(Суҳбати роҳбари гуруҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Саиди Ҳайдар бо раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов)

— Муҳтарам раис, пеш аз он, ки ба шарҳи масоили мухталифи вилояти таҳти роҳбариатон пардозем, нахуст мехостем назари шахсии Шуморо дар бораи ВМКБ бифаҳмем. ВМКБ барои Шумо чӣ даргоҳест?

— ВМКБ як қисмати хеле зебо ва сеҳрангези Тоҷикистон буда, бо таърих, тамаддун, мавқеи ҷуғрофӣ ва стратегии худ дар ҷумҳурӣ мавқеи махсус дорад. Бисёр олимон ва шарқшиносони русу тоҷик онро макони пайдоиши ҳаёт номидаанд. Ин қисмати Тоҷикистон имконот ва маҳдудиятҳои хоси худро доро буда, умед дорам, ки ояндаи хуберо дар пеш дорад.

— Тавре медонем, Шумо дар лаҳзаҳои ҳассос иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят шудед, аммо тавонистед мушкилотро бартараф созед. Лутфан, бигӯед, ягон ҳолате буд, ки дар бартараф кардани камбудиҳо зиёд азоб кашида бошед?

— Ин лаҳзаҳои душвортарин дар ҳаётам буданд, чунки, мутаассифона, дар он рӯзҳо ба дӯши ман вазифаи бисёр пурмасъулият афтод. Сарафрозам аз сиёсати сулҳпарварона ва ботамкини Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии мардуми бохиради ВМКБ ва роҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ки дар он лаҳзаҳои ҳассос тасмими оқилона пеша карданд. Азоб зиёд буд, вале мевааш ширин омад.

— Ба назари Шумо, масъулияти иҷрокунандаи вазифаи раис вазнин аст ё масъулияти раис?

— Барои ман шахсан ҳарду тарафи мусбат ва манфии худро доранд, вобаста аз он, ки шахс худаш чӣ мехоҳад. Иҷрокунандаи вазифаи раис ваколат ва эътирофи кулл надорад, вале бо умеде, ки ман дар ин вазифа муваққатан ҳастам ва баъди чанде ин масъулияти бузург аз дӯши ман бардошта хоҳад шуд. Раис — ин ваколат ва масъулияти пурра буда, шахс тамоми ҳастияшро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии худ сарф мекунад ва дигар имконияти фикри кор ё вазифаи дигар надорад. Тасмими минбаъда фақат дар дасти Роҳбари давлат аст.

— Солҳои 2019-2021-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Чун мардуми ВМКБ бо ҳунармандии худ ном баровардаанд, мегуфтед, ки дар ин самт чӣ пешрафту навгониҳо ҳастанд? Ва дар мавриди рушди деҳот чӣ чораҳо андешида шудаасту нақши сайёҳӣ барои иқтисодиёти Бадахшон чи гуна аст?

— Ба назари ман, мафҳуми ҳунарҳои мардумии бошандагони ВМКБ аз дигар манотиқ андаке фарқ дорад. Дар Бадахшон тавваҷҷуҳ зиёдтар ба ҷабҳаи зеҳнӣ аст, назар ба истеҳсолӣ. Санъат, фолклор, расму русуми ин мардум хеле ғанӣ буда, дар ин солҳо хеле пешрафт кардаанд ва ҳанӯз қисматҳои кашфнашудаи он хеле зиёд аст. Албатта, ВМКБ бо либосу тоқӣ, ороишҳо ва дигар молҳои истеҳсоли мардумӣ хеле машҳур аст ва имрӯз онҳоро ҳатто дар Амрикову Аврупо мебинем. Симои деҳоти вилоят мисли дигар қисматҳои Тоҷикистон дар 28 соли истиқлолият хеле зебо шуд, вале мутаассифона зиндагӣ дар он ҷо ҳанӯз хеле душвор аст аз ҷиҳати рушди инфрасохтори зарурӣ. Таъмин намудани супориши Ҷаноби Олӣ оид ба кам кардани фарқият байни деҳот ва шаҳр ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дорад, бахусус дар қишлоқҳои дурдаст. ВМКБ ватани сайёҳӣ аст ва бесабаб нест, ки 3 соли охир дар дунё дар қатори 100 хатсайри беҳтарин дониста шуд. Беҳтар намудани ифрасохтор, бахусус роҳҳо, меҳмонхонаҳо, ҳоҷатхона ва дигар макони будубоши сайёҳон, хизматрасониҳои гуногун, эҳё ва ташвиқу тарғиби ҷойҳои сайёҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои ҳозираи мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ мебошанд.

— Имрӯзҳо тамоми шаҳру ноҳияву вилоятҳои кишвар дар тараддуди омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Дар ин самт МИҲД-и ВМКБ чӣ чораҳо андешида ва боз чӣ тасмимҳоеро дар пеш дорад?

— Чун дигар қисматҳои мамлакат зиёда аз 600 иншооти бузург ва кӯчак сохта мешаванд, вале барои ман мақсади ниҳоӣ — ин сулҳу субот ва ваҳдати миллии комил, истиқлолияти устувори иқтисодӣ ва дар шуури ҳар як шахс ҷойгузин намудани мафҳуми истиқлолият ва номуси ватандорӣ аст. Ба гуфтаи Пешвои миллат, ҳар як шаҳрванд бояд аз истиқлолият баҳра барад. Агар мо инро таъмин карда натавонем, маънои онро дорад, ки ба ҳадафи аслии худ ҳанӯз нарасидаем.

— Шумо ҳамчун раиси вилоят вазъи иҷтимоии мардуми ВМКБ-ро чи гуна баҳо медиҳед?

— Нисбат ба солҳои пеш хеле хуб, вале афсӯс, ки ҳоло ҳам вазнин аст. Мо ба мардуми худ ҳанӯз таъмин намудани ҳаёти шоистаеро, ки Ҷаноби Олӣ дар паём ва баромадҳои хеш моро вазифадор карданд, натавонистем.

— Ба назари Шумо, ба ҳолати имрӯза, дар ҳудуди вилоят ба кадом соҳаҳо таваҷҷуҳи бештар додан лозим аст? Яъне, дар кадом соҳаҳо масоили ҳалталаб вуҷуд доранд? Ва инчунин, аз нигоҳи таҳлилӣ, кадом соҳа пешрафта аст?

— Рушди саноати куҳӣ, сайёҳӣ, нерӯи инсонӣ ва энерҷӣ. Албатта, дар қисматҳои алоҳида — чорводорӣ, боғдорӣ, коркарди гиёҳҳои табобатӣ ва дигар имкониятҳо ҳастанд. Аммо ягонтои инҳоро пешрафта гуфтан душвор аст. Гарчанде соҳаи энерҷӣ музаффариятҳои зиёд дорад, вале ҳанӯз ин соҳа низ потенсиали зиёди истифоданашуда дорад. Фарзандони соҳибилми Бадахшонро дар кулли дунё вохӯрдан имкон дорад, аммо неруҳои зеҳнӣ ва инсонии ин диёрро метавон боз ҳам рушд дод ва ба миллату давлат хизмат хоҳанд кард.

— Таври маълум, чанде пеш чархаи дуввуми НБО-и «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд. Дар лаҳзаҳои ба истифода дода шудани он Шуморо чӣ эҳсосе фаро гирифта буд?

— Шармандагист, бигӯям, ки дар солҳои аввали шуруъи ин кор ба ин боварӣ надоштам ва узр мехоҳам, ки он солҳо ба қудрати халқи тоҷик ва иродаи қавии Пешвои миллат баҳо дода натавонистам. Ин сарафрозии миллати тоҷик аст, ки тавонист ояндаашро равшан созад.

— Истиқлолият барои Бадахшон чӣ дод?

— Ба мисли дигар сокинони ҷумҳурӣ — соҳибватанӣ, ҳисси баланди ҳуввияти миллӣ, озодӣ ва имконоти корҳои созандагиву бунёдкорӣ.

— Дар ҳассостарин вақт, дар солҳои 90-ум асри гузашта, ки Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, Пешвои Исмоилиёни ҷаҳон Оғохони 4 бо даъвати Раиси Шӯрои Олии онвақта Эмомалӣ Раҳмонов ба Тоҷикистон қадам ранҷа намуда буданд. Ин қадами муборак ба Тоҷикистон чӣ дод?

— Ин туҳфаи беҳтарини Ҷаноби Олӣ ба ҷамоати Исмоилия буд, ки ин халқ ба орзуи ҳазорсолаи худ расиданд, бо Мавлоно Ҳозир Имом дидор карданд. Дар он солҳои даҳшатнок мардум аз гушнагӣ ва марг раҳо ёфтанд. Дуо ва дастгирӣ дар таъмини сулҳу шуруъи барномаҳои рушд дар кулли қаламрави ҷумҳурӣ аз хизматҳои бесобиқаи Волоҳазрат Оғохон ҳастанд. Имрӯз ҳам ташкилотҳои Оғохон ва шахсан Шоҳзода Оғохон хайрхоҳ ва дастгири ҳамин давлат ва миллат ҳастанд.

— Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар саноатикунонии босуръат мебошад. Дар ин замина, Бадахшонро, ки яке аз бойтарин минтақаҳои ҷаҳон ном мебаранд, чӣ интизор аст?

— Ин ягона роҳи на фақат рушди Бадахшон, балки кӯмак ба иқтисоди мамлакат дар маҷмуъ хоҳад буд. Садҳо конҳо мунтазири маблағгузорӣ ва истифода мебошанд.

— Хизмати Пешвои муаззамро барои Бадахшон дар чӣ мебинед ва ба фикри Шумо ҳамчун як шаҳрванд, ояндаи Бадахшон чи гуна хоҳад шуд?

— Даҳҳо лаҳзаҳое буданд, ки Бадахшонро шояд алангаи ҷанг барвақт месӯзонд, вале он гузашту бахшиш ва тамкину дурандешии Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба ин рӯзҳои хурсандибахш расидем.Ба ҳамаи қисматҳои Тоҷикистон, новобаста аз он ки кадомашон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чӣ мавқеъ доштанд, бо як чашм нигаристанд, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ такон доданд, маҳбуби ҳамагон ва лидери ягона шуданд. Нақши шахсро дар таърих бо амали мушаххас нишон доданд. Агар аз он корҳое, ки Ҷаноби Олӣ барои Бадахшон карданд, ҳарф занем, соатҳо ва саҳифаҳои зиёдеро талаб мекунад: якпорчагӣ ва эҳёи миллат, озодии виҷдон ва иҷрои суннатҳои мазҳабӣ, сохтмони роҳҳову кӯпрукҳо, иншооти соҳаи маориф, ҳифзулсиҳат ва фарҳанг, ташкили фазои мусоид барои фаъолияти шарикони рушд, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ, таъмини ҳаёти осоишта барои бошандагони вилоят дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ ва садҳо мисолҳои дигар.

P.S. Маҳз сиёсати арзанда ва дурусти Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баҳои дуруст додан ба воқеаҳои солҳои охир дар ВМКБ ва интихоби дурусти фарзонафарзанди миллат Ёдгор Файзов дар он лаҳзаҳои душвор ба вазифаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сабаб гардид, ки пеши роҳи ҷанҷолҳо гирифта шавад ва якпорчагии Тоҷикистони азизу ваҳдату саодати саросарӣ ҳифз карда шавад, ки дар натиҷа, имрӯз мо Бадахшонро дар самти пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ беназир дармеёбем. Як худи ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Миёна ва бемористони сатҳи ҷаҳонии Оғохон дар шаҳри Хоруғ, сохта ба истифода додани Коллеҷи тиббию Маркази ёрии таъҷилӣ дар Хоруғшаҳр, таъмини бунёди шабакаи обрасонии пурраи шаҳри Хоруғ, бунёди мактаби миёнаи №14 дар ноҳияи Рӯшон, корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Зиғар — Қалъаи Хумб, оғози корҳои лоиҳакашӣ дар роҳи Қалъаи Хумб — Ванҷ ва садҳо дигар иншооти иҷтимоию саноатӣ гувоҳ бар онанд, ки дар кӯтоҳтарин вақт зиндагии шоиста барои мардуми Бадахшон таъмин карда шуда, он чун яке аз минтақаҳои асосии кишвар дар самти сайёҳӣ, табобату истироҳат ва коркарди маъданҳои куҳӣ Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард, ки дар ин самт хизматҳои Ёдгор Файзов басо бузург арзёбӣ мегардад. Дар бораи пешрафтҳои ин гӯшаи зебоманзараи диёр дар шумораҳои оянда ба хонандагон маълумоти муфассал медиҳем.

2 ШАРҲҲОИ

  1. Наход ин гуфтахои Йодгор Файзуф бошад.Агар чунин буд, пас метавон гуфт, ки шахсмяти аз вокеият дур ва тамалоуккор мебошад. Аз чунин афрод бояд гуш ба кимор буд, зеро дар фурсати муносиб 180 % эхтимоли чархиш вучуд дорад.

  2. Фигон аз шугниёни шухи ширинкори шах,рошуб, Чунон бурданд сабр аз дил ки туркони ягъморо…….

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here