Ин қарор “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” унвон гирифтааст. Дар қарори мазкур ривоҷ додани тамоми соҳаҳо дар мадди назар мебошанд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, пуштибонӣ аз соҳибкорӣ, ривоҷи кишоварзӣ ва чорвопарварӣ, роҳу нақлиёт, беҳбуди шароити манзили аҳолӣ, ободонӣ, таъмини базаҳои моддӣ-техникии таълим ва беҳдоштӣ, таъмин бо шуғл ва амсоли он дар қарор зикр ёфтаанд.

Мувофиқи ин қарор соли 2020 бошандагони ноҳияи Сӯх аз супурдани андози молу мулк ва замин озод карда шуданд. Ставкаи андоз барои соҳибкорон ва шахсони воқеӣ то 31-уми июли соли 2021-ум  50 дарсад муқаррар карда шуд.

Дар айни ҳол, Вазорати молияи ин кишвар муваззаф мебошад, ки ба аҳолии ноҳияи Сӯх барои сохтани манзил ҷудо кардани қарзҳои ипотекаро таъмин кунад.

Дар ноҳияи Сӯх майдони ҳавоӣ сохта шуда, ҳавопаймоҳои кучак ва чархболҳо  дар хати сайри Фарғона-Сӯх мардумро бо нархи арзон интиқол медиҳанд.

Барои аҳолии ноҳияи Сӯх дар ноҳияҳои Ёзёвон, Қӯштепа, Бағдод, Риштон ва Бувайдаи вилоят барои шуғл ба деҳқонӣ замин ҷудо карда мешавад ва онҳо бар асоси кредитҳои ипотека манзил харида метавонанд.

Ҳамчунин, шахсони бекормондаи ноҳияи Сӯх дар объектҳои сохтмонии шаҳри Тошканд ба кор ҷалб карда мешаванд.

Президент Шавкат Мирзиёев таҳти раёсати нахуствазири ин кишвар Абдулло Арипов як гурӯҳи корӣ таъсис додааст, ки иҷрои ин қарорро таъмин ва раванди корҳоро назорат мекунанд.

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона аз чор тараф дар иҳотаи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Аҳолии онро бештар аз 80 ҳазор нафар мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 31 майи соли равон бар асари як задухӯрди миёни мардуми ноҳияи Сӯх ва ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон наздики 200 нафар сокини он ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ду ҳавлии назди марзии онҳо аз тарафи ҳамсояҳо ба коми оташ дода шуд.

Шабона нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба ин ноҳия омад ва бо мардум мулоқоти ошкоро баргузор намуд. Мардум мушкилоти худро матраҳ карданд.

Солҳои дароз ба ин сӯ мардуми ноҳияи Сӯх зимни равуо ба маркази вилоят аз дасти қирғизҳои ҳамсояи худ азият мекашанд. Танҳо як посгоҳи марзии Қирғизистон барои ин равуо боз аст. Гузаргоҳҳои Риштон-Сӯх, Сариқурғон-Сӯх аз соли 2013 ба ин сӯ масдуд мебошад.

Мардуми Сӯх дар мулоқот бо нахуствазир Арипов талаб карданд, ки бо ҷониби қирғиз музокира намояд ва тамоми роҳҳои равуо ба маркази вилоятро ба рӯи онҳо кушояд.

Баъди ин мулоқот роҳбарони вазоратхонаҳову идораҳои зиёд аз Тошканд ва вилоят ба ноҳияи Сӯх омаданд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ва инфиродӣ чанд муддат масъалаҳои доғи мардуми ин ноҳияро мавриди таҳқиқ қарор доданд.

Дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёди ободонӣ ва ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ ба роҳ монда шуданд. Роҳҳои дохилӣ мумфарш мегарданд, барои бо оби обёрӣ ва нӯшиданӣ таъмин кардани киштзорони аҳолӣ  ва мардум аллакай чанд насоси барқӣ насб карда шуданд.

Ногуфта намонад, ки бо иқдоми президент Шавкат Мирзиёев 500 нафар ҷавони ноҳияи Сӯх, ки мактабҳои таълимоти умумиро ба забони тоҷикӣ хатм кардаанд,  бидуни пардохти пули шартнома соли равон ба таҳсилоти олӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.

Қисмати боқимондаи хоҳишмандон мувофиқи холҳои ба даст овардаашон дар радифи даъвогарони дигар ба донишгоҳҳо аз роҳи пардохти пули шартнома дохил хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди ин, мардуми ин ноҳия аз мақомоти кишвари худ  ҳамоно талаб мекунанд, ки бо мақомоти қирғиз гуфтушунид ба роҳ монанд ва аз онҳо тақозо кунанд, ки пеши оби чашмаҳоро кушоянд, зеро ҳазорҳо сол ба ин сӯ оби ин чашмаҳоро нӯшидаву киштзорони худро обёрӣ карда омадаанд.

Талаби дигари мардуми ноҳияи Сӯх барои равуои бемонеаи онҳо кушодани роҳи мустақим аз тариқи марзи Қирғизистон мебошад, аммо то ҳалли масъалаи мазкур тақозо доранд, ки қирғизҳои ҳамсоя ду гузаргоҳи масдудро боз намоянд ва ҳангоми равуо ходимони марзбонӣ, гумрук ва милисаи ин кишвар онҳоро мавриди азият қарор надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби қирғиз борҳо эълон намудааст, ки дар кушодани ду гузаргоҳ барои мардуми ноҳияи Сӯх ҳаргиз саросема нахоҳанд шуд, зеро қонуну қоидаҳои ҳузури Қирғизистон дар Созмони иқтисодии АвруОсиё ба иҷрои ин иқдом роҳ намедиҳад.

Коршиносон мегӯянд, интизор меравад, ки ин ҳол мақомоти Ӯзбекистонро барои  пеш гирифтани роҳҳои иловагии ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои мардуми ноҳияи Сӯх водор намудааст. Ба ақидаи коршиносон судури қарори вижаи президент Шавкат Мирзиёев “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” маҳз ба ҳамин ҳол бастагӣ хоҳад дошт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here