои 90-уми асри ХХ дар сари қудрат буд) ва дигар ҳизбҳо, ҳизби “REAL”, ҳизби “Умид” ва иттиҳоди иҷтимоии — D 18 маҳсуб мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки тӯли 12 сол боз дар Озарбойҷон рафти интихобот таҳти назорати видеокамераҳо мегузарад. Имсол барои назорат беш аз як ҳазор камераҳои видеоӣ дар участкаҳои интихоботӣ насб шудааст. Дар интиҳобот иштироки 5 млн 329 ҳазору 460 раъйдиҳанда дар назар гирифта шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби КМИ иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат ду нафар раъйдиҳандагони ифтихорӣ ва муҳтарами кишвар доранд. Онҳо ду нафар солхӯрдатарин шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб мешаванд, ки яке зани 126-сола (дар асри XIX ба дунё омада, асри XX-ро гузаронида ва дар асри XXI умр ба сар мебарад) ва дигаре марди 18 сол аз ӯ ҷавон (ба қарибӣ 108-солагиашро қайд намуд) аст.

РӮЗИ ИНТИХОБОТ

Гуруҳи байналхалқии мо, ки аз намояндагони ВАО-и кишварҳои ИДМ — Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иборат буд, ба ҳайси нозирон дар 6 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Насими-Сабоили шаҳри Боку ширкат кардем. Ин ҳавзаи интихоботӣ 34 ҳазору 959 нафар раъйдиҳандаро дар бар мегирад, ки аз онҳо дар рӯзи интихобот 130 нафарашон ба синни 18-солагӣ расидаанд ва бори нахуст дар интихобот ширкат мекунанд.

9-уми феврали соли равон соати 7-и субҳ ҳайати журналистии мо дар дафтари раиси ҳавзаи интихоботии №23-и шаҳри Боку ҷаноби Гулиев Ағабала Мошолло уғлӣ ҳозир будем. Ба таври расмӣ ҳамаи участкаҳои интихоботӣ аз соати 8-и субҳ ба фаъолият оғоз менамоянд. Гулиев на танҳо тамоми маълумоти барои мо заруриро ироа намуд, балки ба суолҳои таҳрикомези баъзе журналистон низ посух дод. Дар худи ҳавзаи интихоботӣ низ участкаи раъйдиҳӣ буд, ки дар он 11 нафар аз 19 ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худпешбар ба вакилӣ пешбарӣ гардида буданд. Дар феҳристи номзадҳо бештар ному насаби ҷавононе буд, ки таваллуди баъзе соли 1990 мебошад. Номзадҳои солманд (1940 сол) низ буданд. Дар миёни номзадҳо бештар насабҳои занон дида мешуд, ки онҳо намояндагони тиб, маориф, бонкдорӣ ва соҳибкорон буданд.

То хатми фаъолияти участкаҳои интихоботӣ (соати 19) мо аз ҳамаи 6 участкаҳои интихоботӣ ва ҳатто як участкаи иловагӣ дидан кардем. Ин участкаҳои интихоботӣ дар биноҳои мактабҳои миёна, раёсати Роҳи оҳан ва Иттиҳоди касабаи ҷумҳуриявии шаҳри Боку ҷойгир буданд.

Бояд пештар таъкид кунам, дар участкаҳое, ки мо ҳузур доштем, ҳеҷ гуна қонунвайронкунии ҷиддӣ мушоҳида нашудааст. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ камераҳои видеоӣ фаъол буданд. Илова бар он, ҷараёнро 40 нафар нозирони дохилӣ ва 15-20 нафар нозирони хориҷӣ назорат мекарданд. Ҳамаи участкаҳо бо тамоми таҷҳизоту маводи зарурӣ барои суҳулати раъйдиҳии интихобкунандагон таъмин буданд. Дар рафти назорат аз тарафи гуруҳи мо кӯшишҳои таъсиррасонӣ ба тасмими раъйдиҳии интихобкунандагон ё ҳодисаи тахалуфи раъйдиҳии пинҳонӣ мушоҳида нашудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби гуруҳи мо кӯшишҳои тақаллуб ё таҳрифи натиҷаҳои раъйдиҳӣ қайд нашудааст.

Барои банда шахсан тафтиши (муоинаи) ангушти дасти интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ бо шуоҳои фаробунафш (ультрофиолетовые лампы) ва бо маҳлули махсуси шаффоф, ранг кардани ангушти даст (ҷилавгирӣ (пешгирӣ), то ки раъйдиҳанда  такроран овоз надиҳад) аз навгониҳои интихоботӣ маҳсуб мешуд. Худи раъйдиҳанда шахсан ба участка омада, овоз медиҳад. Чунин усулро дар ҷумҳурии мо низ агар қабул кунанд, хуб мешавад. Зеро, дар рӯзи интихобот дар бисёре участкаҳои интихоботии ҷумҳурии мо ҳолате рух медиҳад, ки сардори оила бо як даста шиносномаҳои аҳли хонавода, ки аз 18-сола болоянд, омада ба ҷои ҳамаи онҳо бюллетенро пур карда, овоз медиҳад.

Дар ҳамаи участкаҳои интихоботие, ки мо дидан кардем, сандуқҳои раъйдиҳии шаффоф гузошта шуда буд, ки то куҷо аз баргаҳои раъйдиҳӣ пур шудани онҳоро дидан мумкин аст. Барои раъйдиҳии ашхосе, ки бо сабаби беморӣ ба участкаҳои интихоботӣ омада натавонистаанд, масъулини участкаҳо бо қуттиҳои сайёр ба хонаашон мерафтанд.

Ҳайати нозирони гуруҳи мо ба хулосае омад, ки интихоботи рӯзи 9-уми феврали соли 2020 мутобиқи Қонуни интихоботии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва меъёри интихоботи демократии ҷаҳонӣ доир гардид. Аз ин рӯ, интихобот шаффоф, озод, тибқи қонуни ҷории кишвар ва бо таъмини озодии хоҳиши раъйдиҳандагон баргузор шуд.

ҶАМЪБАСТИ ИНТИХОБОТИ ҒАЙРИНАВБАТӢ

Аз 125 ҷои дар парламенти кишвар, даъвати 6-ум мавҷудбуда ҳизби “Озарбойҷони нав” 72 ҷойро соҳиб шуд, аз ҷумла 13 нафар занон ва 24 нафар шахсоне, ки бори нахуст ба вакилии Милли Меҷлис интихоб шудаанд. Боқимонда 53 ҷойро дар парламент номзадҳои ҳизбҳову созмонҳои дигар ишғол намуданд. Ҳамин тавр, дар парламенти нав ба ҷуз намояндагони ҳизби “Озарбойҷони нав” боз намояндагони 6 ҳизби сиёсӣ низ шомил шуданд. Дар ин миён ҳизби мухолифи “Мусават” ҳатто натавонист як намояндааш ҳам дар интихобот пирӯз шавад. Дар интихоботи даъвати гузашта ин ҳизб интихоботро таҳрим карда, дар он иштирок накардааст. Аммо дар ин давра ин ҳизб номзадҳои худро пешбарӣ карда буд.

Дар ҷараёни суҳбат бо яке аз нозирони ин ҳизб шунидам, ки мегуфт: “… ба ҳизби мо ҳукумат муносибати муғризона дорад”. Иллати чунин муносибати ғаразнокро пурсон шудам. Маълум шуд, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҳизби “Мусават” сари қудрат омада буд, аммо дар интихоботи навбатӣ қудратро ба ҳизби “Озарбойҷони нав” бохт. Таърихи ин ҳизб қариб садсола аст. Ба ин суолам, ки “мавҷудияти ин ҳизб аз кадом сарчашма аст, кӣ кӯмаки пулӣ мерасонад?”, мусоҳибам ҷавоб дод: “… танҳо ва танҳо аз ҳисоби аъзоҳаққии аъзои ҳизб аст”. Агар чунин бошад, пас маълум мешавад, ки ё аъзои ин ҳизб бештар сарватмандони Озарбойҷон ҳастанд, ё соҳибкорони калон, ки дар тӯли 100 сол ин ҳизбро аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ кардаанд. Баъдан фаҳмидам, ки дар ибтидои солҳои 90-ум ҳизби мазкурро кишварҳои ҳамсоя ва аврупоӣ, бо шумули созмонҳои байналхалқӣ низ дастгирии молӣ менамудаанд.

Бегоҳ ҳангоми бозгашт аз хӯроки шом аз ронандаамон пурсидам, ки ба кадом ҳизб овоз дод. Ҷавоб дод, ки ба ҳизби “Озарбойҷони нав”. Гуфтам: “Чаро ба ҳизби “Мусават” не?”. Посух дод: “Чанд сол пеш онҳо сари қудрат буданд, аммо барои халқ ҳеҷ коре накарданду танҳо худашон сарваманд шуданд. Дар ин муддат ҳатто як мактаб ҳам насохтанд. Ва ҳоло ман ба ҳизби ҳоким боварӣ дорам, зеро дар 15 соли ахир ҳукумат 16 маротиба маош, нафақа ва кӯмакпулиҳоро зиёд намуд. Роҳҳои нав сохта, ҷодаҳои куҳнаро навсозӣ карданд, ҷойҳои кории зиёд ба миён омад, таъминоти маводи хӯрокӣ беҳтар шуд. Барои ман ҳамчун як фарди оддӣ, беҳтар будани сатҳи зиндагии мардум маълум аст, нисбат ба онҳое, ки “ғояҳои” ҳизбии худро барои боз дубора ба сари қудрат омадан таблиғ мекунанд”.

Мехоҳам бигӯям, ки дар солҳои шӯравӣ меҳмони Боку будам ва он замон бисёре аз пойтахтҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ қариб як намуди сохтмонҳо доштанд. Аммо ҳоло Бокуеро дидам, ки чиқадар дигаргуну зебо шудааст. Сохтмонҳои боҳашаммату ҷолиб, осорхонаҳои ҷадиду театрҳо ва даҳҳо ҷойҳои таърихии шаҳри куҳна ва нави Боку, Қалъаи духтарон, Оташгоҳ ва амсоли он ҳатто дар фасли зимистон ҳам сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст, ки ин таассуроти хешро дар мақолаи дигаре хоҳам навишт. Ва дар ин корҳои созандагӣ ва ободонии кишвари дӯсти мо — Озарбойҷон тавфиқ ва сулҳу осоиш таманно дорам.

Арзи сипос ба сафири Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор, ҷаноби Ҳасан Маммедзода оғли Дилсӯз барои чунин сафари хотирмон.

Салимахон ВАҲҲОБЗОДА,

Душанбе — Истамбул — Боку — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here