Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълон кард, ки барои қатъиян риоя кардани талаботи санитариву гигиенӣ назоратро шиддат мебахшад. Гуфта мешавад, ки тибқи ин қоидаҳо ҳангоми ҳаракат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд одамон ниқоби тиббӣ дошта бошанд ва масофаи иҷтимоии байни ҳамдигарро низ риоя кунанд.

Ин қоидаҳо ба он далел шиддат бахшида мешаванд, ки дар баъзе шаҳру навоҳӣ ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ чандон риоя намекунанд ва ин ҳол боиси ба коронавирус сироят шудани одамон дар байни аҳолӣ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори комиссияи мазкур қоидаҳои қарантин то 1 августи соли равон қатъӣ риоя карда хоҳад шуд. Хосатан, дар минтақаҳои “зард” ва “сурх” ин қоидаҳо шиддат бахшида мешаванд.

Муайян карда шудааст, харҷи шахсоне, ки ҳангоми кор ва бидуни риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар ҷои кор ба коронавирус сироят шудаанд, пурра аз ҷониби ҳамон субектҳои хоҷагӣ пардохт карда мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон то 15 август теъдоди шахсони ба вируси ин беморӣ сироятшуда 5010 нафарро ташкил мекунанд. Аз ин теъдод 3943 нафар саломатии худро бақарор кардаанд, аммо 19 нафар ҷон бохтаанд. Ҳоло 1141 нафар дар муассисаҳои махсус зери назорати мутахассисон қарор доранд ва муолиҷа мешаванд.

Дар Ӯзбекистон бо дарназардошти беҳшавии вазъ аз 15 июн дар хатисайри Тошканд-Бухоро-Тошканд, Тошканд-Тирмиз-Тошканд, Тошканд-Хива-Тошканд, Тошканд-Нукус-Тошканд, Андиҷон-Хива-Андиҷон, Андиҷон-Бухоро-Андиҷон, Тошканд-Самарқанд-Тошканд ва Андиҷон-Тирмиз-Андиҷон, ки ба минтақаҳои “зард” ва “сабз” тааллуқ доранд,  ба  ҳаракати қаторҳои мусофиркаш рухсат дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки аллакай 18 май дар чанд хатисайр ҳаракати қаторҳо барқарор шуда буд. Ин қатори “Афросиёб”-и тезгар мебошад, ки аз Тошканд ба самтҳои Навоӣ, Бухоро ва Қаршӣ, ҳамчунин водии Фарғона ҳаракат мекунад.

Мувофиқи тартиби ҷорикардаи Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус шахсоне, ки аз Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии халқии Чин ва Исроил ба Ӯзбекистон меоянд ва дар кишвари худ 14 рӯзи охирро сипарӣ кардаанд, 14 рӯз дар карантини хонагӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Малайзия, Таиланд ва Сингапур низ ба ин тартиби ҷорикарда бояд риоя кунанд, аммо шаҳрвандоне, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои боқимондаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ба Ӯзбекистон меоянд, ҳатман 14 рӯзро дар муассисаҳои махсуси карантинӣ сипарӣ мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here