Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ба тартиб даровардани пахши ахбор дар шабакаҳои иҷтимоиро хеле муҳим арзёбӣ кардааст. Вай афзудааст, ки ин иқдом ҳаргиз маънои  маҳдуд сохтани  озодии баёнро нахоҳад дошт.

— Ба тартиб даровардани қонунгузории ин соҳа набояд ба сифати маҳдудият ба озодии баён талқин шавад, балки ҳангоми гуфтани ҳарфе бояд кас эҳсоси масъулияти онро фаромӯш накунад, — изҳор кардааст Танзила Норбоева.

Ба таъкиди хонум Норбоева дар Ӯзбекистон озодии баён мавҷуд аст ва он ҳаққи конститутсионии ҳар шаҳрванди кишвараш мебошад. Вай тазаккур додааст, ки вале ин ҳуқуқ  набояд алайҳи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат суистифода шавад.

— Итоат накардан ба қонун, роҳандозии беназмиҳо, зӯроварӣ нисбати одамон, бешафқатӣ ҷиноят аст? Бале, ҷиноят аст. Пас, чаро даъват ба он ҷиноят шумурда нашавад?! — гуфтааст Танзила Норбоева.

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд намудааст, ки пахши ахбори дурӯғин низ ҷиноят аст. Ба таъкиди хонум Норбоева имрӯз наҳаросидан аз пахши ахбори дурӯғин, муҳимтар аз ҳама, фарқ накардани миёни ҳарфи рост ва дурӯғ, ё нахостани дарки фарқи ин ҳарду маънӣ оммавӣ шуда меравад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳама давру замони таърихи башарият ва фарҳангҳо, тамаддунҳо ва мазҳабҳо дурӯғ гуфтан сахт маҳкум карда шудааст.

— Бояд дарк кунем, ки бо қонун ба тартибу низом кашидани меъёрҳо зарурат ва тақозои давру замон аст. Нуктаи дигар ин аст, ки макони ахбор набояд холигоҳ дошта бошад. Имрӯз дар оммавӣ шудани ахбори шуду ношуд ва дурӯғ мутасаддиёни расонаҳои расмӣ низ сабабгоранд. Пахши ахбор танҳо тафсилоти чорабиние нест, ки дирӯз ё имрӯз баргузор гаштааст, — зикр намудааст Танзила Норбоева.

Гуфта мешавад, ташкилотҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ дар ҷараёни фаъолияти худ манбаъҳои ҳуқуқӣ, вазифа ва функсияҳо, мақсаду маром ва нақшаҳо, лозим ояд, мушкилоту камбудиҳоро бояд ба таваҷҷӯҳи омма ба тарзи ошкоро расонанд ва онҳоро огоҳ кунанд. Хонум Норбоева таъкид кардааст, ки барои вокуниши саривақтии ҳодисаву воқеаҳо, мулоқот бо одамон низ ҳамеша бояд омода бошанд.

— Ба ибораи дигар, дари идораҳои давлатӣ бояд ҳамеша боз бошад. Дар ҳамон ҳол пеши роҳи ахбори бардурӯғ ва беасос гирифта хоҳад шуд, — иброз доштааст раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева.

Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ ва шабакаҳои интернетӣ бо пахши ахбори беасос ва бардурӯғ дар миёни ҷомеаи Ӯзбекистон нигарониҳоро ба бор овардаанд. Барои ҳамин талоши ҳукумати ин кишвар ба он равона шудааст, ки пеши роҳи чунин раванд ба таври мусолиматомез ва бо дарки маънӣ гирифта шавад, то ки мафкураи мардум, хусусан ҷавонони ин кишвар аз чунин хабарҳои дурӯғу беасос заҳролуд нагардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here