Комиссияи махсуси ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус мӯҳлати қарантинро дар Ӯзбекистон то 1 июн тамдид кард. Ҳамзамон аз аҳолии шаҳру ноҳияҳо тақозо мегардад, ки бидуни зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳо набароянд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар як ҷамъомад, ки аз тариқи видеоӣ сурат гирифтааст, таъкид кардааст, ки бояд вазъияти эпидемиологӣ ҷиддан таҳти назорат қарор дода шавад.

Ба гуфтаи Мирзиёев  талабу қоидаҳои қарантин марҳала бар марҳала нарм карда мешавад. Гузашта аз ин, бо истифода аз ҳамин усул фаъолнокии иқтисодӣ низ бо маром эҳё мегардад, ҷиҳати идомаи шуғл ва ба даст овардани даромад ба аҳолии кишвараш шароити созгор низ фароҳам оварда мешавад.

Дар ин ҷамъомад сарвари давлати Ӯзбекистон аз он интиқод кардааст, ки озодиҳои дар давраи қарантин додашударо дар баъзе минтақаҳо нодуруст дарк кардаанд. Хосатан, ҷавонони зиёд бидуни зарурат дар кӯчаву хиёбонҳо мегарданд, ки ин ҳол хилофи қоидаҳои қарантин мебошад.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев маҳз бар асари ҳамин гуна бемасъулиятиҳо теъдоди одамони ба бемории коронавирус сироятшуда ҳанӯз коҳиш наёфтааст. Вазъият аз тамоми аҳолӣ ҳушёриву зиракии иловагиро тақозо мекунад.

Комиссияи махусуси ҷумҳуриявӣ маҳз бар ҳамин асос эълон кардааст, ки дар Ӯзбекистон қоидаҳои қарантин то 1 июни соли равон тамдид карда мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ  теъдоди умумии сироятшудагони коронавирус дар Ӯзбекистон 2645 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор  2136 нафар ё 80 дарсади беморон саломатии худро барқарор намудаанд, аммо бар асари ин беморӣ  11 нафар ҷон додаанд.

Комисси махсус дар пайи ин аз 18 май барои парвози ҳавопаймоҳое иҷозат медиҳад, ки аз шаҳри Тошканд ба шаҳрҳои Нукус, Урганҷ ва Тирмиз парвоз мекунанд.

Ҳамчунин, аз шаҳри Тошканд ба шаҳрҳои Навоӣ, Бухоро, Қаршӣ ва вилоятҳои водии Фарғона қатори босуръати “Афросиёб” мусофиронро бурда меорад. Гуфта мешавад, аммо дар ҳамаи ин ҳолатҳо қоидаҳои қарантин бояд ҷиддан риоя карда шаванд. Ҳамзамон, талаб карда мешавад, ки ин қаторҳо барои ҳамлу нақл аз теъдоди ҳадди ақали мусофирон истифода кунанд.

Ин тартиб як вақти муайянро дар бар мегирад, аммо вайронкунандагони қоидаҳои қарантин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

Аллакай дар ин давра ба ҳунармандони алоҳида, сервисҳои хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти кишоварзӣ, таъмири воситаҳои электронӣ ва алоқа,  хадамоти иҷоравӣ, лизинг ва муҳосиба, фаъолиятҳои риэлторӣ, реклому маркетинг, агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ, ошхонаҳои меҳмонхонаҳо, боғҳои истироҳат, варзишгоҳҳои болояшон кушод, хизмати компютарӣ ва табъу нашр, осорхонаҳо, хадамоти ветеринарӣ, ободонӣ ва амсоли он иҷоза дода мешавад, вале бояд дар ҳама ҷо ба ҳамаи меъёрҳои қарантин риоя карда шавад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here