Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби шакли  ҳамкориҳои сеҷонибаи “Ӯзбекистон-ИМА-Афғонистон” масъалаҳои марбут ба амният баррасӣ гардиданд. Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ба тарзи  видеоконфронс сурат гирифт.

Дар ин чорабинӣ раиси зеркомиссия-ноиби раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Саломҷон Ҳусанов, ноиби вазири хориҷаи Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов, ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умуми Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ненси Ҷексон, ноиби ёвари вазири хориҷаи Амрико Томас Крочи, ноиби Мушовири Президенти Афғонистон дар умури амнияти миллӣ Саломшоҳ Иброҳимӣ, ноиби вазири дифои миллии Афғонистон Абдулҳай Рауф, ҳамчунин намояндагони вазоратҳои марбута ва идораҳои се кишвар иштирок карданд.

Бино ба хабари дафтари матбуоти ВХӮ ҷонибҳо аз рӯи вазъи эпидемиологии ҷорӣ табодули назар намуданд, таъсири сирояти коронавирус ба амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои пандемияи коронавирус ваҳдати нерӯҳо ногузир аст.

Ҳамзамон, аҳамияти густариши ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи сарҳад ва табодули иттилот байни идораҳои дахлдори ҷонибҳо барои баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи кочоқи маводи мухаддир ва терроризм таъкид карда шуд.

Гуфта мешавад, ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ бар асоси рӯзномаи “Занон, сулҳ ва амният”  таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд. Механизмҳои таҳкими робитаҳо дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, ҳалли муушкилоти зӯроварӣ нисбати занону духтарон ва дастрасӣ ба омӯзишу парвариши босифат муҳокима карда шуданд.

Зимни конфронси видеоӣ ҷонибҳо масъалаҳои дигари рӯзномаи муштаракро зери баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврал Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи даври навбатии машваратҳои сиёсии Ӯзбекистон-Амрико ҷалби Афғонистонро дар лоиҳаҳои минтақавӣ муҳокима кардаанд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ширкати фаъоли он дар ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ табодули назар сурат гирифт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here