Танҳо дар шабонарӯзи охир теъдоди ба бемории коронавирус сироятшудагон 498 нафарро ташкил додааст. Ҳоло теъдоди умумии беморони ба ин вирус сироятшуда ба 18 ҳазору 379 нафар расидааст. 8 ҳазору 409 нафари онҳо мавриди муолиҷа қарор доранд ва 9 ҳазору 872 нафар саломатии худро барқарор намудаанд.

Ин матлабро тайи як брифинг дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон эълом кард. Маълум шуд, ки шаҳри Тошканд аз рӯи сироят ба ин беморӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва 131 нафар сокини он дар ду шабонарӯзи гузашта ба ин беморӣ сироят шудаанд. Дар феҳрасти мазкур вилояти Андиҷон бо 61 нафар, вилояти Сурхондарё бо 50 нафар, вилояти Бухоро бо 47 нафар, вилояти Қашқадарё бо 19 нафар, вилояти Намангон бо 16 нафар, вилояти Хоразм бо 13 нафар ва вилояти Самарқанд бо 8 бемор паси ҳамдигар ҷой гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки 22-юми июл 321 нафар баъди барқароршавии саломатиашон ба хонаҳои худ баргаштанд. Аммо ҳолати 102 нафари беморон вазнин ва 27 нафари онҳо хеле вазнин мебошад. Теъдоди фавтидагон то субҳи 23-юми июл 98 нафарро ташкил мекунад.

Бино ба хабари Комиссияи ҳукуматии мубориза бо нахши коронавирус бо сабабҳои гуногун 1 ҳазору 706 нафар бемор дар хонаҳояшон муолиҷа мешаванд. Пизишкон муваззаф шудаанд, ки аз ҳоли онҳо хабар гиранд ва онҳоро бо дорувори зарурӣ таъмин кунанд.

Дар рӯзҳои охир мардуми зиёд аз хизмати бади мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ибрози норизоӣ кардаанд. Мақомоти марбута маҷбур шудаанд, ки дар пайи дархости мардум чораҷӯӣ намоянд ва теъдоди мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”-ро ба карат афзоиш диҳанд.

Дар Ӯзбекистон 20-уми июл қабули ҳуҷҷатҳои даъвогарон ба макотиби олӣ ба охир расид. Дар ин миён вақти имтиҳонҳои қабул низ фаро мерасад. Дар ин самт ҷавононе, ки ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурдаанд, чиҳоро интизор метавонанд шуд?

Ба ин савол Барно Раҷабов, сардори садорати Маркази давлатии тести ҷумҳурӣ посух дод. Вай гуфт, ки аз рӯи ба таъвиқ гузоштани имтиҳонҳои қабул Маркази тести ҷумҳурӣ пешниҳодҳои худро ироа кардааст.

— Ҳар вақт, ки маҳдудиятҳои карантин лағв карда шаванд, он гоҳ имтиҳонҳои қабул оғоз меёбанд. Агар ин маҳдудиятҳо то 15-уми август ё 1-уми сентябр давом кунанд, имтиҳонҳои қабули тестӣ маҳз баъди лағви ин маҳдудиятҳо оғоз хоҳанд ёфт,- иброз дошт Барно Раҷабов.

Дар айни ҳол биноҳое, ки барои баргузор намудани имтиҳонҳои тестӣ муқаррар шуда буданд, ба ихтиёри Вазорати беҳдоштӣ гузаштаанд. Аз ҷумла, Маркази намоишгоҳҳои маводи содиротии Ӯзбекистон — “Ӯзэкспомарказ”, ки соҳибкорони дохиливу хориҷӣ маводи худро ба намоиш мегузоранд, барои қабули 500 нафар бемор ихтисос дода шудааст.

Ҳамчунин як қатор биноҳои дигар, ки он ҷо баргузор намудани имтиҳонҳои қабул мадди назар дошта мешуд, то лағви муддати карантин ба маркази санҷиши шахсони дар сирояти вируси беморӣ гумонбар табдил ёфтаанд.

Ташаннуҷи авзоъи эпидемиологӣ дар пойтахти ин кишвар мақомоти ин шаҳрдориро ба нигаронии ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст. Маҳз бар ин асос шаҳрдорӣ эълом кардааст, ки барои навбатдорӣ дар марказҳои муолиҷавӣ аз бемории коронавирус ба нерӯи кории мутахассисони соҳаи тиб ниёз дорад.

Гуфта мешавад, шаҳрдорӣ дар муддати 15 рӯз ба ҳар як пизишк 15 миллион сӯм, ба ҳамшираи шафқат 10 миллион сӯм, ба ходимони хурди тиббӣ ва ихтиёриёни дигар 5-миллионсӯмӣ маош пардохта мекунад. Онҳо дар ин марказҳо 8 соат машғули кор шуда, 4 соат истироҳат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзмарра тавассути шабакаҳои радиову телевизион, ҳамчунин баландгӯякҳо аз мардум даъват карда мешавад, ки бидуни зарурат аз хонаҳои худ берун набароянд.

Мувофиқи тартиби нави ҷоришуда, ки аз 10-уми июл аз сар гирифта шуд, аз соати 7-и субҳ то 10 ва аз соати 5-и бегоҳ то 8 ба ҳаракати нақлиёти шахсӣ ва ба кӯчаву бозорҳо баромадани аҳолӣ иҷоза дода шудааст. Баъди он ҳаракати мошинҳои шахсӣ, ки иҷозаномаи хос надоранд ва бидуни зарурат ба кӯчаву бозор баромадани аҳолӣ мамнуъ мебошад.

Ҳамчунин баргузор намудани ҳар гуна маросиму тантанаҳои хурсандӣ низ то лағви маҳдудиятҳои нави ҷоришудаи карантин дар саросари ин кишвар манъ карда шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here