Бо супориши Президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон 28-уми март аз Чин 200 ҳазор системаи ташхисии вирусӣ ва 500 ҳазор таҷҳизоти яквақтаи тиббӣ харидорӣ кардааст.

Бино ба иттилои котиботи президенти Ӯзбекистон, вазни умумии бори тиббии бо ҳавопаймои ҳарбӣ овардашуда 20 ҳазор тонна будааст.

Ғайр аз он, мувофиқи қарори дахлдори Девони Вазирон имрӯз Ӯзбекистон бо маблағи 16 миллиард сӯми  ӯзбекӣ ва иловатан 3-юми апрел бо харҷи 45 миллиард сӯм таҷҳизот мехарад.

Дар ҳамин самт сафоратхони Ӯзбекистон дар Пекин рӯзи 29-уми март хабар дода буд, ки омадани 30 табиби чинӣ ба Ӯзбекистон барои коҳиши вусъати каронавирус мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари Сарраёсати давлатии санитарии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков дар брифинги хабарӣ гуфт, “аз мутахасисони чинӣ мебояд истифода кард, на ин, ки аз онҳо тарсид”.

— Модоме Ҳукумати Чин ваъдаи кӯмак кардааст, пас бояд ба он бовар кард, — гуфт Нурмат Отабеков.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here