Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба шаҳрҳои бузурги Бухоро ва Самарқанд хатсайрҳо кушояд. Дар ин бора АИ «АП» дар такя ба маълумоти манбааш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ ин пешниҳод омӯхта мешавад ва дар рӯзҳои наздик ҷониби Тоҷикистон тасмими худро сари ин масъала мегирад. Манбаъ бо дилпурӣ гуфтааст, ки посухи Тоҷикистон сари ин пешниҳод мусбат хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон моҳи апрели соли гузашта хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошкандро ба роҳ монда буд. Парвозҳо ба ду ҷониб аз соли 1992 қатъ шуда буданд.