Ширкати ҳавопаймосозии Airbus эълон кард, ки аз ин ба баъд тайёраи бузурги Airbus A380-ро истеҳсол нахоҳад кард. Дар хабари ин ширкат гуфта мешавад, ки баъди соли 2021 ин ҳавопаймо дигар истеҳсол нахоҳад шуд. Сабаби ин тасмими ширкати аморатии Emirate аст, ки мегӯяд фармоиши ин моделро аз 162 то 123 адад коҳиш медиҳад. 

 «Ин тасмим моро водор кард, ки тавлиди ин навъи ҳавопайморо комилан қатъ кунем. Зеро ҳама талошҳои мо барои дар оянда фурӯхтани он ба ширкатҳои дигари пурнуфузи ҳавопаймоӣ бенатиҷа монд”,- гуфта шудааст дар охирин иттилои директори кулли ширкат Том Эндерс.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои дуошёнаи A380 калонтарин ҳавопаймо дар олам аст. Дарозии он 72,75 метр, вусъати болҳояш 79,75 метр мебошад.

Ин ҳавопаймо қудрати онро дорад, ки ба масофаи то 15 ҳазор км парвоз кунад. Ширкати Аэробус тавлиди онро аз соли 2007 оғоз карда буд ва бо гузашти 12 сол эълони хатми истеҳсолаш расонаӣ шуд.

Бино ба маълумоти ироашуда Emirates 14 ҳавопаймои дигар аз ин навъро зарфи ду соли оянда дастрас мекунад. Аммо ин ширкат ҳоло боз 40 ҳавопаймои дигари тамғаҳои A330-900 ва 30 тайёраи A350-900-ро фармоиш додааст.

Emirates ширкати ҳавопаймоии аморатӣ аст, ки дафтари марказии он дар шаҳри Дубай қарор дорад. Ширкат мутааллиқ ба Аморати Муттаҳидаи Араб аст ва парвозҳои муназзам аз Дубай ба мамолики Шарқи Миёна, Шарқи Дур, Аврупо, Африқо, ниҷазираи Ҳинд, ҷанубу шарқи Осиё ва Амрикои Шимолӣ анҷом медиҳад. Фурудгоҳи байналмилалии Дубай қутб ё фурудгоҳи аслии ин ширкат ҳавопаймоӣ ба шумор меравад.

Ширкати ҳавопаймоии Emirates бузургтарин ширкати ҳавопаймоӣ дар Шарки Миёна аст. Дар айни замон ин ширкат наздик ба 300 ҳавопаймои фаъол ва теъдоди зиёде низ дар дасти супориш дорад. Дар ин ширкат тибқи маълуоти ироашуда то 18 ҳазор маъмурони парвоз кор мекунанд ва дар ҳафтае 3400 парвоз ба 133 шаҳр воқеъ дар 84 кишвари олам анҷом медиҳад. Ин ширкат тибқи оморгирии соли 2012 аз назари шумори интиқоли мусофирони байналмилалӣ чаҳорум ширкати маъруфи ҳавопаймоии олам номида шуда буд.

Ин ширкати ҳавопаймои моҳи майи соли 1985 аз тариқи ҳукумати Дубай таъсис шуда, аз 25-уми сентябри соли 1985 ба фаъолият шуруъ кардааст. Аввалин парвози вай ба шаҳрҳои Бомбай ва Деҳлии Ҳинд будааст.

 

“Самак”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here