Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Бухоро рафт. Вай  аз ноҳияҳои Олот ва Қарокӯл боздид намуд, ки аз боду тӯфони сахт нисбат ба минтақаҳои дигари ин вилоят бештар осеб дидаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми апрели соли равон бар асари шамолу тӯфони шадид дар Бухоро як нафар ба ҳалокат расидаву теъдоди зиёди одамон захмҳои гуногун бардоштаанд. Ҳамчунин, шамол ба воситаҳои нақлиёти давлативу шахсӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, киштзорҳои хоҷагиҳои фермерӣ ва аҳолӣ зарари ҷиддӣ ворид кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин тӯфон аз тарафи марзи Туркманистон ба ҷониби Ӯзбекистон вазидааст ва боиси хисороти ҷониву молӣ шудааст. Шавкат Мирзиёев зимни сафари Бухоро аз минтақаҳои зарардида боздид доштааст. Вай  бо таассуф зикр кардааст, ки чунин ҳодисаи табиӣ қаблан дар кишвараш ба қайд гирифта  нашудааст.

— Мардуми мо санҷишҳои вазнинро паси сар кардаанд. Мо набояд руҳафтода шавем, он гоҳ оқибатҳои ин офатро низ дар дастаҷамъӣ ва бо бурдборӣ хеле зуд бартараф хоҳем кард, — гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон мегӯяд, бо дастури Шавкат Мирзиёев барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here