Бонки миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишварро эълон кард. Гуфта мешавад, ки дар нимаи аввали соли равон ин маблағ 2,4 миллиард долларро ташкил мекунад. Он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 дарсад, ё 156 миллион доллар кам мебошад.

Бино ба иттилои ин манбаъ ҳамзамон ҳаҷми умумии маблағе, ки аз Ӯзбекистон ба хориҷ интиқол ёфтааст, 427 миллион долларро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллион доллар, ё ба андозаи 9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бонки миллии Ӯзбекистон мегӯяд, дар маҷмӯъ бақияи мусбати интиқоли вом нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиард доллар буда, ба 5 дарсад коҳиш ёфтааст, ки баробари 116 миллион доллари амрикоист.

Бино ба маълумоти бонки мазкур, дар системаҳои интиқоли воми байналмилалӣ моҳи майи соли равон 485 миллион доллар ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи апрел 1,9 ё баробари 235 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Моҳи июни соли равон муҳоҷирони ӯзбекистонӣ 621 миллион доллар интиқол додаанд, ки гуфта мешавад, ҳаҷми интиқоли маблағҳоро нисбатан устувор нигоҳ медорад.

Ин дар ҳолест, ки бар асари дунёгир шудани коронавирус ҳазорҳо шаҳрванди Ӯзбекистон аз Русия ва Қазоқистон ба ватан бармегарданд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки афзоиши мавҷи бозгашти муҳоҷирони корӣ минбаъд боз ҳам бештар ба коҳиши ҳаҷми умумии интиқоли маблағ таъсири манфӣ хоҳад овард. Ин вазъияти иҷтимоиро дар дохили ин кишвар ба бумбаст мувоҷеҳ хоҳад кард.

Дар айни ҳол мақомоти Ӯзбекистон талош ба харҷ медиҳанд, ки барои муҳоҷирони баргашта ҷойи кор фароҳам оваранд, вале вазъият баёнгари он аст, ки имкони таъмини ҳамаи онҳо ба ҷойи корро бозори меҳнати Ӯзбекистон бар дӯш гирифта наметавонад.

Танҳо бо гузашти вақт маълум хоҳад шуд, ки Ӯзбекистон чи гуна ва бо пиёда кардани кадом чораҳои қатъӣ метавонад худро  аз ин бӯҳрон наҷот диҳад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here