Мутолиаи ин мақола ба чанд нукта таъкид мекунад: Ротшилдҳо чун бузургтарин сармоядорони олам зарфи беш аз дусад соли охир дороии худро бо садоқат ба се принсипи асосӣ ғанӣ кардаанд: зиракии яҳудӣ, тарроҳиҳои илмиву асоснок ва риояи дӯстиву рафоқати хонаводагӣ. Муддати ин беш аз дусад сол як васияти поягузори сулола ҳамеша раҳнамои ин хонавода будааст: бародарон ҳамеша бояд бо ҳам бошанд. Ва ин сарвар ва асосгузори сулола дами марг на авмоли худро миёни писарон тақсим кард, балки онҳоро васият намуд, ки бо ҳам бошанд. Ва онҳо ҳоло ҳам бо ҳаманд.

Дар замони мо сармояи бузургро метавон хеле ба осонӣ ва зуд ёфт. Билл Гейтс — сарватмандтарин одами Сайёра зарфи ҳамагӣ чанд сол бо бунёди ширкати бузурги Майкрософт соҳиби миллионҳову миллирадҳо шуд. Гарри Уинсток бошад аввалин миллиарди худро баъди чанд моҳи поягузории ширкати «Глобал Кроссинг» пайдо кард.
Аммо барои миллионерҳои аввалини асри XIX ба зудӣ муяссар намешуд сарват ҷамъ оваранд, вале онҳо низ бисёр вақтҳо маҳорати сардаргумкунанда аз худ нишон медоданд ва ҳиллаҳоеро ҳам ба кор мебурданд. То ба имрӯз сарнавишти Ротшилд, Рокфеллер ва Вандербилд ҳамоно аҷоибу ғароиб ва сиррӣ ба назар мерасад.
Боре Гейне бо таҳрифи ояи Қуръон гуфт: “Пул ин худои замони мост ва Ротшилд пайғамбари он”. Ва дар ҳақиқат дар Аврупои он замон ба ҷойи ибораи “сарватманд чун Қорун” мегуфтанд “соҳибсарват чун Ротшилд”. Мавҷи нави соҳибкорон то ҷойе насли куҳанро танг карданд ва ҳатто тибқи арзёбии соли 2002 ҷамъи сарвати хонадони Ротшилдҳо ба 15 миллиард доллар мерасид. Дар саҳмияҳои ин хонавода чӣ қадар пул вуҷуд дорад, касе дақиқ намедонад. Барои он ки иттилоот ва сармоя аз доираи тасарруф хориҷ нашавад, муддати ин 200 соли охир Ротшилдҳо издивоҷҳои хонаводагиро таҷриба мекунанд. Ҳар дуюмин тӯй дар сулолаи онҳо хешутаборист. Вале чаро ин ба инқирозу таназзул оварда намерасонад?
Шохаи инглисии сулола соҳаи маъданҳои куҳиро дар Африқои Ҷанубӣ аз худ кардааст, ширкатҳои бузурги нафтӣ ва металҳои ранга низ аз онҳост. Яке аз пурқудраттарин бонкҳои ҷаҳонӣ «Натан Майер Ротшилд ва писарон” номида мешавд, ки маркази он дар Лондон аст ва ба наздикӣ дусадсолагии таъсиси худро ҷашн мегирад. Асоси молиявии шохаи фаронсавии ин сулола ширкати ҳолдингии «Сосйетэ дэнвестисман дю Нор» ва бонки «Ротшилд ва К°» ташкил медиҳад. Ғайр аз ин ин хонавода боз садҳо ширкат ва иттиҳодияҳои миёнаҳол дорад.
Дар асри XIX мегуфтанд: «Дар олам танҳо шаш империяи бузург вуҷуд дорад: Британияи Кабир, Русия, Фаронса, Австро-Венгрия, Пруссия ва Ротшилдҳо”. Имрӯз танҳо охирӣ боқӣ мондааст. Ротшилдҳо дар қиёс ба Билл Гейтс ва Уоррен Баффет миллиардҳои худро бидуни саросемагӣ ҷамъ меоранд, ин ҳам дар ҳолест, ки формулаи комёбии онҳо аз аср ба асри дигар амалан дигар нашудааст.

Ин ҳама чӣ гуна рух дод?

Асосгузори сулола писарбачаи одии яҳудӣ аз Франкфурт маҳсуб мешавад. Оилаи Майер Амшер саргарми тиҷорат буд. Вақте падари хонадон вафот ёфт, писарбача ҳамон замон тарки мактаб кард ва дар ҷустуҷӯи кор шуд. Кори хуб пайдо набуд ва асосгузори сулола барои худ дар ахлотдон кор пайдо кард. Ҳар рӯз вай дар миёни ашёи партофшуда гоҳ тангаҳои аз муомилот баромадаро пайдо мекард, гоҳ медали гумшуда ва гоҳ зиннатҳои ифлосу чиркинро. Бозёфтҳои худро тоза мешуст ва онҳоро ба шакли мол медаровард ва басо муваффақона онҳоро ба коллексионерон мефурӯхт. Зарфи чанд моҳ вай миёни дӯстдорони ашёи куҳан маъруфият пайдо кард. Соли 1750 Майер манзили хурдакакеро иҷора гирифт ва дар он дӯкони ашёи қадимаро боз кард.
Олмони охири асри XVIII якчанд давлати хурдакакеро ба ҳам оварда буд, ки ҳар кадом пули худро сикка мезад ва дар муомилот дошт. Ротшилдҳо аввалин бонкро дар ҳамин манзили иҷора кушоданд ва он ҳуҷрае буд, ки ҳамагӣ чор метри мураббаъ масоҳат дошт. Дар ин ҷо тоҷирон пулҳои худро табодул мекарданд. Ба фоидаи табодули асъор Майер тадриҷан дӯконҳоеро ҳам, ки дар вазъи бади молӣ қарор доштанд, аз худ мекард ва майдони фаъолияти худро васеъ менамуд. Баъдҳо Майер бо номи Ротшилд маъруф шуд, зеро дар дари хонаи вай солҳои зиёд ким-кадом аломати ношиносе бо номи олмонии шаклан монанд ба нишони сурхи Rot Schild намудор буд. Ва мизоҷонаш тадриҷан бо ҳамин ном ин макон ва соҳиби онро ном мебурданд. Худи вай бо истифода аз фурсат вазъи молии худро беҳтар кард. Ротшилд ба князгариҳои Олмон зиёд равуо мекард ва ашёи ҷамъовардаи худро ба асилзодагону ашрофон ва дӯстдорони ашёи замонҳои қадим мефурӯхт. Боре барояш муяссар шуд, ки коллексионере мисли худашро мулоқот кунад, ки на як шахси оддӣ, балки шоҳзода валиаҳд буд.

Зинаҳо барои миллионерҳо

Ҳар касе замоне агар мухлиси ашёи қадим шуду онҳоро ҷамъоварӣ кард, медонад, ки ҷудо шудан аз фарзанди дӯстдошта то куҷо мушкил аст. Вале Ротшилд ин ваҳшати ҷудоӣ аз дӯстдоштатарин амволашро фурӯ нишонд ва як коллексияи арзишманди худро ба шоҳзода Фридрих Вилгелм IX, ки баъдан ба яке аз сарватмандтарин сокинони Олмон табдил шуд, бахшид. Шоҳзода аз ин туҳфаи ногаҳонӣ ва басо пурарзиш ба ваҷд омад ва пурсид: “Чӣ ҷоизае ба ивази ин туҳфа талаб доред, марди босаховат”?
— Ба ман ҷоизае лозим нест, — бо фурӯтанӣ посух дод Майер Амшел. — Ман дар оянда низ омодаам бе ягон тамаъ ба Ҷаноби олӣ хизмат кунам.
Аз ҳамон вақт Ротшилд иҷозаи атиқафурӯшӣ дарёфт кард. Дар идораи атиқафурӯш навиштаҷоти дигаре зам шуд: “Таъминкунандаи дарбори Ҷаноби олӣ”, вале аз рӯйи одат мардум онро дӯкони Ротшилд меномиданд. Ва ҳамон вақт поягузори ин ширкати тавоно ба аҳамияти “брэнд” пай бурд ва худи ҳамин номро интихоб кард. Хеле ба зудӣ зиракиву кордонии Ротшилдро арзёбӣ намуда, худи ландграф (унвони графӣ дар Руми муқаддас) бонкдори шахсӣ таъин кард ва ба вай ҳама фаъолиятҳои пулии худро бовар мекард.
Дар оянда Майер муваффақ шуд мансабдорони дарборро ба ҳамкорӣ даъват кунад, ки дар байни онҳо шахсиятҳои шинохтае чун вазири ояндаи молия Карл Фридрих Будерус буд. Баъдҳо вай яке аз сармоягузорони асосии Хонаи тиҷорати Майер-Амшел-Ротшилд шуд. Ба шарофати ҳамин гуна пуштупаноҳ Ротшилд заёмҳои давлатиро ба ҳадди афзунтар аз он ки тавон дошт, дарёфт мекард.
Панҷ писари Майер ба камол расиданд ва ба зудӣ онҳо чун панҷ ангушти як панҷа фаъолиятҳои худро дар панҷ кишвари муҳими Аврупо мутамарказ карданд. Амшел, писарбузурги ӯ ҳамаи корҳои хона то Франкфуртро, ки риштаҳои ширкат то он ҷо мерасиданд, идора мекард.
Натан соли 1798 ба Англия рафт ва дар Манчестер ба содироти матоъи пахтавор машғул шуд. Соли 1809 вай мақоми шаҳрвандии Британияро пайдо кард ва бонки хусусии худро ифтитоҳ намуд. Баъдан Натан падарашро розӣ мекунад, ки бародари хурдии вайро ба Порис эъзом кунад. Фаронса он замон аллакай бо олмониҳо меҷангид ва хеле мушкил буд, ки як олмонӣ дар пойтахт иҷозаи зистан дарёфт кунад. Писарбузурги Ротшилд муваффақ шуд, ки Ҷеймсро ба ҳайати сафорати княз фон Далберг шомил созад. Сармоядори ҳиллагар ваъда дод, ки ба ивази ин бунёди роҳ, сохтани ҳоҷатхонаҳои замонавӣ, мизи таом барои князро сармоягузорӣ мекунад. Ҷавобан ба ин княз барои писарони Ротшилд на як, балки се имкони зист дар Фаронсаро фароҳам овард. Ба зудӣ Карл ва Саломон низ ба Порис рафтанд. Аммо се фарзанди Ротшилд дар Порис хеле зиёд ба назар мерасиданд ва Соломон ба Вена рафт, Карл бошад дар Неапол бонкашро фаъол кард. Дар муддати кӯтоҳ бонкҳои навтаъсис Австрия, Италия, Испания ва ҳатто Ватиканро бо пул таъмин мекарданд.

Тавлиди империя

Яке аз тезонандаи раванди сармоядории Ротшилдҳо ҷангҳои Наполеон шуданд. Натан дар Лондон аз ширкати Ост-ҳинд сабикаҳои тиллоро бе он ки савдо кунад, ба миқдори зиёд мехарид. Дар ҳоле ки ҳукумати шоҳаншоҳӣ мунтазири коҳиши нарх мемонд. Ҷанг идома дошт, арзиши тилло боло мерафт ва ба зудӣ барои хазинаи бритонӣ тилло лозим шуд. Зарур буд, ки артиш ва флот нигоҳ дошта шаванд, пеш аз ҳама неруҳои Веллингтон дар Испания. Натан пешниҳод кард, ки ба инглисҳо тилло бо арзиши камтар аз бозор фурӯхта шавад, вале бо фоида барои худ. Ғайр аз ин Ротшилд вазифадор ҳам шуд, ки ин тиллоро ба Веллингтон расонад. Бо роҳи баҳр бурдани ин миқдор тилло хатарнок буд, роҳ аз тариқи Фаронса бошад дар назари аввал номумкин ба назар мерасид.
Ротшилдҳо ҳукумати Наполеонро бовар кунониданд, ки тиллои инглисҳо аз Фаронса берун намеравад. Баъдтар он аз Албион ба Порис кӯчид. Ба сари фаронсавиҳо ин фикр наомад, ки тилло аз таҳхонаи бонкҳои Ротшилдҳо берун нашуда, бо роҳҳои тамоман қонунӣ ба Испания мерасад ва онро Веллингтон барои нигоҳ доштани неруҳои худ истифода мебарад. Ҷеймс Ротшилд тиллои аз Натан гирифтаашро ба вексели (ҳуҷҷати уҳдадорие, ки аз рӯи он маблағи муайяни пул одатан дар муддати муайян бояд пардохта шавад) суратҳисобаш дар бонкҳои Испания табдил дод. Карл ва Соломон бо векселҳо ба Испания рафтанд ва аз он ҷо бо забонхати Веллингтон баргаштанд. Веллингтон бо ҳамин пулҳо фаронсавиҳоро аз Испания пеш кард.
Ротшилдҳо ба амалҳои тааҷҷуббарангези худ идома медоданд. Соломон, ки дар Вена мезист лотереяро фикр карда баровард. Дар Австрия шакли нави заёмҳои бурднокро ба роҳ монд. Ин заёмҳо хеле машҳур шуданд. Ба зуди Соломон, ки дар ҳимояи шахсии княз Меттерних буд, пурқудраттарин бонкдори Австро-Венгрия шуд. Ротшилдҳо мизоҷони худро барои баргардонидани қарзҳо саросема намекарданд, чун ҳар қадар замон тӯлонӣ мешуд, фоизи бонкӣ зиёд мемонд ва ин ба фоидаи қарздиҳанда буд. Ва ин пулҳои фоида тадриҷан ҳама гӯшаву канори қораи Аврупоро фаро гирифтанд, ҳатто ҳкуматдорони ҳамаи ин кишварҳо муҳтоҷи пули Ротшилдҳо буданд. Аввалин касе, ки расман аз фаъолиятҳои онҳо истиқбол намуд, императори Австрия буд, вай ба бародарон мақоми дворянӣ дод ва баъдан ба унвони барони империя мушарраф сохт.

Ватерлоо дар Лондон

Соли 1815. Аврупо аз қасоси Наполеон ба ларза уфтодааст. Баъди музаффарият муддати сад рӯз ҳамаи ширкаткунандагони биржаҳо интизор буданд, ки муҳорибаи ҳалкунандаи назди Ватерлоо ба чӣ меанҷомад. Тибқи ривоятҳо ин муҳорибаро аз ду ҷониб Натан ва Якон пайгирӣ мекарданд. Ғайр аз корҳои молиявӣ ва талош барои рушди тиҷорати худ Ротшилдҳо боз ба як кори дигар ҳам метавонистанд саргарм шаванд. Сухан аз кабутарони хаткашон меравад. Ҳанӯз пеш аз муҳориба қисмати шимолу ҷануби Аврупо пур аз паррандаҳое шуданд, ки Натан аз Англия фиристода буд. Баъди муҳориба кафтарҳо фавран бо дастурҳои рамзбандишудаи баста дар пояшон сар дода шуданд. Аммо Ротшилдҳо нахостанд худро зери хатар гузоранд ва ба душворӣ бовар карданд, ки Наполеон дар ин ҷангҳо шикаст мехӯрад, Натан бо асбҳои қимматарзиши худ ба Лондон меравад. Ротшилдҳо на танҳо муаллифони ин фармудаи басо машҳуранд: “Ҳар касе соҳиби иттилоот аст, вай оламро дар даст дорад”, балки онҳо ҳама корро анҷом доданд, то иттилооти зарурӣ аввал ба дасти онҳо расад. Барои ин миёни Франкфурт, Лондон ва Порис истгоҳи аспони хаткашон бунёд ёфтанд, ки онро Хонаи тиҷорати Ротшилдҳо сармоягузорӣ карда буд. Аспҳои Ротшилдҳо назар ба аспҳои давлатӣ тезравтару тездавтар буданд. Агар ба харитаи Аврупо назар андохта шавад, метавон ба хубӣ мушоҳида кард, ки Ватерлоо наздик ба меҳвари Франкфурт — Лондон ҷойгир шудааст. Оё Ротшилд ҳамин муҳорибаро дар ин макон худаш созмон надод магар?
Субҳ Натан ба биржаи Лондон худро расонд. Вай басо саросемавор ҳамаи саҳмияҳои худро фурӯхт. Тарсу ҳарос ва воҳима аз овозаи пирӯзии Наполеон, ки худи Ротшилд чун шоҳиди бевоситаи муҳорибаи ҳалкунанда бардошт, дигаронро водор намуд, ки арзиши коғазҳои қиматноки Англия, Австрия ва Пруссияро поин баранд ва ин коғазҳои қиматнок соат ба соат арзиши аслии худро аз даст медоданд ва баъдан ҳамаи онҳоро гумоштаҳои Ротшилд мехариданд. Дар бораи он ки Наполеон ҷангро бохт, дар биржа танҳо як рӯз пас хабар ёфтанд: бисёре аз дорандагони коғазҳои қиматбаҳо, ки онро ба арзонтарин қимат фурӯхта буданд, даст ба худкушӣ заданд, аммо Натан дар ин гирудор 40 миллион фунт стерлинг фоида дид. Ва ҳамин гуна найрангро Якоб дар Порис анҷом дод.
Ҷолиб он аст, ки баъди ин амалиёт бародарон дигар барои фоидаи фавқулодда талош накарданд, балки пулҳои худро барои тарҳҳои хосаву ояндадор равона сохтанд.

Асрори комёбӣ

Моҳи сентябри соли 1812, вақте Наполеон ҳоло ба Маскав ҳамла накарда буд, Майер Амшел аз олам реҳлат намуд. Дами марг Ротшилди пирсол васиятномае аз худ боқӣ гузошт. Асоси ин васиятномаро на тақсими “амволи манқулу ғайриманқул” ташкил медод, балки риояи қоидаҳои хонаводагӣ — дӯстиву рафоқат миёни бародаронро таъкид мекард. Бародарон васияти падарро ба ҷо оварданд, ҳамаи корҳои тиҷоративу бунёди ширкатҳову корхонаҳо ва тарҳҳои хосаву навро бо ҳам машварат мекарданд, ҳамаи фоида миёнашон баробар тақсим мешуд, ҳарчанд онҳо на зуд-зуд, балки дар се — чор сол як маротиба вомехӯрданд.
Ротшилдҳо дар ҳар гӯшаи Аврупо ҳаёт ба сар мебурданд, на дар як шаҳру як кишвар ва ин ба рушди тиҷорату соҳибкории онҳо бештар мусоидат мекард, зеро ахбори зарурӣ аз ҳар гӯшаро ба зудӣ миёни худ қисмат мекарданд ва тасмим мегирифтанд. Онҳо кучактарин ҷузъиёти кори тиҷоратиро тарроҳӣ карда буданд. Онҳо устоди на танҳо дарёфти ахбор, балки ҳифзи иттилоъи худӣ буданд. Боре рақибон муколамаи шахсии Ротшилдҳоро дарёфт карданд, вале ҳатто донотарин мутахассисони рамзшинос натавонистанд рамзҳои оилавиро шикананд ва он иттилоъро донанд. Касе наметавонист ҳатто тахмин кунад, ки ибораи “моҳии хушк” ба маънои пул аст ва боз ин на ҳар пул, бакли пулҳое, ки мутааллиқ ба принсипҳои Гессен мебошанд.
Ҷамъи сармояи сулола дар солҳои 70-и асри XIX 1 миллиард доллар рақам зада мешуд, ки ба қурби он замон хеле пули калон ба ҳисоб мерафт. Ягон тарҳи бузург бидуни ширкати Ротшилдҳо роҳандозӣ намешуд. Бо пули онҳо ҷустуҷӯи алмос дар Африқои Ҷанубӣ ба роҳ монда шуд, сохтмони роҳи оҳан дар Аврупоро сармоягузорӣ карданд, замин барои бунёди канали Суетс бо пули онҳо харида шуд, нафте, ки дар Русия истихроҷ мешуд, онҳо мехариданд. Шоҳони Пруссия, императорҳои Австрия, шоҳони рус на як бору ду бор барои мадад ба империяи Ротшилдҳо муроҷиат кардаанд.
Бисёре аз муҳаққиқон қайд мекунанд, ки васиятномаҳои баронҳо ҳамеша ҳамроҳ бо насиҳат, қасам, ваъдаву видоъ, муаммо ва асрор аст. “Қотеъона ва ҷиддан баргузории ҳар гуна тасвири додгоҳӣ ва ҷамъиятии мероси худ, ҳар гуна дахолати додгоҳӣ ва ҳар гуна фош намудани ҳаҷми дороиҳои худро манъ мекунам”. Дар васиятномаи миллионери фаронсавӣ Амшел Ротшилд ҳамин банд омада. Ва боз: “…Ҳамеша дар ёд дошта бошед ва фаромӯш накунед, ки хоксорӣ ба сарват ва дороӣ мебарад”. Амшел ҳамин нуктаро барои ояндагонаш навишта буд. Амшел писарбузурги бунёдгузори хонаводаи Ротшилдҳо буд, ки дар рутбаи мушовири пинҳонии Пруссия, бонкдори дарбор, мушовири молиявии Гессен, консули шоҳи Бавария ва дорандаи болотарин орденҳо вафот карда буд.
Ротшилдҳо боз ба вафодорӣ ба идеяҳои хонавода машҳуранд ва ҳамин вафодориву нигоҳ доштани паймони бародарӣ сол аз солу даҳсолаҳо сарвати онҳоро ғанӣ кард, майдони фаъолияту корашонро фарох намуд. Лионел Ротшилд дар охири асри XIX чандин сол сарвари намояндагии молиявии Русия дар Лондон буд ва писари вай калонтарин биржаи тиҷоратии оламро сарпарастӣ мекард.
Эдмон де Ротшилд ба милликунонии роҳҳои оҳани Фаронса мусоидат карда буд. Соли 1913 ширкати бузурги «Ройал Датч Шелл», ки аз ҷониби сулола назорат мешавад, бузургтарин ширкатҳоро дар Боку ва се ширкатро дар Қавқози Шимолӣ дар ихтиёр дошт, ки аз рӯйи нишондод баландтар аз рақибони аслии Ротшилдҳо – Нобел ва Рокфеллер буд. Дар асри ХХ бо вуҷуди он ки ду ҷанги ҷаҳонӣ аз сар гузашт, амволи зиёде мусодира шуд, молиёт ба мерос боло рафт, империяи Ротшилдҳо нобуд нашуд ва то ба имрӯз яке аз калонтарин империяи молиявӣ дар олам маҳсуб мешавад.
Давлати имрӯзаи Исроил маҳз бо пуштибонии ҳамин сулола ташкил шуд ва бисёре аз бузургтарин иншоотҳои сохташуда дар қаламрави Фаластини ишғолӣ бо пули Ротшилдҳо бунёд ёфтааст.
Олам аз комёбиҳои онҳо дар ҳайрат буд, рақибонашон онҳоро чашми дидан надоштанд, вале ҳамаи онҳо ба пули онҳо ниёз доштанд. “Ротшилдҳо наметавонанд афроди зиёдатӣ бошанд”,- гуфта буд Бенҷамин Дизраэли, ходими давлатӣ аз ҳизби консерваторони Британияи Кабир.

Манбаъ: zn.ua/SOCIETY

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here