Бунёди нерӯгоҳи барқи атомӣ (ҳастаӣ (НБА) Ӯзбекистонро аз камбуди барқ наҷот хоҳад дод. Ин ақида вирди забони  иддае аз коршиносони ӯзбекистонӣ мебошад. Ба гуфтаи онҳо бунёди НБА барои Ӯзбекистон хеле муҳиму муфид аст, зеро тавассути он кишвар ба пешрафтҳои зиёди иқтисодӣ ноил мегардад.

— Соҳибкорони зиёд имкон пайдо мекунанд, ки бо истифода аз нерӯи барқи фаровон корхонаҳо бунёд созанд, тоҷирон низ аз ин ҳисоб бой мешаванд, чунки одамони зиёд мошинолоти маиширо бештар мехаранду барои беҳбудии зиндагии худ истифода мекунанд, — мегӯяд коршиноси маҳаллӣ Обид Ҳасанов.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон уран истихроҷ мекунад ва истихроҷи он барои сохтмони чунин нерӯгоҳи атомӣ имкониятҳои фаровонро ба бор меоварад. Шояд маҳз ба  ҳамин асос “Росатом” дар бунёди он бо ҷониби Ӯзбекистон ҳамкорӣ карданист ва мутахассисони худро ба ин кишвар фиристоданист.

Интизор меравад, ки Ӯзбекистон ба сохтмони нерӯгоҳи барқи атомӣ соли 2022 шурӯъ мекунад ва он марҳала бар марҳала анҷом хоҳад пазируфт. Муҳлати ниҳоии он барои соли 2029 муқаррар шудааст.

Дар айни ҳол ҷои ин сохтмон муайян карда шудааст ва то соли оянда асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоҳиҳаи мазкур ба нақша гирифта шудааст. Баъди он ки ду  агрегати он бо иқтидори 2,4 ГВт ба кор дароварда мешавад, ин нерӯгоҳи атомӣ солона 18,9 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Яке аз ҷиҳатҳои хоси ба кор даромадани ин нерӯгоҳ фароҳам овардани 2700 ҷои кор мебошад. Таъминоти молии бунёди НБА аз ҳисоби буҷаи Ӯзбекистон ва кредитҳое сурат хоҳад гирифт, ки давлати Русия пешниҳод кардааст.

Аммо тавре ки ноиби вазири барқи Ӯзбекистон Шерзод Хоҷаев ба хабаргузории podrobno.uz гуфтааст, кишвараш дар мавриди сохтмони НБА бо Русия шартнома имзо накардааст.

Ба гуфтаи Шерзод Хоҷаев онҳо ҳанӯз барои имзои ин шартнома бо Русия омода нестанд. Вай далел овардааст, ки тарафҳо тафсилоти техникӣ ва молиявии бунёди нерӯгоҳро кор карда истодаанд ва баъд шартномаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ва бидуни ягон ихтилофи назар ба имзо хоҳад расид.

— Ҳарду ҷониб низ муддати дақиқи имзои ин шартномаро баррасӣ накардаанд. Мо лозим донистем, ки шароити созгор фароҳам оварем ва баъд ба имзои ин шартнома пардозем, — изҳор кардааст ноиби вазири барқи Ӯзбекистон.

Ёдоварӣ мешавад, ки Ӯзбекистон ва Русия моҳи сентябри соли 2018 доир ба ҳамкорӣ дар бунёди НБА созишномаи байниҳукуматӣ имзо кардаанд. Ин НБА дар қаламрави Ӯзбекистон сохта мешавад ва аз ду агрегати насли “3+” бо реакторҳои иқтидораш 1,2 ГВт иборат мебошад. Баъди баҳрабардорӣ иқтидори он ба ду баробар афзоиш дода хоҳад шуд.

Минтақаи сохтмони НАБ дар наздикии соҳили кӯли Тузкони вилояти Ҷиззах тайин шудааст ва ҳоло гурӯҳи махсуси корӣ дар ин ҷо корҳои муҳандисӣ-тадқиқотӣ пиёда мекунанд.

Ҳарчанд миқдори маблағе, ки барои бунёди НБА лозим аст, маълум нест, вале коршиносон харҷ шудани 10 миллиард доллари амрикоиро ҳадс мезананд.

Оё бунёди НБА барои Ӯзбекистон ягон хатар ба бор меорад? Ин суолест, ки дар ҳамин ҳол коршиносони зиёди маҳаллӣ ва экологҳо аз ҷавоби саҳеҳ додан ба ин савол мушкилӣ мекашанд, зеро ҳанӯз дар Ӯзбекистон сохтмони чунин нерӯгоҳи барқ таҷриба нашудааст ва перомуни зарар ё фоидаи он ба муҳити зист, аҳолӣ ва мавҷудоти дигар бо ҷуръат касе чизе намегӯяд.

Ногуфта намонад, ки дар ин кишвар аз тариқи истифодаи газ ва углеродҳои дигар нерӯи барқ тавлид карда мешавад. Ҳамчунин барои тавлиди нерӯи барқ аз бод, офтоб ва энергияи биогаз низ ба миқдори кам истифода мешавад.

Масъалаи  бунёди нерӯгоҳи барқи атомӣ то чӣ андоза ба муҳити экологии Ӯзбекистон хавф эҷод мекунад ва дар муқобили ин иқдом чи вокуниш нишон бояд дод?

Як гурӯҳ депутатҳо барои омӯхтани фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намудаанд ва ин масъаларо таҳқиқ кардаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Нововоронежи Русия, Венгрия, шаҳри Фукусимаи Япония чунин нерӯгоҳҳо сохта шудаанд. Дар ин бора раҳбари ҷиноҳи ҳизби экологӣ дар палатаи қонунбарои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Борий Алихонов маълумот ироа намудааст.

Ба гуфтаи Алихонов мардуми Ӯзбекистон аз бунёди ин нерӯгоҳи барқ набояд ибрози нигаронӣ кунад. Вай далел овардааст, ки корбасти технологияҳои замонавӣ имкон фароҳам меоваранд, ки амнияти мардуми кишвараш таъмин мебошад ва ба муҳити зист низ ин нерӯгоҳ ягон таъсири манфӣ ба бор намеорад. Ба таъкиди ӯ ҳатто дар минтақаи сейсмикии фаъол метавон аз ҳар гуна хавфу хатар эмин монд.

— Дар НБА Нововоронеж дидем, ки оби барои хунук кардани реактори атомӣ ба берун ихроҷ намешавад ва ба оби рӯдхона дубора намерезад. Дар ин ҷо ҳар сол мусобиқаҳои моҳидорон баргузор мегарданд ва моҳиҳо ҳаргиз аз он зарар намебинанд. Ба ин тартиб, агар дар Ҳайдаркӯли мо низ НБА сохта шавад, барои мардуми атрофи он ягон хисорот ворид нахоҳад кард, — гуфтааст Борий Алихонов ба хабаргузории “Новости Узбекистана”.

Ба таъкиди ӯ пӯшида нест, ки  одамони зиёд даҳшати атомро ба ҳайси воситаи вайрону валангоркунӣ мепазиранд.

— Мо бояд ҷаҳонбинии одамонро перомуни ин мавзӯъ тағйир диҳем. Дар онҳо бояд нисбати манбаҳои барқ тасаввуроти дуруст пайдо шавад, зеро тавассути ин нерӯгоҳи барқ мо метавонем иқтисодиётамонро пеш барем ва аз он ба сифати захираи бехатари барқу экология истифода намоем, — зикр намудааст муовини раиси спикери парлумони Ӯзбекистон Борий Алихонов.

Ба гуфтаи мутахассисон захираҳои нафту гази дунё барои 40-60 сол, ангишт — 100-115 сол мерасад. Дар айни ҳол истифодаи солонаи энергия ба эквиваленти 12 миллиард тонна баробар аст.  Яъне, ба ҳисоби миёна дар як шахс энергияе истифода мекунад, ки  аз 2 тонна нафт ҳосил шудааст.

Аммо ҳодисаҳои дар НБА-и Чернобил ва “Фукусима” рухдода аз ёди мардум фаромӯш нашудааст. Гуфта мешавад, ки зимни сохтмни чунин нерӯгоҳҳо фикру назари коршиносон, мутахассисон ва мардуми ҳамон минтақа низ бояд ба назари эътибор гирифта шавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here