Аъзои ҳайати нозирони ИДМ эълом карданд, ки маъракаи пешазинтихоботӣ дар ин кишвар дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст. Ба ақидаи аъзои ин ҳайат тарғиботҳои пешазинтихоботии депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ниҳодҳои маҳаллӣ дар чаҳорчӯби қонунгузориҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ мегузаранд.

Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳи маҳдуди нозирони ИДМ таҳти раёсати Екатерина Голоулина дар Ӯзбекистон қарор доранд. Гуфта мешавад, ки онҳо аз қитъаҳову ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои дилхоҳи худ боздид ба амал меоваранд, бо аъзоёни комиссияҳои он дар бораи тартиби баргузории интихобот ва раъйдиҳии мардум саволу ҷавоб карда, раванди маъракаҳои пешазинтихоботиро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Ахиран, ин ҳайат роҷеъ ба натиҷаи мушоҳидаҳои худ Комиссияи марказии интихоботро огоҳ намуд ва бо ироаи як ҳисобот ибрози қаноатмандӣ кардааст, ки ҳамаи талабот риоя мешаванд ва Ӯзбекистон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ комилан омода мебошад.

Бино ба гуфтаи Екатерина Голоулина, ҳайати нозирони ИДМ 17-уми декабр дар таркиби пурра вориди Ӯзбекистон хоҳанд шуд ва ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро назорат хоҳанд кард.

Муовини раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Маҳмуд Истамов тайи як нишасти хабарӣ перомуни  натиҷагириҳои нозирони ИДМ  ибрози назар кард ва аз ҷумла гуфт:

— Дарвоқеъ, ҳар як пешниҳоди ҳайати нозирони ИДМ қобили пазириш мебошад. Аъзои он аз кам будани шиору плакатҳои иловагӣ доир ба интихоботҳои қарибулвуқӯъ, теъдоди акси номзадҳои пешбаришудаи аҳзоби сиёсӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо моро огоҳ намуданд ва талош ба харҷ додем, ки ин камбудиҳоро дар суръати тез бартараф намоем.

Гуфта мешавад, ки ин ҳайат то баргузории интихоботҳо раванди омодагириҳо ба интихоботҳои парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллиро мониторинг мекунад.

Муовини Додситони кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон Светлана Ортиқова дар ин нишасти хабарӣ иброз намуд, ки онҳо ба ҳар як хабару гузориши воситаҳои ахбори омма, ки аз хусуси қонунвайронкуниҳои пешазинтихоботӣ нашр мешаванд, вокуниши саривақтӣ нишон медиҳанд.

— Дар вилояти Сурхондарё ҳуқуқи бархе аз интихобкунандагон поймол шудааст. Мо додситони вилоятро муваззаф сохтем, ки ин масъаларо пайгирӣ кунад ва ҳуқуқи интихобкунандагонро барқарор намояд. Ҳамчунин аз он ҳол ҷилавгирӣ намудем, ки дастандаркорони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба раванди интихоботҳо таъсир расонида натавонанд,-гуфт Светлана Ортиқова.

Боиси зикр аст, ки ин нишасти хабарӣ тавассути шабакаҳои “Ӯзбекистон 24”, “Ҷавонӣ” ва “Ӯзрепорт” ба таври мустақим намоиш дода шуд. Гуфта мешавад, ки то анҷоми интихоботҳо нишастҳои хабарӣ мустақим пахш хоҳанд шуд.

— Чунин пахши намоишҳои мустақим аз нишастҳои хабарӣ дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ шояд барои Ӯзбекистон нахустин таҷриба ба шумор меравад. Аммо мислашро мо дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мушоҳида накардаем. Бешак, ин кишвар шиори “Ӯзбекистони нав-интихоботҳои нав”-ро дар ҳаёт татбиқ менамояд ва, ба ин васила, барои интихобкунандагон имкон фароҳам меорад, ки ба тарафдории номзадҳои дилхоҳашон овоз диҳанд,-мегӯяд хабарнигори “Форснюз” Шералӣ Авезметов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here