АИ «АП» аз қавли сардори маркази матбуоти КДАМ Тоҷикистон, подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, ки айни замон корҳои поккории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мина дар самти шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд ҷараён дорад. Дар тозакунии сарҳад аз мина ба минатозакунон (сапёрон)-и ӯзбек мутахассисони тоҷик ёрӣ мерасонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс”

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз оғози корҳои поккории марз аз мина гурӯҳи муштараки ҳукуматҳои ҳарду кишвар, ки ба он намояндагони Қушӯнҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиа ва Маркази миллии масоили минаи Тоҷикистон шомил буданд, бо харитаи аз ҷониби Тошканд пешниҳодшуда дар бораи қитъаҳои минкоришудаи сарҳад шинос шуданд.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дар бораи айни замон боқӣ мондани минаҳо маҳз дар кадом қитъаҳои сарҳад махфӣ боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 корҳои аз мина безарар гардонидани сарҳади умумиро ба итмом мерасонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here