Дар толори меҳмонхонаи «Атлас» дар шаҳри Душанбе барои 30 нафар журналистон-кормандони васоити ахбори омма аз манотиқи гуногуни кишвар тренинги омӯзишӣ доир ба ташаккули фарҳанги муошират ва рафтор идома дорад.

Созмондиҳандагон ҳадаф ва вазифаҳои ин тренингро омӯзонидани тарзи дурусти фарҳанги муошират ва рафтор, василаи дурусти гирифтани иттилоот, пешниҳоди иттилоот ва донишҳои дақиқ барои журналистон, ҷалби тавваҷуҳи журналистон ба инъикоси мавзӯъ ва афзун гардонидани малакаи касбии хабарнигорон арзёбӣ мекунанд.

Тренерони ин тренинги омӯзишӣ устодони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон профессор Ҷовид Муқим ва Маҳмадулло Давлатов ва созмондиҳандагони он Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» бо дастгирии Лоиҳаи Сино мебошанд.

Тренинги омӯзишӣ аз соати 9: 20 оғоз гардида, то соати 17:00 идома меёбад, ки дар ҷамъбасти он ба иштирокчиён сертификатҳо супорида хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here