Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент мизи мудаввар дар мавзӯи «Шакли идоракунии президентӣ» бо иштироки Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ғаффор, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин  устодону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита доир намуд.

Мизи мудаввар кори худро бо сурудани Суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшид.

Раиси Кумита Қосимзода Идигул Тағо кори мизи мудавварро номаи табрикотии Кумитаро ба ифтихори ин санаи муҳими сиёсӣ қироат намуд.

Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ғаффор низ ҳозиринро бо санаи фархундаи Рӯзи Президент шодбош гуфта, зимни суханронӣ зикр кард, ки сиёсати миллии ҳар кишвари соҳибистиқлол дорои хусусияти хоси худ буда, мазмуни асосии он дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ, рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум ва заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ, комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, «Рӯзи Президент», ки ҳамасола 16 ноябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ҷашнвораи муҳими сиёсиест, ки ба арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, ваҳдату Истиқлолияти пойдор, сулҳу салоҳ ва қадршиносӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор мегузорад.

Рӯзи Президент, ки заминаи пешрафти истиқлолияти сиёсӣ буда, барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ   мусоидат менамояд,   ҳар як соҳибватан бояд аз Пешвои муаззами миллат ифтихор дошта, парчамбардори Дирафши парафшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад.

Рунамоии «Шакли идоракунии президентӣ», маърузаи Яҳёева Моҳсафар, муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯзаҳои илмии донишҷӯдухтарони  Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита шунида шуда, қабули Меҳрномаи модарони тоҷик ба Пешвои муаззами миллат анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here