Шавкат Мирзиёев мардуми кишварашро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод намудааст ва ба онҳо сулҳу субот, бахту содати хонаводагӣ ва комёбиҳо таманно кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин манбаъ, сарвари давлати Ӯзбекистон моҳи шарифи Рамазонро барои мардуми кишвараш ид унвон кард. Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев бо вуҷуди ба сари мардум омадани мушкилоти ҷиддӣ моҳи Рамазон дар хонаводаҳо ва дили мардум хурсандиву шодмониҳоро лабрез хоҳад кард.

Президенти Ӯзбекистон тамоми мардуми мусалмони дунёро низ бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намудааст. Вай зимнан аз даргоҳи Худованд хостааст, ки дар ин моҳ тамоми орзуву ормонҳои мардуми оламро бароварда созад ва офати ногаҳониро аз сари онҳо рафъ созад.

Дар Ӯзбекисон моҳи шарифи Рамазон аз 24-уми апрел оғоз меёбад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here