Дар Ӯзбекистон аз 15 август қоидаҳои қарантин нарм карда мешаванд. Баъди панҷ рӯзи он бозорҳои либос ва масолеҳи сохтмонӣ, мағозаҳои бузург, толорҳои варзишӣ, фитнесклубҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ дар ихтиёри шаҳрвандон қарор хоҳанд гирифт.

Аз 15 август ба нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан низ иҷозаи ҳаракати бемаҳдудият дода мешавад. Фаъолиятҳои фароғатгоҳҳо, пансионтаҳо, меҳмонхонаҳо, осорхонаҳо, фароғатгоҳ ва масканҳои солимгардонии кӯдакон, салонҳои зебоӣ, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ дар ҳавои кушод дубора барқарор мегарданд.

Барои хонаводаҳое, ки баргузор кардани тӯйҳо ва маросимҳои хурсандиро барномарезӣ кардаанд, иҷоза дода мешавад, ки онро дар доираи маҳдуд гузаронанд. Теъдоди иштирокчиёни он набояд аз сӣ нафар гузарад. Ин маросимҳо низ ба таври қатъӣ бо риояи қоидаҳои карантин роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.

Аз 17 август пешбинӣ шудааст, ки ҳаракати нақлиёти байнишаҳрӣ, автобусҳои хатсайри шаҳрӣ (ба истиснои метро) низ барқарор хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон то соати 23:30 дақиқаи шаби 12 август  теъдоди сироятшудагони бемории коронавирус дар ин кишвар ба 32 ҳазору 654 нафар расидааст. Аз ин шумор саломатии 25 ҳазору 659 нафар барқарор шудааст. 1 ҳазору 375 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Аз оғоз то кунун бар асари сирояти ин беморӣ 211 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон додаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here