Сардори идораи давлатии санитарӣ-эпидемилогии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков мардуми кишварашро ҳушдор додааст, ки агар ба қоидаҳои ҷоришудаи карантин қатъӣ риоя накунанд, дубора хонашин хоҳанд шуд.
— Вазъият ҳанӯз ба эътидол наомадааст ва бояд ҳамаи шумо ба қоидаҳои карантин қатъӣ риоя намоед, дар акси ҳол қоидаҳои пурзӯри карантинро дубора хоҳем кард. Шуморо огоҳ карданиам, ки дар сурати бетафовутӣ метавонед дубора хонашин шавед,-изҳор кардааст Нурмат Отабеков.
Дар ҳамин ҳол бозори умдафурӯшии “Ӯрикзор”-и шаҳри Тошканд, ки бештар ба фурӯши маводи хӯрокворӣ машғул аст, мувақаттан баст шуд. Гуфта мешавад, ки зимни таҳқиқоти пизишкӣ дар ҷисми яке аз фурӯшандагони дӯкони маводи ғизоии ин бозор сирояти коронавирусро муайян кардаанд.
Баъд дар бозори мазкур 789 шаҳрванд мавриди ташхис қарор гирифтаанд. Ҳамчунин ашхосе, ки бо нафари сироятшуда аз наздик мулоқот кардаанд, тибқи қоидаҳои ҷоришуда барои 14 рӯз ба карантин гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи Нурмат Отабеков ҳанӯз дар миёни аҳолии кишвараш одамони ба коронавирус сироятшуда ба қайд гирифта мешаванд.
-Ин ҳол шаҳодат бар он аст, ки касе кафолат дода наметавонад дар атрофамон одамони ба коронавирус сироятшуда нестанд. Барои ҳамин нармшавии қоидаҳои карантинро нодуруст нафаҳмед ва ҳамеша фосилаи байни ҳамдигарро риоя кунед, бидуни зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо набароед,-таъкид варзидааст Нурмат Отабеков.
Дарвоқеъ, сӯистеъмол шудани нармшавии қоидаҳои карантин аз тарафи одамони бетафовут Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо пахши коронавирусро маҷбур кардааст, ки домони чораҷӯиҳои гирифтани пеши сирояти ин вирусро фарохтар созанд.
Аз мардум ҳамеша тақозо мегардад, ки якдигарро ба оғӯш нагиранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирдиҳам наоянд, дастонашонро дар ҳар ним соат бо собун шуста истанд.
“Фосилаи байни коронавирус ва марг ҳамагӣ як қадам аст” арзёбӣ мекунанд мутахассисон.
Дар айни ҳол теъдоди сироятшудагони коронавирус дар Ӯзбекистон аз 3180 нафар иборат буда, 4 бемори нав дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, 3 нафар ронандагони мошинҳои боркашон(2 нафари онҳо шаҳрвандони Украина), 2 нафар кормандони гумруки гузаргоҳҳо, 5 нафар сокинони вилояти Самарқанд, 4 нафари дигар ашхосе, ки аз дигарон сироят шудаанд, як нафар бемор дар миёни аҳолӣ пайдо шудааст. 6 нафар беморро дар байни одамоне пайдо кардаанд, ки Маркази карантин фаро гирифтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон аз шумори умумии сироятшудагони коронавирус 2565 нафар саломатии худро барқарор кардаанд, 602 нафар мавриди муолиҷа қарор доранд, ҳолати 3 нафар хеле вазнин арзёбӣ мегардад, 13 нафар аз сирояти ин вирус ҷон бохтаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд