Пас аз имзои созиши муштарак аз 10 ноябри соли 2020, ки аз ҷумла қатъи ҳама гуна низоъҳоро миёни Озарбойҷон ва Арманистон дар бар мегирад, то ҳол ҳолатҳои фиристодани ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон ба хидмати ҳарбӣ ба қаламравҳои дар сатҳи байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷой доранд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, ки дар ин робита паҳн шудааст, аз ҷумла омадааст, ки ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар қаламравҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Озарбойҷон меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, алахусус соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои байналмилалиро вайрон намуда, нақзи ошкорои дигар санадҳои байналмилалие мебошад, ки худи Арманистон онҳоро эътироф  намудааст. Қобили зикр аст, ки истиқрори ғайриқонунии нерӯҳои Арманистон дар қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки айни замон нерӯҳои посдори сулҳи Русия мустақаранд, ҳамчунин нақзи дағалонаи тавофуқномаи муштараки роҳбарони Озарбойҷон, Русия ва Арманистон аз рӯзи 10 ноябр мебошад.

Ин созиш хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро аз қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баробари истиқрори нерӯҳои посдори сулҳи Русия пешбинӣ намудааст. Дар изҳорот инчунин амнияти шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва боркашонӣ дар ҳарду самти долони Лочин кафолат дода мешавад. Ва истифодаи ин долон барои ҳадафҳои низомӣ, бавижа ҳадафҳои пинҳонӣ, тариқи либосҳои шаҳрвандӣ ва мошинҳои ғайринизомӣ убур кардани он бошад, нақзи дағалонаи тартиби долони Лочин аст, зеро ҷараёни назорати ҳайати посдорони сулҳро халалдор месозад ва талошҳои онҳоро барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа халалдор менамояд.

Вазъи боздошти беш аз 60 диверсант ва террористи арманӣ дар Озарбойҷон, ки Арманистон бардурӯғ ҳамчун «асирони ҷанг» муаррифӣ кардааст, далели ҳамаи ин аст. Ягона дарси дурусте, ки Арманистон метавонад аз ин вазъ бигирад, ин радди пурраи сиёсати фиристодани сарбозон ва афсарони худ ба қаламрави Озарбойҷон аст. Зеро вуруди ғайриқонунии ашхоси мусаллаҳ ба қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон, ба ғайр аз ҷавобгарии ҳуқуқии байналмилалии кишваре, ки ба он тааллуқ доранд, мутобиқи қонунгузории миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Бояд қайд кард, ки фиристодани ҷавонони синни даъватӣ аз Ереван ба қаламравҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи Озарбойҷон барои гузаштани хидмати ҳарбӣ, боиси хашм ва эътирозҳои оммавӣ дар худи Арманистон низ гаштаанд. Ҷомеаи Арманистон, ки аз шикасти харобиовари ҷанги 44-рӯза ҳануз ҳам ба худ наомадааст, ва аз марги ҳазорон низомиён ва надоштани иттилоот дар бораи сарнавишти бисёре аз онҳо ҳоло ҳам дар изтироб аст, акнун аз идомаи амали ғайриқонунӣ фиристодани сарбозони худ ба қисмати кӯҳии Қарабоғ аз ҷониби ҳукумати кишвар хеле нигарон аст. Эътирозҳои волидайни даъватшавандагон торафт авҷ мегиранд, ва талаби асосии онҳо хизмат намудани фарзандони онҳо дар Арманистон аст, на дар Озарбойҷон.

Истифодаи ғайриқонунии кормандони низомии Арманистон дар қаламрави кишвари дигар, алахусус бо роҳи фиреб ва маҷбуркунӣ, ҳамчунин нақзи ҷиддии ҳуқуқҳои инсон, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаанд ва санадҳои дахлдори қабулнамудаи ташкилотҳои минтақавӣ мебошад.

Ин қадамҳои Арманистон чораҳоеро, ки барои ба эътидол овардани муносибатҳо, таъмини сулҳу субот дар минтақа дар асоси эътирофи тарафайн ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва сарҳадҳои байналмилалии давлатҳо равона шудаанд, ҷиддан зери шубҳа мегузоранд ва ба авҷгирии вазъ хизмат мекунанд.

Ба манфиатҳои пеш аз ҳама, худи Арманистон мебоист, ба амалҳое, ки метавонанд ба дурнамои сулҳи минтақавӣ ва ҳамкорӣ зарар расонанд, хотима бахшад. Бокуи расмӣ доимо хотиррасон менамояд, ки интихоби дигаре барои иҷрои пурра ва софдилонаи ҳамаи ӯҳдадориҳои Арманистон дар самти таъмини сулҳу субот, шукуфоӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа, ки аз ҳуқуқҳои байналмиллалӣ ва созишномаҳои муштараке, ки 10 ноябри соли 2020 ва 11 январи соли 2021 ба имзо расидаанд, вуҷуд надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here