Дар Кипр нисбати ду бародари туркманистонї барои латукӯби ҳамватанашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои расонаҳо, Олтибой Қодиров ҳамватани худ Руслан Оруновро барои фиристодани паёмак ба ҳамсараш шадидан латукӯб кардааст.
Муноқиша миёни муҳоҷирони туркман шаби 28 октябр дар шаҳри Никосия, пойтахти Кипри Шимолӣ рух додааст. Олтибой ҳамроҳи бародари хурдиаш Русланро латукӯб карда, бинӣ ва устухони рӯяшро шикастаанд. Ба гуфтаи Олтибой, гӯё Орунов талош кардааст, ба воситаи паёмак бо ҳамсари ӯ – С. Ҷ. дӯст шавад.
Бино ба хабарҳо, полис дар натиҷаи шикояти ҷабрдида Қодировҳоро боздошт карда, дар ҳоли ҳозир, парвандаи онҳо барои баррасӣ ба суди Никосия ирсол шудааст.
Суди Никосия бародарони туркманро бар ивази замонатпулии 8-ҳазордолларӣ то поёни баррасии парванда озод карда, ҳамчунин шарт гузоштааст, ки аз Кипр берун нараванд.
Туркманистон Кипри Шимолиро эътироф намекунад, вале бештари муҳоҷирони туркман барои пайдо кардани кор ва даромад ба он ҷо сафар мекунанд.