Ҷамъияти саҳҳомии «UZAUTO MOTORS» ба Тоҷикистон чанд адад мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и морки Damas фиристод. Ин мошинҳо дар рӯзҳои барои Тоҷикистон басо вазнину ногувор дар чаҳорчӯби кумакҳои башардӯстона интиқол дода шудаанд.

Дар ин бора хабаргузории “Дунё” дар истинод ба дафтари матбуоти ин ширкат хабар додааст. Гуфта мешавад, ки тавассути мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”-и бо тамоми воситаҳои иловагии ҳимоякунии персунали таббӣ муҷаҳҳаз пизишкони тоҷик мубориза бо пахшу паҳншавии коронавирус дар кишвари худро тавсеа хоҳанд бахшид.

Бино ба иттилои хабаргузории “Дунё” ин мошинҳо бевосита ба тасарруфи Вазорати беҳдоштии Тоҷикистон тақдим гардидаанд.

9 апрели соли равон Ӯзбекистон бо супориши Шавкат Мирзиёев бори нахуст ба Тоҷикистони ҳамҷавор як қатори ҳомили кумакҳои башардӯстона фиристода буд. Ин кумак низ ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус дар Тоҷикистон ихтисос ёфта буд.

Маводи ин кумаки башардӯстона аз либосҳои махсуси тиббӣ, айнакҳо, маҳлули гидрохлориди натрий, респираторҳо, дастпӯшакҳо, пирометрҳо, ҳамчунин  халтаҳои орд иборат буд.

Ин қатор аз тариқи вилояти Сурхондарё вориди марзи Тоҷикистон шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here