Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон теъдоди сироятшудагони коронавирус дар ин кишвар ба 1716 нафар расид. Аз ин шумор 1259 нафар ба суръати фаъол ба ин беморӣ сироят шудаанд.

Дар ин миён саломатии 450 нафар сироятшудаи ин беморӣ барқарор гардида, 7 нафар ҷон бохтаанд. Бино ба иттилои ин манбаъ, вазъ комилан зери назорати мутахассисон қарор дорад.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши бештари ин беморӣ дар Ӯзбекистон чораҳои қатъӣ пиёда карда шудаанд. Муддати қарантин то 10 май тамдид гардидааст. Ҳанӯз аз мардум тақозо мешавад, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва аз сироят шудан ба ин беморӣ парҳез кунанд.

Дар ҳамин ҳол, фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаи махсус ва таҳсилоти ҳамагонӣ дар ин кишвар мутаваққиф сохта шудаанд. Маълум нест, ки ин муассисаҳо кай дубора дари худро ба рӯи таълимгирандагон боз хоҳанд кард.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дастандаркорони вазоратҳои марбута дар фикри онанд, ки имтиҳонҳои аз синф ба синфгузарӣ ва хатмкуниро ба кадом усул ҷорӣ кунанд. Интизор меравад, ки бархе аз ин корҳо аз тариқи онлайн ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Ҳамарӯза омӯзгорони зиёд аз тариқи шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон дарсҳоро бо усули онлайн мегузаранд. Коршиносон ин усули нави ҷоришуда дар Ӯзбекистонро хеле  босамар арзёбӣ мекунанд.

Ба далели ҷорӣ шудани қарантин дар ташкилоту муассисаҳои зиёд, аз ҷумла нашрияҳо, матбааву нашриётҳо, корхонаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, метро, боғҳои истроҳат ва амсоли он низ кор қатъ шудааст. Як қатор ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои хусусӣ коргарони мавсимии худро аз кор сабукдӯш кардаанд.

Мақомоти Ӯзбекистон талош доранд, ки дар ин давра ҷойҳои нави кор фароҳам оваранд ва онҳое, ки дар ин давра шуғлашонро аз даст додаанд, дубора ба кор таъмин намоянд.

Президент Шавкат Мирзиёев Вазорати шуғли аҳолии кишварашро муваззаф намудааст, ки дар ин самт ба иқдомоти ҷиддӣ даст занад, то ки баъди анҷоми муддати қарантин бекорон ба ҷои кор таъмин карда шаванд.

Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби кооперативҳои кишоварзӣ ва гармхонаҳои хусусӣ 14 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, 110 ҳазор нафар ба корҳои мавсимӣ ва 167 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъитӣ фаро гирифта шуда, маоши онҳо сари вақт пардохт мешавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here