Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми суҳбати телефонӣ бо Садир Ҷапаров ӯро бо ғалабаи комилаш дар интихоботи президентии Қирғизистон ва ворид кардани тағйирот дар Конститутсияи ин кишвар аз тариқи референдум самимона муборакбод намуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои рӯйдодҳои ахири сиёсӣ дар Қирғизистон барои таъмини субот, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардуми он ва рушди устувори ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон Садир Ҷапаров ба Шавкат Мирзиёев ва мардуми сермиллати Ӯзбекистон ҷиҳати расонидани кумакҳо барои рафъи оқибатҳои коронавирус ба кишвараш ибрози сипос кард.

Зимни суҳбати телефонӣ, ҳамзамон, масъалаҳои мубрами рӯзонаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ низ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки соли равон бояд ба давраи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, ҳамсоядории нек, эътимод ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон мубаддал шавад ва ду кишвар ҳамкориҳои худро бештар тавсеа бахшанд.

— Мо, қалб аз ҳама, самаранокии корҳои муштаракамон оид ба таъйини марзҳои давлатӣ, зиёд кардани ҳаҷми табодули мол, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, барқ ва кишоварзӣ, доман фарох намудани робитаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи башардӯстона, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавӣ перомуни рушди коммуникатсияи самарабахши нақлиёт ва ҷанбаҳои дигар муваффақ шавем, -гуфтааст дар суҳбати телефонӣ Шавкат Мирзиёев ва Садир Ҷапаров.

Ёдовар мешавем, ки Садир Ҷапарови 52-сола президенти шашуми Қирғизистон интихоб шуд. Вай дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ, ки пас аз эътирозҳои зиёди моҳи октябри соли 2020 дар ин кишвар баргузор гардид ва президент Сооронбой Ҷеенбековро ба истеъфо фиристод, бо 81 дарсади овозҳои интихобкунандагон ба ин пирӯзӣ расид.

Президенти ба тозагӣ интихобшудаи Қирғизистонро тарафдоронаш аз зиндон озод карда буданд. Вай ба ёздаҳуним соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Садир Ҷапаров нахуст ба намоишҳои эътирозӣ роҳбарӣ карда,  мақоми нахуствазири кишварашро ишғол кард ва дар як вақт ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи президент фаъолияти худро идома дод.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here