30 сол қабл, 15 феврали соли 1989 хурӯҷи қитъаоти маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Ҷумҳурии Демократики Афғонистон такмил гардид. Генерал-майор Борис Громов, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Sputnik роҷеъ ба ин маълумот дод, ки чӣ гуна файсала роҷеъ ба зарурати хурӯҷи неруҳо ҳосил гардид, хурӯҷи урдуи 40-ум аз хоки Афғонистон чӣ гуна сурат гирифт, таҳаққуқи амалиёти хурӯҷи неруҳои Шӯравӣ то чӣ ҳад душвор буд, кадом ҳолоти ғайриқобили пешбинӣ дар даврони хурӯҷ рух медод ва ҳамчунон роҷеъ ба ин ки барои чӣ ба ӯ дипломатони амрикоӣ баъд аз ҳаводиси 11 сентябр чӣ гуна соли 2001 муроҷиат мекарданд.

 

— Шумо дар Афғонистон панҷу ним сол сипарӣ кардед. Чӣ чиз барои шумо ҳангоми иқомат дар Афғонистон бисёр душвор буд?

— Барои ман душвортар аз ҳама ибтидои иқомати ман буд. Ман ба он ҷо дар январи соли 1980 парвоз намудам ва дар моҳи март фаъолиятҳои муҳорибавӣ оғоз шуданд. Дар он лаҳза ман академияро ба пояи икмол расондам ва тавре ки ман фикр мекардам, барои фаъолиятҳои муҳорибавӣ омода будам. Ибтидо ман майор ва раҳбари ситоди фирқа (дивизия) — и 108-ум дар Кобул будам. Ҳамалот қабл аз моҳи март низ рух медод, вале мо наметавонистем посух диҳем-ин ба таври қатъ мамнуъ буд. Сангинтарин давра, ки дар ҳофизаи ман боқӣ монда, — ин ҳамон фаъолиятҳои аввали муҳорибавӣ буданд. Аз он ба баъд ман як идда натиҷагириҳои амалӣ намудам: набояд ба набард бидуни он рафт, ки авзоъро баррасӣ накарда бошӣ.

 — Чӣ чиз шуморо ҳайрат зада ё такон дод, вақте ки шумо дар Афғонистон ҳузур ёфтед?

— Аввалин лаҳза, ки маро такон дод, дар феврали соли 1980 рух дод. Он гоҳ ман раҳбари ситоди фирқаи 108-ум будам, ки дар он вақт дар атрофи шимоли Кобул қарор дошт ва баъдан мо ба Бағром нақли макон намудем. Мо ҷаласаи машваратии раҳбарони фирқаҳоро тавре баргузор менамудем, ки дар замони сулҳомез дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул буд. Баъд аз яке аз чунин ҷаласот ҳидоят дода шуд, ки ба марокизи худ биравем. Як соат баъд гузориш мувосилат варзид, ки дар масир роҳ аз Кобул ба Бағром, ҷойе, ки баталёни минаҷӯӣ қарор дошт, бар мутар (мошин) оташ гушуда шуда ва подполковник, фармондеҳи баталёни инженерӣ — минарӯбӣ кушта шудааст. Бар илова ин, ки ӯ ва ронандаи ӯ кушта шуданд, душманон ӯро бо кордҳо пора-пора карда буданд, гӯшҳояшро бурида буданд ва чашмони ӯро кашида буданд ва ба аҷсод иҳонат карда буданд. Ман дар ин маҳалл будам. Ин такондиҳанда ваҳшатнок буд. Мо дар зиндагии сулҳомез тарбия шуда будем ва медонистем, ки ин номумкин аст, магар собит шуда, ки мумкин аст. Дар тӯли тамоми 9 сол чунин маворид пайваста такрор мешуданд.

— Роҷеъ ба афғонони одӣ назари Шумо чист?

— Афғононе, ки дар ҳеҷ кадом аз дастаҳои муҷоҳидин шомил набуданд, содиқ ва мардуми бисёр хуб буданд. Онҳо бисёр фақирона зиндагӣ мекарданд, аммо онҳо аз доноӣ, инсоният, ҳусни ният дар муносибот нисбат ба мардум, минҷумла нисбат ба шӯравиён (сарбозони Шӯравӣ — табсираи Sputnik Afghanistan) бархӯрдор буданд. Шояд, онҳо ҷиҳати ба оғӯш кашидан аҷала надоштанд, аммо онҳо аз худи қавоиди ҳайсият ва шева бархурд доштанд. Онҳо нисбат ба мо, мардуми Шӯравӣ, бархурди бисёр хуб менамуданд ва мо низ ба айни тартиб. Мо ба онҳо мадади бисёр зиёд менамудем, эъмор мекардем ва маводи ғизоӣ ирсол мекардем. Онҳо аз ин қадрдонӣ мекарданд.

— Шумо ғизои афғониро сарф кардаед?

— Ман нони афғонӣ аз танӯр хӯрдаам. Бисёр маза доранд, хосатан вақте ки гарм бошанд.

— Оё шумо кадом калимот ба забон дарӣ ё пашту омӯхтаед?

— Ман чанд калимаро медонам, аммо беҳтар аст онҳоро ба садои баланд талаффуз накард.

— Шумо имкони Иттиҳоди Шӯравиро дар мавриди пирӯзӣ дар аввал чӣ гуна арзёби кардед ва назари шумо назар ба ҷараёни ҷанг чӣ гуна тағйир мекард? Шумо чӣ гуна фаҳмидед, ки масъалаи Афғонистон ҳалли ҳарбӣ надорад?

— Ман се бор дар Афғонистон будам. Дар ибтидо ман роҷеъ ба сиҳати файсалаи иттихозшуда қазоват карда наметавонистам. Баъд аз яку ним сол, вақте ки ман амалан бо тамоми Афғонистон ошно шудам ва дар ҳама ҷо будам, ман фаҳмидам доияе, ки мехостанд дар амал пиёда кунанд, қобили таҳаққуқ набуд. Дар он вақт ҳам Амрико ва ҳам НАТО ҳама чизро барои он анҷом медоданд, то пойи Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон бикашонанд. Ман ҳамчунон ба ин дар замони мулоқот бо фармондеҳи умумии самти ҷанубии НАТО муътақид шудам. Онҳо инро пинҳон намекарданд. Ба назари ман, ҳангоми иттихози файсала роҷеъ ба вуруди неруҳо ва мадади интернатсионалистӣ ба раҳбарии Афғонистон, зоҳиран, ҳама чиз мадди назар гирифта нашуда буданд, ё мулоҳизоти дигар вуҷуд доштанд, ки мо роҷеъ ба онҳо намедонем. Ҳоло равшан шуда, ки вуруди неруҳо бо санҷиш омода нашуда буд.

Дар ҷараёни ду соли аввал ҳузури неруҳои мо барои бисёре аз афсарон ва раҳбарии урдуи 40-ум равшан шуд, ки бояд иқдомот барои хурӯҷи неруҳо аз Афғонистон иттихоз гарданд, аммо вазорати дифоъ аз ҳамон оғоз ҳамеша бо вуруди неруҳо мухолиф буд. Чунин вазифа барои урдуи 40-ум вуҷуд надошт. Ягона вазифа ҳифзи фазои ором дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз нуфузи ҳамлаҳои ҳарбӣ аз хориҷ буд. Вуруди неруҳо ба Афғонистон бо сабқатҷӯӣ аз фаъолиятҳои амрикоён ҳамроҳ буд, ки метавон ягона нуқтаи мусбати вуруди неруҳои Шӯравӣ ба Ҷумҳурии Демократики Афғонистон донист. Ин масъала ба гунаи дигар низ ҳал шуда метавонист, ба таври мисол, ба ҷойи эъзом намудани 140 ҳазор неруи Шӯравӣ, ин нерӯ бояд ҳаддиақаллӣ ба андоза маҳдуд мешуд, ки ибтидо ворид сохта шуда буд — 30 ҳазор нафар. Ин неру кофӣ буд, то субот ва қудрат дар маҳаллот ҳифз гардад. Афғонистонро набояд раҳо мекардем, бояд мадад мекардем, аммо ин кор низ бояд аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ ба таври дигар анҷом мешуд. Аз ҷумла, агар мушкилот ва мунозиот аз ҷониби Покистон вуҷуд доштанд, бояд дастаҳои вежа эъзом мешуд. Маскав онҳоро дошт — неруи вежа, ГРУ. Дар ҳайати урдуи 40-ум марокизи кашфи ГРУ вуҷуд доштанд, ки тавассути неруи он тамоми хоки Покистон, Афғонистон ва Эрон пӯшонда шуда буд.

— Файсала роҷеъ ба хурӯҷи неруҳо чӣ гуна иттихоз мешуд?

— Аз авоили соли 1983 фармондеҳии урдуи 40-ум ба таври ҳадафманд бар файсалаи хурӯҷи неруҳо аз тариқи вазорати дифоъ, сафорати Шӯравӣ — ва аз тариқи ҳама, онҳое, ки чунин файсалаҳо иттихоз мекарданд — пофишорӣ мекард. Мо аснод омода сохтем ва онҳоро ба Бюрои сиёсӣ дар майдони куҳан дар Маскав равон кардем. Ба таври ҷиддӣ ба хотири баррасии файсала роҷеъ ба хурӯҷи неруҳо дар соли 1985 замоне иқдом карданд, вақте ки равшан шуд, ки масъаларо ба зӯр наметавон ҳал кард. Билохира файсала дар Женева — ба асоси «мувофиқатномаи Женева», ки Афғонистон ва Покистон имзо карданд, иттихоз шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико зомини он буданд. Дар мувофиқатнома замони хурӯҷи неруҳо таъйин шуда буд: оғози хурӯҷ ба таърихи 15 майи соли 1988 ва хатм хурӯҷ — дар таърихи 15 феврали соли 1989. Ягона чиз ин буд, ки назми хурӯҷи неруҳо тартиб нашуда буд, чун инро фармондеҳии урдуи 40-ум таъйин мекард. Фақат фармондеҳии урдуи 40-ум бар хурӯҷи неруҳо таъкид мекард, чун ҳама он вазоиф, ки ба мо дар Афғонистон марбут буданд, ҳал шуда буд. Мо ба ҳама, аз ҷумла ба амрикоиён, нишон додем, то замоне, ки урдуи 40-ум дар Афғонистон мавҷуд буд, нуфуз кардан ба он ҷо ва ҷангидан бо Иттиҳоди Шӯравӣ бефоида буд. Амрикоён ҳамин ҳоло роҷеъ ба ин суҳбат мекунанд. Вале амрикоиён ҳама чиз анҷом медоданд, то неруҳои Шӯравиро ҳарчи бештар дар Афғонистон нигаҳ доранд.

— Назар вуҷуд дорад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар шикаст хӯрд. Шумо чӣ назар доред?

— Баъд аз хурӯҷи неруҳо онҳое, ки тасаввур карда наметавонанд, ки Афғонистон чист, касе, ки дар он ҷо наҷангида, аксаран афсонаҳое баён мекунанд, ки урдуи 40-ум дар Афғонистон шикаст хӯрд. Вазифа вуҷуд надошт, ки урдуи 40-ум наметавонист онро иҷро накунад. Ин урдуи бисёр қавӣ буд. Роҷеъ ба ҳеҷ гуна шикаст суҳбат дар миён буда наметавонд. Неруҳое, ки дар он ҷо қарор доштанд, аслан қобили муқоиса набуданд. Аз як тараф, мо будем ва аз тарафи дигар, — онҳое, ки ба ишораи Амрико фаъолият мекарданд. Амрикоиён пинҳонӣ фаъолият мекарданд. Раиси собиқи CIA дар ин бора дар хотироти худ навиштааст. Амрико ҳама чизро ба дасти Покистон ва афғонон анҷом медоданд, ки тарафдори Покистон буд. Ва умдатар аз ҳама ин ки урдуи 40-ум дар Афғонистон ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ кас вазифаи пирӯз шудан аз тариқи ҳарбӣ дарёфт накарда буд. Вақте ки мегӯянд, ки урдуи мо дар он ҷо шикаст хӯрд, пас ин мардумро бояд «афсонасароён» номид.

— Лутфан, ба таври муфассал, маълумот диҳед, ки омодагӣ барои хурӯҷ ва худи хурӯҷ чӣ гуна сурат мегирифт? То чӣ ҳад таҳаққуқи хурӯҷи неруҳои Шӯравӣ аз Афғонистон аз нуқтаи назари техникӣ ва амалӣ печида буд?

— Амрикоиён ҳама чиз барои ин анҷом медоданд, то хурӯҷ сурат нагирад ё агар сурат мегирифт, пас бо талафоти азим барои мо сурат мегирифт. Мо омодагии ҷиддӣ гирифта будем, ҳама, он чӣ, ки мумкин буд: ҳам кашфи кайҳонӣ ва анвоъи дигари истихборотиро, ки дар он замон вуҷуд доштанд, барои ин кор басиҷ карда будем. Мо дар бораи ҳар километр хоки Афғонистон ҳама чизро медонистем. Хурӯҷи неруҳо дар ду ҷиҳат: дар ҷиҳати ғарбӣ — дар имтидоди сарҳад бо Эрон ва Кушка ва марказӣ — аз тариқи ҷануб, ҷануб-ғарб ба Кобул, аз тариқи Соланг ба Тирмиз, таҳаққуқ ёфт. Мо ҳама раҳбарони «Иттиҳоди ҳафтгона» (ё «Ҳафтгонаи Пешовар» — номи расмии он «Иттиҳоди исломии муҷоҳидини Афғонистон») — иттиҳоди ҳарбӣ-сиёсии раҳбарони муҷоҳидини афғон дар даврони ҷанги солҳои 1979 — 1989 — табсираи Sputnik Afghanistan), аҳзоберо, ки дар Покистон буданд, аммо гуруҳҳои мусаллаҳи онҳо дар Афғонистон қарор доштанд, руҳан омода сохтем ва бо онҳо иртибот барқарор намуда будем. Мо дар байни онҳо шабакаи неруманди агентон доштем.

Мо бо онҳо мукотиба мекардем ва бо бисёрии ашхос мулоқотҳо менамудем. Билохира бо такмил намудани омодагӣ барои оғози хурӯҷ, ба ҳама ба имзои ман номаҳо ирсол кардем, чун ман расман фармондеҳи урдуи 40-ум — намояндаи ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ барои Афғонистон будам, пас ҳама тавофуқот аз тариқи ман сурат мегирифт. Ба ҳама, аз ҷумла хаттӣ хабар дода шуда буд.

Бар иловаи ин, мо ба онҳое низ номаҳо ирсол кардем, касоне, ки аз онҳо (ҷониби душман — табсира Sputnik Afghanistan) дар Покистон ҳимоят мекарданд. Хурӯҷ амалан бидуни талафот сурат гирифт, агарчи ин бисёр осон набуд. Мавзеъгирии Шеварнадзе хурӯҷи неруҳоро печидатар месохт. Ӯ бар он пофишорӣ мекард, то урду ба муҳлати муайяне, ки дар мувофиқатномаи Женева зикр шуда буд, хориҷ нагардад ва агар хориҷ мешуд, пас 30 ҳазор нафар бояд дар имтидоди шоҳроҳи Кобул — Тирмиз барои ҳимоят аз Ҷумҳурии Демократики Афғонистон ва урдуи Афғонистон боқӣ мемонд. Мо дар ин маврид ба тавофуқ нарасидем, ихтилофи назар вуҷуд дошт. Вақте ки марҳалаи аввали хурӯҷ 15 май — 15 августи соли 1988 сипарӣ шуд, аз Маскав дар мавриди мутаваққиф сохтани хурӯҷи неруҳо фармон дода шуд, яъне вақфаҳои расмӣ вуҷуд доштанд, ки дар протоколи мувофиқатнома навишта шуда буданд. Неруҳо аз Кобулро мо як моҳ қабл аз хатми муҳлати хурӯҷ хориҷ сохтем. Хориҷ сохтани теъдоди азими неруҳо ва васоит аз Кобул аз тариқи Соланг фақат дар зарфи як моҳ, вақте ки дар садметрии росту чап “ашбоҳ” (муҷоҳидин афғон — табсира Sputnik Afghanistan) нишаста буданд, бисёр душвор буд.

— Маълум аст, ки бо Масъуд роҷеъ ба ин мувофиқа ҳосил шуда буд, то ӯ қаторҳои неруҳои Шӯравиро бидуни ҳар гуна мавонеъ аз тариқи кӯтали Соланг иҷозаи убур диҳад. Чунин тавофуқ чӣ гуна дастёб шуда буд? Муносиботи шумо бо Аҳмадшоҳ Масъуд чӣ гуна буданд? Шумо бо ӯ мулоқот карда будед. Ӯро чӣ гуна ба хотир доред?

— Ӯ яке аз мухолифони асосии мо, аммо шахси шоиста буд. Аҳмадшоҳ Масъуд ҳама чизро бисёр хуб мефаҳмид. Мардуме, ки дар дараи Панҷшер зиндагӣ мекарданд, ӯро бисёр дӯст доштанд. Масъуд шахси бисёр мутааҳҳид буд. Агар ӯ ваъда медод, пас сад дар сад бояд бовар медошт, ки ӯ ба қавли худ вафо мекунад. Ман бо ӯ як бор қабл аз хурӯҷи неруҳо мулоқот кардам. Ин дар моҳи майи соли 1988 буд. Қабл аз ин мо ба якдигар номаҳо менавиштем ва аз тариқи мухбирон равон мекардем. Мо роҷеъ ба ҳама чиз тавофуқ намудем, ҳама проблемаҳоро ҳал ва фасл кардем, ҳамкории мутақобилро созмондеҳӣ кардем, то кадом чизи ғайри пешбинишуда рух надиҳад. Мо шифрҳо доштем, Бар иловаи ин, мо иттилоияҳоро шифрсозӣ мекардем, то кадом касе дигар аз номи Аҳмадшоҳ Масъуд амал накунад. Охирин бор мо роҷеъ ба маҳалли машрут — ин дар наздикии маҳалли истиқрори ғунд (полк) — и 177, дар баробари дарвозаи вурудӣ дар доманаи куҳ буд, ҷое, ки бахши куҳистонии роҳи Соланг оғоз мешавад, мулоқот намудем. Ба тарафи рости роҳ ба сӯи дараи Панҷшер мерафт ва мустақиман роҳи умдаи Кобул — кӯтали Соланг ҷудо мешуд. Мо дар нуқтаи васли ду роҳ бидуни муҳофизин бо ҳам мулоқот кардем. Мо дар ҳудуди панҷ дақиқа бо ҳам гуфтугӯ намудем ва тавофуқотро таъйид кардем. Баъд аз ин мо аксаран ба ҳамдигар нома менавиштем. Шеварднадзе пофишорӣ мекард, то қабл аз хурӯҷи неруҳо, вақте ки охирин ду қатор аз кӯтали Соланг убур мекард, мо бояд бар Аҳмадшоҳ Масъуд заработи қавӣ ворид месохтем, ки сурат гирифт. Ҳатто дар он вақте, ки мо заработ ворид сохтем, Масъуд зарбаи ҷавобия бар мо ворид насохт.

— Маълумот вуҷуд дорад, ки заработ бар ҷойҳои холии дара ворид оварда шуданд. Оё ин дуруст аст?

— Заработ бар аҳдофе ворид оварда шуданд, ки Маскав, ГРУ дода буданд. Аҳдофро Горбачёв мутолиба мекард ва роҷеъ ба ин ба вазири дифоъ гуфта шуда буд. Мумкин, ба кадом тартиб афсарони мо ба Аҳмадшоҳ Масъуд хабар доданд, ки мо ба ворид овардани заработ маҷбур хоҳем шуд. Аҳдоф дар тӯли роҳ нишон дода шуда буданд, ҷое ки афроди Масъуд вуҷуд доштанд. Дар ҳудуди 90 дарсад онҳо рафта буданд. Онҳо шабакаи агентони худро доштанд ва мо низ ба онҳо хабар додем. Заработ ҳамчунон ба умқи манотиқ — дар шарқу ғарби Соланг ворид оварда шуданд. Заработ бар дара тавассути тайёрот аз хоки Иттиҳоди Шӯравӣ низ ворид шуданд. Аммо мо қотеъона бо чунин заработ мухолиф будем. Мо ба Маскав тилфон кардем ва гуфтем, ки урдуи 40-ум дар ин заработ ширкат нахоҳад кард. Мо амалан аз ҳудуди тобеияти худ убур кардем. Мо тавзеҳ намудем, ки агар ин заработ сурат гиранд ва ба ҳадафи худ бирасанд, пас неруҳое, ки дар бахши вурудии кӯтали Соланг боқӣ монда, аз Афғонистон хориҷ нахоҳанд шуд. Агар муҷоҳидин зарбаи ҷавобия ворид мекарданд, фоҷиа рух медод.

— Кадом афкор ва ҳарфҳо дар зеҳнатон барои аввалин бор хутур кард, вақте ки хурӯҷи неруҳо хотима ёфт?

— Ман бо худ тақрибан чунин гуфтам:«Худоро шукр, ки ҳама чиз хотима ёфт». Тавони ҳарф задан надоштам. Ҳамчунон калимоте вуҷуд дошт, ки беҳтар аст онро ба забон наовард.

— Оё орзуи рафтан ба Афғонистон вуҷуд надошт? Оё шумо дар он ҷо баъд аз хурӯҷи неруҳо будед?

— Чунин орзу вуҷуд надошт. Ман тақрибан дар ҳар нуқтаи Афғонистон будам. Бо ин маҳаллот хотироти нохушоянди ман марбутанд.

— Оё Амрико аз Шумо дар мавриди машвараҳо роҷеъ ба ин, ки чӣ гуна бояд дар Афғонистон ҷангед, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Шумо, дархост намуда ё на?

— Возеҳан, баъд аз аъмоли террористии 11 сентябри соли 2001 ба ман аз сафорати Амрико ва НАТО муроҷиат карданд. Ин қабл аз вуруди қитъаоти Амрико буд. Ман ҳама чизро ба рангҳои сиёҳ тарсим кардам. Ман саъй намудам тавзеҳ диҳам, ки онҳо дар он ҷо бо мушкилот мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва ин ки онҳо беҳуда дар он ҷо мудохила мекунанд. Вале онҳо мудохила карданд ва инак, 18 сол дар Афғонистон қарор доранд.

— Бо назардошти ин ки чанде қабл Трамп роҷеъ ба хурӯҷи ниме аз қитъаоти хориҷӣ аз Афғонистон эълом кард, оё амрикоиҳо барои истифода аз таҷрибаатон ба шумо муроҷиа накардаанд?

— Ҳоло на. Онҳо наметавонанд таҷрибаи неруҳои моро ба ин иллат такрор кунанд, ки онҳо неруҳои заминӣ дар Афғонистон надоранд. Мо аз тариқи ду масири заминӣ берун мешудем. Агар онҳо неруҳоро хориҷ месозанд, пас тавассути қувваҳои ҳавоӣ хоҳанд рафт. Агар боз ҳам аз тариқи заминӣ иқдом кунанд, пас афғонон онҳоро нахоҳанд бахшид, зеро онҳо амрикоиёнро дӯст надоранд, аз ҳамин рӯ, онҳо аз тариқи ҳаво хориҷ хоҳанд шуд ва ин чизҳои комилан мутафовитанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here