Ба иттилои Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон дар айни ҳол 35 ҳазору 329 нафар ба бемории коронавирус сироят шуданд ва аз ин шумор саломатии 30 ҳазору 973 нафар барқарор гардидааст. 232 нафар аз сирояти ин беморӣ ҷон бохтаанд. Вазъи 813 бемор хеле бад аст ва 234 нафар сироятшудаи ин беморӣ дар вартаи марг қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки танҳо дар як шабонарӯз мавҷи сирояти ин беморӣ 628 нафарро фаро гирифт. Ба ҳамин далел, ҳанӯз вақт аз даст нарафтааст, ки мардум бо дарки маънӣ қоидаҳои карантинро бо амри виҷдон риоя кунанд ва худу дигаронро ҳимоя намоянд.
Сарнозири идораи давлатии санитариву эпидемиологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков ва ҷонишини сарвазири ин кишвар Ӯктам Барноев ба вируси ин беморӣ сироят шудаанд ва ҳоло зери табобат қарор доранд.
Тибқи хабарҳои расида, ахиран ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, ки ба вируси ин беморӣ сироят шуда буд ва ҳатто дар бораи фавти ӯ хабарҳо пахш шуданд, баъди барқарории саломатӣ ба ҷои кори худ баргашт, аммо ҳокимони вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ Карим Камолов ва Қобил Турсунов ҳанӯз бастарианд ва пизишкон барои барқарор намудани саломатии онҳо мубориза мебаранд.
31-уми июл раиси Ҷуқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Мӯсо Ерниёзов бар асари ин беморӣ ба ҳалокат расид.
Бо амри президент Шавкат Мирзиёев аз 15 август қоидаҳои карантин дар Ӯзбекистон нарм карда шуданд. Аз хизмати нақлиёти шаҳрӣ ва метро одамон дубора истифода мекунанд. Нақлиёти байнишаҳриву байнивилоятӣ низ бо риояи қоидаҳои карантин дубора ҳаракати худро фаъол намудаанд.
— Дар олам касе намедонад, ки ҳамагирии коронавирус то кай давом хоҳад кард. Бо вуҷуди он ки мушкилоти зиёд моро иҳота кардааст, вале бо риояи қоидаҳои карантин дар чунин шароит кору зиндагӣ карданро мардуми мо бояд омӯзанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай афзуд, ки бо истифода аз беҳбуди вазъи эпидемиологӣ бояд қоидаҳои карантин бо маром нарм карда шаванд, зеро иқтисодиёти мамлакат ва ҳаёти аҳолӣ аз он ба хисороти ҷиддӣ мувоҷеҳ шуданд.
Дарвоқеъ, баъди нармшавии қоидаҳои карантин дар рӯҳияи мардум низ дигаргунӣ эҳсос мешавад, аммо онҳо медонанд, ки нармшавии қоидаҳои карантин ҳеч касро аз масъулиятҳои қаблӣ озод намекунад.
Дар Ӯзбекистон ҳанӯз парвози хатисайрҳои байналмилалӣ ва ҳаракати қаторҳо барқарор нашудаанд. Танҳо хатсайрҳои чартерӣ ва қаторҳо шаҳрвандони ин кишварро аз хориҷа баргардониданд ва ин кор идома дорад.
Ширкати ҳавонавардии Uzbekistan Airways рейсҳои байналмилалӣ ва як қатор рейсҳои дохилии худро аз 16 август то 1 сентябр мутаваққиф сохтааст. Гуфта мешавад, ҳанӯз вазъияти эжпидемиологӣ дар баъзе кишварҳо ва марказҳои маъмурии соири вилоятҳои Ӯзбекистон ҷорӣ кардани чунин маҳдудиятҳоро тақозо менамоянд.
Дар ин кишвар бори нахуст 2 сентябр ба ҷои он ки таҳсил дар мактабҳои олӣ оғоз ёбад, имтиҳонҳои дохилшавии тестӣ баргузор мегарданд ва он 14 рӯз давом хоҳад кард. Барои баргузории имтиҳонҳо тамоми чораҳои амниятӣ дида шудаанд ва он бо риояи қоидаҳои карантин роҳандозӣ хоҳад шуд.
Барои ин кор бештар аз ҳазор нафар низомӣ ва кормандони Гвардияи миллӣ ҷалб карда шудаанд.
Баргузории маросимҳои хурсандии мардум низ тибқи қоидаҳои қаблан эъломшуда баргузор карда мешаванд. Теъдоди иштирокчиёни он 30 нафар муқаррар шудааст ва ин маросимҳо дар хонаҳо баргузор мегарданд.
Тавре вазири беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯяд, қаблан қоидаҳои карантин нарм карда шуд, аммо одамони зиёд ин маъниро дарк накарданд ва ба маросимҳои хурсандии худ одамони зиёдро даъват намуданд.
— Танҳо дар чор тӯйи арӯсӣ 110 нафар ба ин беморӣ сироят шуданд. Гузашта аз ин, дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд як сокини он ба як тӯйи худ се маротиба 30-нафарӣ меҳмон даъват кардааст. Дар натиҷа 79 нафар иштирокчии ин маросим аз коронавирус сироят шудаву ба бемористон интиқол ёфтанд, — гуфт Алишер Шодмонов.
Вай тақозо намуд, ки танҳо дар сурати риояи қоидаҳои карантин ва лимити муқарраршуда аҳолӣ метавонад маросимҳои худро баргузор намояд.
Вазъияти эпидемиологӣ дар Ӯзбекистон ҳанӯз ба эътидол наомадааст. Барои ҳамин 16 август 40 нафар пизишк аз Русия тавассути ҳавопаймо ба Ӯзбекистон омаданд, ки барои барқарор намудани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар ёрӣ хоҳанд расонд. Гуфта мешавад, ки дар муддати як моҳ ин пизишкон ҳамроҳи ҳамтоёни ӯзбекистонии худ ба муқобили пахши пандемияи коронавирус мубориза мебаранд.
Интизор меравад, ки ин пизишкон ғайр аз Пажуҳишгоҳи илмиву тадқиқотии эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин ба беморхонаҳо ва клиникаҳои махсус, воқеъ дар соири шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон низ мераванд ва барои рафъи ин мушкил ба ҳамтоёни худ дасти кумак дароз мекунанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд